Ишаъё
8 Яҳува ба ман гуфт: «Лавҳаи+ калонеро гирифта, бар он бо қалами одӣ* “Маҳер шалал ҳаш баз”* бинавис. 2 Ман мехоҳам, ки шоҳидони боваринок — Уриёи+ коҳин* ва Закарёи писари Ёбаракё, онро хаттӣ тасдиқ кунанд*».
3 Пас аз ин ман бо занам, ки пайғамбар аст, ҳамхоб шудам ва ӯ ҳомиладор шуда, писаре таваллуд кард.+ Сипас Яҳува ба ман гуфт: «Номи ӯро Маҳер-шалал-ҳаш-баз гузор, 4 зеро, пеш аз он ки кӯдак “дада” ва “оча” гуфтанро ёд гирад, сарвати Димишқ ва ғанимати Сомарияро пеши подшоҳи Ошур мебаранд».+
5 Яҳува боз ба ман гуфт:
6 «Азбаски ин халқ оби ороми Шилӯаҳро* рад карданд+
Ва аз Расину писари Рамалёҳу+ шод гаштанд,
7 Яҳува бар зидди онҳо
Оби пурталотуму бисёри дарёи бузург*,
Яъне шоҳи Ошур+ ва тамоми ҷалоли ӯро, меорад.
Ӯ аз ҳамаи маҷроҳои худ мебарояд,
Ҳамаи соҳилҳояшро зер мекунад
8 Ва бошаст аз замини Яҳудо мегузарад.
Ӯ селоб мешавад ва ҷорӣ шуда, то ба гардан мерасад.+
9 Зарар расонед, эй халқҳо, аммо бидонед, ки майда-майда мешавед.
Гӯш диҳед, эй сокинони канорҳои замин!
Ба ҷанг тайёр шавед*, аммо бидонед, ки майда-майда мешавед!+
Ба ҷанг тайёр шавед, аммо бидонед, ки майда-майда мешавед!
10 Ният кунед, аммо он барбод меравад!
11 Дасти пурзӯри Яҳува бар ман буд ва ӯ маро огоҳ кард, ки аз пайи ин халқ наравам. Ӯ гуфт:
12 «Он чиро, ки ин халқ “қасди бад” меномад, “қасди бад” наномед.
Аз он чизе, ки онҳо метарсанд, натарсед
Ва аз он ба ларза наоед.
14 Ӯ муқаддасгоҳ мешавад,
Вале ҳамчунин барои ҳар ду хонадони Исроил
Санге мегардад, ки бар он пешпо мехӯранд,+
Ва кӯҳпорае, ки бар он дакка мехӯранд.
Ӯ барои сокинони Ерусалим
Дом ва тӯри сайёд мегардад.
15 Бисёре аз онҳо пешпо мехӯранду меафтанд ва шикаст мехӯранд.
Онҳо ба дом меафтанд ва қапида мешаванд.
16 Гувоҳномаро бипечон
Ва шариатро* дар пеши шогирдонам муҳр бизан.
17 Ман Яҳуваро, ки рӯяшро аз хонадони Яъқуб пинҳон кардааст,+ бесаброна интизор мешавам+ ва ба ӯ умед мебандам.
18 Яҳува, Худои лашкарҳо, ки бар кӯҳи Сион сокин аст, маро ва фарзандонеро, ки Яҳува ба ман додааст,+ дар Исроил аломат+ ва муъҷиза гардондааст.
19 Агар онҳо ба шумо гӯянд: «Аз пурсандагони арвоҳ ва фолбинон, ки чириқ-чириқкунон гап мезананду пичир-пичир мекунанд, бипурсед», ба гапашон медароед? Магар халқ набояд аз Худои худ пурсад? Магар барои зиндаҳо аз мурдаҳо мадад мепурсанд?+ 20 Ба ҷойи ин онҳо бояд ба шариат ва гувоҳнома рӯ оранд.
Агар онҳо мувофиқи ин калом сухан нагӯянд, барои онҳо нуре нахоҳад буд.+ 21 Ҳар кадоме дар замин хору зор ва гурусна мегардад,+ аз гуруснагиву ғазаб подшоҳи худро дуои бад мекунад ва боло нигоҳ карда Худояшро лаънат мехонад. 22 Пас аз ин ба замин нигоҳ карда фақат азобу торикӣ, зулмоту душворӣ ва тирагиро мебинад ва равшание нахоҳад буд.