1 Тимотиюс
2 Аввалан, аз ҳама хоҳиш мекунам, ки барои ҳар гуна одамон зориву илтиҷо кунед, дуо гӯед ва шукргузорӣ намоед, 2 аз ҷумла дар ҳаққи подшоҳон ва ҳама мансабдорон,+ то минбаъд низ ҳаёти орому осуда ба сар барем ва бо худотарсиву ҷиддияти тамом рафтор кунем.+ 3 Ин дар назари Наҷотбахшамон Худо+ хуб ва писандида аст, 4 зеро ӯ мехоҳад, ки ҳама гуна одамон наҷот ёбанд+ ва дар бораи ростӣ дониши хуб* гиранд. 5 Як Худо ҳаст+ ва як миёнарав+ байни Худову одамон,+ ки Исои Масеҳ аст.+ Ин мард 6 худро ба ҷойи ҳар гуна одамон чун товони* мувофиқ дод+ ва дар ин бора бояд дар вақти муайян шаҳодат диҳанд. 7 Барои ҳамин ман воиз ва расул таъйин гаштаам+ — гапам рост аст, на дурӯғ. Ман муаллими халқҳо таъйин шудаам,+ то ба онҳо дар бораи имон ва ростӣ таълим диҳам.+
8 Пас, мехоҳам, ки мардон аз хашму ғазаб+ ва баҳсу мунозира+ дурӣ ҷуста, дар ҳар ҷо вафодорона дасти дуо бардоранд.+ 9 Ба ин монанд, занон низ худро бо либоси шоиста, бо хоксориву солимфикрӣ оро диҳанд, на бо ҳар хел мӯйбофӣ ва на бо тилло, марворид ё либосҳои қиматбаҳо,+ 10 балки бо корҳои нек, чуноне ки ба занони худотарс зебанда аст.+
11 Бигзор зан хомӯшона ва бо фармонбардории пурра таълим гирад.+ 12 Ба зан иҷозат намедиҳам, ки таълим диҳад ё бар мард ҳукмфармо бошад, балки хомӯш истад,+ 13 зеро аввал Одам офарида шуд ва баъд аз ӯ Ҳавво.+ 14 Ҳамчунин Одам фирефта нашудааст, балки зан сахт фиреб хӯрда,+ гунаҳкор гаштааст. 15 Аммо бо зодани фарзанд зан аз роҳи каҷ дар амон хоҳад буд,+ ба шарте ки боимон, пурмеҳр, покдоман ва солимфикр бимонад.+