Луқо
12 Дар ин миён, вақте ҳазорҳо одамон ҷамъ омада, якдигарро фишор медоданд, Исо ба сухан оғоз намуда, аввал ба шогирдони худ гуфт: «Аз хамиртуруши фарисиён, яъне аз дурӯягӣ, эҳтиёт шавед.+ 2 Охир, ҳеҷ чизи ноошкоре нест, ки маълум нашавад, ва ҳеҷ сирре нест, ки ошкор нагардад.+ 3 Бинобар ин он чизе, ки шумо дар торикӣ гӯед, дар рӯшноӣ шунида мешавад, ва он чӣ дар хонаҳои худ пичиррос зада гӯед, аз болои бомҳо эълон мешавад. 4 Беш аз ин, эй дӯстон,+ ба шумо мегӯям: аз кушандагони ҷисм, ки зарари бештаре расонда наметавонанд, натарсед.+ 5 Лекин ман ба шумо мегӯям, ки аз кӣ тарсидан лозим аст: аз Оне тарсед, ки баъд аз куштан қодир аст ба водии Ҳиннӯм* партояд.+ Оре, ба шумо мегӯям, ки аз Ӯ тарсед.+ 6 Магар панҷ гунҷишкро ба ду тин* намефурӯшанд? Бо вуҷуди ин ягонтои онҳо аз назари Худо пинҳон нест*.+ 7 Ҳар як тори мӯйи шумо бошад, шумурда шудааст.+ Натарсед: шумо аз гунҷишкҳои зиёд пурарзиштаред.+
8 Ба шумо мегӯям: ҳар касе, ки маро дар пеши одамон эътироф кунад,+ Фарзанди одам низ ӯро дар пеши фариштагони Худо эътироф мекунад.+ 9 Вале касе дар пеши одамон аз ман рӯ гардонад, Фарзанди одам низ дар назди фариштагони Худо аз ӯ рӯ мегардонад.+ 10 Ҳар касе, ки бар зидди Фарзанди одам сухане гӯяд, бахшида мешавад, аммо ҳар касе, ки бар зидди рӯҳи муқаддас куфр гӯяд, бахшида намешавад.+ 11 Вақте шуморо ба назди мардум*, ҳокимон ва соҳибқудратон бибаранд, ғам нахӯред, ки чӣ тавр худро ҳимоя кунед ва чӣ бигӯед,+ 12 зеро дар он соат рӯҳи муқаддас шуморо таълим медиҳад, ки чӣ гӯед».+
13 Дар он вақт аз байни мардум касе ба ӯ гуфт: «Устод, ба бародарам бигӯ, ки меросро бо ман тақсим кунад». 14 Исо дар ҷавоб гуфт: «Эй инсон, кӣ маро таъйин кардааст, ки дар байни шумо довар бошам ё чизу чораатонро тақсим кунам?» 15 Ӯ ба мардум гуфт: «Ҳушёр бошед ва аз ҳар гуна чашмгушнагӣ* дурӣ ҷӯед,+ зеро, одам чизу чораи бисёр дошта бошад ҳам, ин ба ӯ ҳаёт намебахшад».+ 16 Он гоҳ ӯ мисоле овард: «Киштзори як марди бой ҳосили фаровоне дод. 17 Ӯ дар дил андеша карда гуфт: “Чӣ кор кунам, охир, ман барои захира кардани ҳосил ҷое надорам?” 18 Сипас гуфт: “Чунин мекунам:+ анборҳоямро вайрон карда, калонтарашро месозам ва дар он ҷо тамоми ғаллаву дороии худро ҷамъ меорам 19 ва баъд ба худ мегӯям: “Барои солҳои зиёд дороии бисёре ҷамъ овардӣ. Акнун дам гир, бихӯр, бинӯш ва кайфу сафо кун”. 20 Аммо Худо ба вай гуфт: “Эй нодон, худи ҳамин шаб ҷонатро аз ту талаб мекунанд. Пас, он чӣ захира кардӣ, ба кӣ мемонад?”+ 21 Чунин аст ҳоли касе, ки барои худ ганҷ ҷамъ мекунад, аммо дар назари Худо бой нест».+
22 Пас аз ин Исо ба шогирдонаш гуфт: «Аз ин сабаб ба шумо мегӯям, ки дигар дар бораи ҳаёти худ, яъне чӣ хӯрдан, ё дар бораи бадани худ, яъне чӣ пӯшидан, ташвиш накашед.+ 23 Охир, ҳаёт аз хӯрок ва бадан аз пӯшок пурарзиштар аст. 24 Ба зоғон бодиққат нигоҳ кунед: онҳо на мекоранд, на медараванд ва на анборҳо доранд, бо вуҷуди ин Худо ризқу рӯзияшонро мерасонад.+ Наход шумо аз парандаҳо пурарзиштар набошед?+ 25 Кадоме аз шумо ташвиш кашида умри худро ақаллан каме* дароз карда метавонад? 26 Пас, агар аз уҳдаи чунин кори хурд набароед, дар бораи чизҳои дигар ташвиш кашидан чӣ лозим?+ 27 Ба савсанҳо бодиққат нигоҳ кунед, ки чӣ тавр месабзанд: онҳо на меҳнат мекунанд ва на мересанд, аммо ба шумо мегӯям, ки ҳатто Сулаймон бо ҳама шукӯҳаш мисли яке аз онҳо либос напӯшида буд.+ 28 Пас, агар Худо алафи саҳроро, ки имрӯз ҳасту пагоҳ ба оташ партофта мешавад, ин тавр пӯшонад, то чӣ андоза бештар шуморо, эй сустимонҳо, хоҳад пӯшонид! 29 Бинобар ин дигар ташвиш накашед, ки чӣ мехӯред ва чӣ менӯшед, ва дигар ғам нахӯред,+ 30 зеро халқҳои ҷаҳон аз пайи ҳамин чизҳо мебошанд, аммо Падари шумо ба ин чизҳо муҳтоҷ буданатонро медонад.+ 31 Пас, аз пайи Подшоҳии ӯ бошед ва ин чизҳо низ ба шумо дода мешавад.+
32 Натарс, эй рамаи хурд,+ зеро Падари шумо қарор додааст, ки Подшоҳиро ба шумо диҳад.+ 33 Он чӣ доред, фурӯхта, ба камбағалон тақсим кунед.+ Ҳамёнҳоеро ба даст оред, ки ҳеҷ гоҳ намедаранд, яъне дар осмон ганҷе ҷамъ кунед, ки ҳеҷ гоҳ тамом намешавад,+ чунки дузд ба он ҷо роҳ намеёбад ва куя онро намезанад. 34 Боигарии шумо дар куҷое бошад, дилҳоятон низ дар ҳамон ҷо мешаванд.
35 Миён баста,+ чароғҳоятонро фурӯзон нигоҳ доред.+ 36 Шумо бояд мисли касоне бошед, ки аз базми тӯёна+ омадани хӯҷаинашонро интизоранд,+ то, вақте ӯ омада, дарро мекӯбад, зуд онро кушоянд. 37 Хушбахтанд он ғуломоне, ки хӯҷаинашон омада, онҳоро бедор меёбад. Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки ӯ онҳоро дар сари дастархон мешинонад ва миён баста, ба онҳо хизмат мекунад. 38 Хушбахтанд он ғуломон, агар хӯҷаинашон нисфи шаб* ё ҳатто вақти бонги хурӯс* омада, онҳоро тайёр ёбад. 39 Вале ҳаминро бидонед, ки, агар соҳиби хона дар кадом соат омадани дуздро медонист, роҳ намедод, ки дузд ба хонааш дарояд.+ 40 Шумо низ тайёр бошед, зеро Фарзанди одам дар соате меояд, ки гумон надоред».+
41 Он гоҳ Петрус ба ӯ гуфт: «Ҳазрат, ин мисолро танҳо барои мо гуфтӣ ё барои ҳама?» 42 Ҳазрат ба ӯ гуфт: «Кист он назоратгари боваринок, он шахси боандеша, ки хӯҷаинаш ӯро бар хизматгорони худ таъйин мекунад, то ба онҳо ҳиссаи хӯрокашонро сари вақт диҳад?+ 43 Хушбахт аст он ғулом, агар хӯҷаинаш омада, вайро машғули ҳамин кор ёбад. 44 Ба ростӣ ба шумо мегӯям: ӯ он ғуломро бар тамоми молу мулки худ таъйин мекунад. 45 Лекин, агар он ғулом дар дил “хӯҷаинам ба ин зудӣ намеояд” гуфта, ғуломону канизонро бизанад ва хӯрдаву нӯшида мастигарӣ кардан гирад,+ 46 хӯҷаини он ғулом дар рӯзе, ки вай интизор нест, ва дар соате, ки вай намедонад, омада, ӯро сахт ҷазо медиҳаду ба назди хиёнаткорон мепартояд. 47 Он гоҳ он ғуломе, ки хости хӯҷаинашро мефаҳмиду барои омадани ӯ тайёр нашуд ё гуфтаи ӯро иҷро накард, шаттаи бисёр мехӯрад.+ 48 Вале оне, ки намефаҳмиду корҳои сазовори ҷазо мекард, камтар шатта мехӯрад. Бале, ба ҳар касе, ки бисёр дода шудааст, аз вай бисёр талаб карда мешавад ва ба ҳар касе, ки амонати бисёр супурда шудааст, аз вай бисёртар талаб мекунанд.+
49 Ман барои он омадам, ки дар замин оташ даргиронам, ва, ҳоло ки он фурӯзон аст, ба ман боз чӣ лозим аст? 50 Маро таъмиде* ҳаст, ки бояд бигирам, ва то ба анҷом расидани он ман чӣ қадар дар азобам!+ 51 Ба фикри шумо, ман барои он омадаам, ки ба замин сулҳ биёрам? Не, ба шумо мегӯям, ки на барои овардани сулҳ, балки барои овардани ҷудоӣ омадаам.+ 52 Минбаъд панҷ нафар дар як хона аз ҳам ҷудо мешаванд: се нафар муқобили ду нафар ва ду нафар муқобили се нафар. 53 Онҳо аз ҳам ҷудо мешаванд: падар бар зидди писар ва писар бар зидди падар, модар бар зидди духтар ва духтар бар зидди модар, хушдоман бар зидди келин ва келин бар зидди хушдоман мебарояд».+
54 Баъд ӯ ба мардум рӯ оварда, гуфт: «Вақте шумо мебинед, ки дар ғарб абр пайдо мешавад, ҳамон лаҳза мегӯед: “Борони сахт меборад”, ва суханони шумо ба амал меоянд. 55 Вақте шамоли ҷанубӣ мевазад, шумо мегӯед: “Ҳаво хеле гарм мешавад”, ва ҳамин тавр ҳам мешавад. 56 Эй дурӯягон, шумо ба осмону замин нигариста вазъи обу ҳаворо муайян карда метавонеду маънои воқеаҳои ҳозираро муайян карда наметавонед?+ 57 Пас, чаро худатон хулоса намекунед, ки кори дуруст кадом аст? 58 Вақте ки бо даъвогари худ ба назди ҳоким меравӣ, ҳаракат кун, ки дар роҳ масъаларо бо вай ҳал кунӣ, то ӯ туро назди довар набарад ва довар туро ба дасти посбон насупорад ва посбон туро ба зиндон напартояд.+ 59 Ба ту мегӯям: то даме ки қарзатро то тини* охирин адо накунӣ, аз он ҷо намебароӣ».