2 Қӯринтиён
13 Инак, дафъаи сеюм аст, ки тайёрам ба наздатон биёям. «Бо гувоҳии ду ё се шоҳид ҳар масъала ҳал шавад».+ 2 Гарчанд ҳоло бо шумо нестам, суханони маро тавре қабул кунед, ки гӯё дафъаи дуюм ба наздатон омада бошам. Пас, чи хеле ки аз ин пеш гуфта будам, касонеро, ки пештар гуноҳ мекарданд, ва ҳамчунин ҳамаи дигаронро огоҳ мекунам, ки, агар боз оям, ба онҳо раҳме намекунам. 3 Ҳамин тавр ба шумо исбот мекунам, ки Масеҳ, дар ҳақиқат, ба воситаи ман гап мезанад. Ӯ дар муносибат бо шумо на сустӣ, балки қудрат нишон медиҳад. 4 Масеҳ аз сабаби сустӣ ва нотавонӣ дар сутун ба қатл расонда шуд, вале бо қудрати Худо ҳоло зинда аст.+ Мо низ, чуноне ки ӯ сусту нотавон буд, нотавон ҳастем, аммо бо қудрати Худо,+ ки дар зиндагии шумо аён аст, бо ӯ зиндагӣ хоҳем кард.+
5 Худро пайваста бисанҷед, ки оё дар имон ҳастед; худро имтиҳон намоед, то бифаҳмед, ки чӣ гуна одамед.+ Магар намефаҳмед, ки байни шумову Исои Масеҳ ягонагист? Шумо ҳамон вақт бо ӯ ягонагӣ хоҳед дошт, ки Худо аз шумо розӣ бошад. 6 Умедворам, ки шумо ҳамчунин аз мо розӣ будани Худоро дарк хоҳед кард.
7 Мо дуо мегӯем, ки шумо хатое накунед. Мақсади мо нишон додани он нест, ки одамон аз мо розиянд. Не, мақсади мо ин аст, ки, ҳатто агар дигарон аз мо норозӣ бошанд, шумо дуруст рафтор кунед. 8 Охир, мо бар зидди ростӣ ҳеҷ кор карда наметавонем, балки танҳо барои ростӣ. 9 Ҳар гоҳе ки мо суст бошему шумо бақувват, мо аз ин шодӣ мекунем ва дуо мегӯем, ки шумо минбаъд низ аз пайи ислоҳи худ бошед. 10 Барои ҳамин дар набудани худ ин чизҳоро менависам, то, вақте наздатон биёям, маҷбур нашавам, ки аз ҳокимияте, ки Ҳазрат ба ман додааст, бо сахтгирӣ истифода кунам,+ зеро ин ҳокимият барои обод кардан аст, на барои хароб кардан.
11 Хуллас, эй бародарон, доимо шодӣ кунед, ислоҳ шавед, тасаллӣ ёбед,+ ҳамфикр бошед,+ дар сулҳу осоиштагӣ зиндагӣ кунед,+ он гоҳ Худои муҳаббат ва осоиштагӣ+ бо шумо хоҳад буд. 12 Якдигарро бо бӯсаи бародарона пешвоз гиред. 13 Тамоми покон ба шумо салом мерасонанд.
14 Лутфу марҳамати Ҳазратамон Исои Масеҳ, муҳаббати Худо ва рӯҳи муқаддас, ки ҳамаи мо аз он баҳра мегирем, бо шумо бод!