2 Қӯринтиён
9 Ба шумо дар бораи хизмат ба покон+ навиштан шарт нест, 2 зеро ба ёрдам тайёр будани шуморо медонам ва аз ин дар пеши бародарони Мақдуния фахр карда мегӯям: «Бародарони Охоия як сол боз тайёранд». Ин ғайрати шумо бисёри онҳоро ба шавқ овард. 3 Аммо ман бародаронро мефиристам, то фахри мо бо шумо дар ин хусус беҳуда набошад ва шумо, чуноне ки гуфтам, барои кумак тайёр бошед. 4 Вале, агар бародарони Мақдуния ҳамроҳи ман омада, тайёр набудани шуморо бубинанд, мо (на фақат мо, балки шумо низ) аз дилпурие, ки аз шумо дорем, шарманда мешавем. 5 Бинобар ин зарур донистам аз бародарон хоҳиш кунам, ки пешакӣ ба наздатон омада, хайрияҳои ваъдагиатонро тайёр кунанд ва ҳамин тавр маълум шавад, ки шумо ин туҳфаро аз саховатмандӣ додаед, на аз маҷбурӣ.
6 Дар ин бора ҳамчунин гуфтаниям, ки касе хасисона корад, кам медаравад, вале касе саховатмандона корад, ба фаровонӣ медаравад.+ 7 Бигзор ҳар кас, чи тавре ки дар дилаш ният кардааст, амал кунад, на ин ки бо дили нохоҳам ё аз маҷбурӣ,+ зеро Худо касеро дӯст медорад, ки бо хурсандӣ диҳад.+
8 Беш аз ин, Худо қодир аст ба шумо лутфу марҳамати фаровон кунад, то шумо ҳамеша чизҳои заруриро ба қадри кофӣ дошта бошед ва ҳамчунин ҳар он чизе, ки барои кори хайр зарур аст, дар шумо фаровон бошад.+ 9 (Чуноне ки навишта шудааст: «Ӯ саховатмандона додааст ва дасташро ба камбағалон кушодааст. Росткорияш то абад пойдор аст».+ 10 Оне, ки ба фаровонӣ ба коранда тухмиву ба хӯранда нон медиҳад, ба шумо низ барои коридан ба фаровонӣ тухмӣ медиҳад ва самари росткориятонро зиёд мегардонад.) 11 Шумо аз баракатҳои зиёд баҳравар шуда истодаед, то бо роҳҳои гуногун саховатмандӣ кунед. Ба воситаи кӯшишҳои мо одамон саховатмандии шуморо дида Худоро шукр мегӯянд. 12 Ин хизмати шумо на танҳо ба фаровонӣ эҳтиёҷоти поконро қонеъ мекунад,+ балки ҳамчунин сабаби он мегардад, ки касони бисёр Худоро шукр гӯянд. 13 Бо чунин кумаку хизмататон шумо нишон медиҳед, ки чӣ гуна инсонед, ва онҳо инро дида Худоро ҷалол медиҳанд, зеро шумо аз рӯйи хушхабари Масеҳ, ки онро паҳн месозед, рафтор мекунед ва бо дасткушодӣ ба онҳову ба ҳама хайрия мекунед.+ 14 Онҳо низ ба сабаби лутфу марҳамати бузурге, ки Худо ба шумо кардааст, бароятон дуову илтиҷо карда, ба шумо муҳаббат изҳор мекунанд.
15 Худоро шукр барои атои тасвирнопазираш!