Ишаъё
43 Яҳува, ки Офаридгори туст, эй Яъқуб, ва Ҳасткунандаи туст, эй Исроил,+ чунин мегӯяд:
«Натарс, зеро ман туро бозхаридаам.+
Номатро гирифта туро хондаам.
Ту аз манӣ.
Вақте аз оташ гузарӣ, намесӯзӣ
Ва алангаи он ба ту зараре намерасонад,
3 Зеро ман Яҳува, Худои ту,
Худои Поки Исроил ва Наҷотдеҳи ту ҳастам.
Ман ба ҷойи ту Мисрро товон додаам
Ва дар ивази ту Ҳабашистону Сиборо бахшидаам,
4 Зеро ту дар назари ман пурарзиш гаштиву+
Қадру қимат ёфтӣ ва ман туро дӯст доштам.+
Аз ин рӯ ба ҷойи ту мардуми дигар
Ва дар ивази ҷони ту халқҳоро хоҳам дод.
5 Натарс, зеро ман бо ту ҳастам.+
Ман насли туро аз шарқ бармегардонам
Ва туро аз ғарб ҷамъ меорам.+
6 Ба шимол мегӯям: “Онҳоро боздеҳ!”+ —
Ва ба ҷануб: “Пеши роҳи онҳоро нагир.
Писарони маро аз дуриҳо ва духтарони маро аз канорҳои замин биёр,+
7 Ҳар касеро, ки ба номи ман хонда шудааст+
Ва ман ӯро барои ҷалоли худ офаридаам,
Ба вуҷуд овардааму ҳаст кардаам,+ назди ман ор”.
8 Мардумеро, ки чашм доранду кӯранд,
Гӯш доранду каранд, берун ор.+
9 Бигзор тамоми халқҳо дар як ҷо ҷамъ шаванд
Ва мардумон бо ҳам оянд.+
Бигзор шоҳидони худро оварда, ҳақ буданашонро исбот кунанд
Ва мардум бишнаваду бигӯяд: “Рост мегӯед!”+
10 Шумо шоҳидони ман ҳастед,+— мегӯяд Яҳува,—
Бандаи ман, ки интихобаш кардаам,+
То бидонеду ба ман имон оред*
Ва бифаҳмед, ки ман дигар нашудаам.+
Пеш аз ман Худое набуд ва баъд аз ман нахоҳад буд.+
11 Ман, ман Яҳува ҳастам+ ва ғайр аз ман наҷотдиҳандае нест.+
Шумо шоҳидони ман ҳастед,— мегӯяд Яҳува,— ва ман Худо ҳастам.+
13 Ман асло дигар намешавам.+
Касе аз дасти ман чизеро кашида намегирад.+
Ман ки амал кунам, кӣ пеши роҳамро мегирад?»+
14 Яҳува, Товондеҳи+ шумо, Худои Поки Исроил,+ чунин мегӯяд:
«Ба хотири шумо ман ба Бобил лашкар мефиристам ва ҳамаи ғалақаҳои дарвозаҳоро меғалтонам.+
Он гоҳ калдониён дар киштиҳояшон ба фиғон меоянд.+
15 Ман Яҳува, Худои Поки шумо,+ Офарандаи Исроил+ ва Подшоҳи шумо ҳастам».+
16 Яҳува, ки роҳе дар баҳр
Ва гузаргоҳе дар обҳои пурталотум кушодааст,+
17 Худое, ки аспу аробаи ҷангӣ,+
Лашкарро бо ҷанговарони пурзӯраш, берун овардааст, чунин мегӯяд:
«Онҳо меафтанд ва намехезанд,+
Ва, чуноне ки шуълаи пилтаро мекушанд, кушта мешаванд.
18 Чизҳои пешинаро ба хотир наоред
Ва дар бораи гузашта фикру хаёл накунед,
19 Зеро ман кори наве мекунам,+
Ки аллакай оғоз ёфтааст.
Магар шумо инро пай набурдаед?
20 Ҳайвонҳои саҳро, шағолон ва шутурмурғон,
Маро ҷалол хоҳанд дод,
Зеро ман биёбонро сероб мекунам
Ва дар дашт дарёҳо равон мешаванд,+
То халқи ман, интихобшудаам,+ бинӯшад.
21 Ман ин халқро барои худ ҳаст кардаам,
То маро васфу ситоиш намояд.+
23 Ту ба ман барои қурбониҳои сӯхтаният гӯсфанд наовардӣ
Ва бо қурбониҳоят маро ҷалол надодӣ.
Ҳадия талабиданам ба ту вазнинӣ намекард
Ва лодан хостанам туро монда наменамуд.+
24 Ту пул дода бароям найи хушбӯй нахаридӣ
Ва бо чарбуи қурбониҳоят маро сер накардӣ,+
Балки бо гуноҳҳоят ба ман вазнинӣ кардӣ
Ва бо бадкорият маро монда кардӣ.+
26 Агар чизеро фаромӯш карда бошам, ба ман хотиррасон намо.
Биё даъвоеро, ки бар зидди якдигар дорем, баён намоем,
Далел ор, ки ҳақ ба ҷониби туст.
28 Барои ҳамин ман мирони ҷойи муқаддасро нопок меҳисобам,
Яъқубро ба нестӣ месупорам
Ва Исроилро гирифтори дашном мекунам.+