Забур
Таронаи Довуд.
103 Эй ҷонам, Яҳуваро ситоиш намо,
Эй тамоми ҳастиям, номи покашро васф бикун.
2 Эй ҷонам, Яҳуваро ситоиш намо,
Ҳеҷ як корашро фаромӯш накун.+
10 Ӯ бо мо мувофиқи гуноҳҳоямон амал накардааст+
Ва моро мувофиқи хатоҳоямон сазо надодааст,+
11 Зеро, ба андозае ки осмон аз замин баланд аст,
Меҳру вафои ӯ ба тарсгоронаш ба ҳамон андоза бузург аст.+
15 Умри инсони хокӣ мисли сабза аст,+
Ӯ мисли гули саҳро мешукуфад,+
16 Вале бод мевазаду он нест мешавад
Ва аз он дигар нишоне намемонад.
17 Аммо меҳру вафои Яҳува
Барои тарсгоронаш то абад аст+
Ва адолати ӯ ба фарзандони фарзандони онҳост,+
18 Бар онҳое, ки аҳди ӯро риоя мекунанд+
Ва фармудаҳои ӯро дар ёд дошта, ба ҷо меоранд.
20 Яҳуваро ситоиш кунед, эй ҳама фариштагони+ пурқудрати ӯ,
Ки сухани ӯро ба ҷо оварда,+ ба овозаш гӯш медиҳед.
22 Яҳуваро ситоиш кунед, эй ҳама амали дастҳояш,
Ӯро дар ҳама ҷое ки ҳукмронӣ мекунад, васф намоед.
Эй тамоми вуҷудам, Яҳуваро ситоиш намо.