Панднома
18 Одамгурез аз пайи хоҳишҳои худ аст,
Ӯ зидди фаҳму хирад рафтор мекунад.
2 Ба аблаҳ бофаҳм будан неву
Гапи дилашро гуфтан маъқул аст.+
3 Бадкор ки омад, бадбинӣ ҳам меояд
Ва бо беобрӯйӣ бадномӣ меояд.+
4 Суханони даҳони одам оби даруни чоҳ аст,+
Чашмаи хирад ҷӯйбори серобест.
5 Бадкорро тарафгирӣ кардан
Ва дар доварӣ ба росткор ноинсофӣ намудан хуб нест.+
8 Суханони туҳматгарро мисли луқмаҳои лазиз маза карда фурӯ мебаранд,+
Онҳо рост ба даруни одам мераванд.+
9 Танбал бародари вайронкор аст.+
15 Дили бофаҳм дониш ба даст меорад+
Ва гӯши хирадманд ҷӯёи дониш аст.
16 Туҳфа ба рӯйи кас дарҳоро боз мекунад+
Ва барояш пеши калоншавандагон роҳ мекушояд.
18 Қуръапартоӣ ба ҷанг хотима мебахшад+
Ва баҳси ҳарифони бақувватро ҳал мекунад.
19 Ёфтани дили бародари ранҷида аз забт кардани шаҳри ҳисордор душвортар аст,+
Баъзеҳо чунон қаҳриянд, ки гӯё байнашон девори мустаҳкам* бошад.+
20 Одам аз самари даҳонаш шикамашро пур мекунад+
Ва аз ҳосили лабонаш сер мешавад.
23 Камбағал зора карда гап мезанад,
Бой дағалона ҷавоб медиҳад.