Доварон
7 Ерубаал, яъне Ҷидъӯн,+ ва тамоми мардуме, ки бо ӯ буд, саҳари барвақт бархеста, назди чашмаи Ҳарӯд урду зад, урдуи Мидён бошад, дар шимоли ӯ, дар водӣ, дар назди теппаи Мӯре, ҷойгир буд. 2 Яҳува ба Ҷидъӯн гуфт: «Мардуме, ки бо туст, аз ҳад зиёд аст ки, ман Мидёнро ба дасташон супорам,+ мабодо Исроил манманӣ карда гӯяд: “Дасти худам маро наҷот дод”.+ 3 Пас, хоҳиш мекунам, суханони зеринро ба гӯши халқ бирасон: “Ҳар касе дар тарсу ларз аст, ба хонааш баргардад”».+ Ҳамин тавр Ҷидъӯн онҳоро санҷид ва 22 000 нафар ба хона баргашту 10 000 нафар боқӣ монд.
4 Яҳува боз ба Ҷидъӯн гуфт: «Одамонат то ҳол аз ҳад бисёранд. Онҳоро назди об фарор, то ман онҳоро барои ту бисанҷам. Дар бораи касе, ки гӯям: “Ин бо ту биравад”, бигзор бо ту равона шавад ва дар бораи касе гӯям: “Ин бо ту наравад”, ӯ бо ту наравад». 5 Ҷидъӯн онҳоро назди об фаровард.
Он гоҳ Яҳува ба Ҷидъӯн гуфт: «Ҳар касеро, ки обро мисли саг бо забонаш нӯшад, аз касе, ки сари зону хам шуда нӯшад, ҷудо кун». 6 Шумораи касоне, ки кафи дастро ба даҳон бурда об нӯшиданд, 300 нафар буд, боқимондаи мардум бошад, сари зону хам шуда об нӯшид.
7 Яҳува ба Ҷидъӯн гуфт: «Ман шуморо бо ин 300 нафаре, ки даст ба даҳон бурда нӯшиданд, наҷот медиҳам ва Мидёнро ба дасти ту месупорам.+ Мардуми боқимонда бигзор ба хонаҳояшон баргарданд». 8 Пас аз он ки тӯша ва шохҳоро аз дасти мардум гирифтанд, Ҷидъӯн 300 нафарро боқӣ монду дигар исроилиёнро ба хонаҳояшон фиристод. Урдуи Мидён дар водӣ, дар поёнтари урдуи ӯ, ҷойгир буд.+
9 Дар он шаб Яҳува ба вай гуфт: «Хеста, ба урду ҳамла кун, чунки ман онро ба дасти ту супурдаам.+ 10 Аммо, агар аз ҳамла кардан битарсӣ, ҳамроҳи Фурои хизматгузорат ба урду фаро. 11 Гӯш кун, ки онҳо чӣ мегӯянд, он гоҳ ту далер шуда*, ба урду ҳамла меорӣ». Ҷидъӯн ҳамроҳи Фурои хизматгузораш ба канори урдугоҳ поён омад.
12 Мидён, Амолеқ ва мардуми шарқ+ мисли селаи малах водиро пур карда буд ва шутурони онҳо мисли реги лаби баҳр сону шумор надошт.+ 13 Вақте Ҷидъӯн омад, шунид, ки марде ба рафиқаш хоби худро нақл карда мегӯяд: «Ман хоб дидам, ки кулчаи ҷавине сӯйи урдуи Мидён ғелида омаду ба хаймае чунон бархӯрд,+ ки он чаппаву роста шуд ва фурӯ ғалтид». 14 Рафиқаш дар ҷавоб гуфт: «Ин ғайр аз шамшери Ҷидъӯни писари Юош,+ марди исроилӣ, чизи дигаре нест. Худо Мидён ва тамоми урдуро ба дасти вай супурдааст».+
15 Ҳамин ки Ҷидъӯн хоб ва таъбири онро шунид,+ саҷда бурд. Ӯ ба урдуи Исроил баргашта, гуфт: «Бархезед, зеро Яҳува урдуи Мидёнро ба дасти шумо додааст». 16 Он гоҳ ӯ 300 мардро ба се даста тақсим карда, ба ҳамаи онҳо шох+ ва кӯзаҳои калони холие дод, ки дар дарунашон машъал буд. 17 Ӯ ба онҳо гуфт: «Ба ман нигоҳ кунед ва айнан мисли ман амал намоед. Вақте ба канори урдугоҳ меоям, мисли ман кунед. 18 Ҳамин ки ман ва ҳамаи касоне, ки бо мананд, шох навозем, шумо низ гирдогирди урдугоҳ шох навозед ва фарёд занед: “Барои Яҳува ва Ҷидъӯн!”»
19 Ҷидъӯн ва 100 нафаре, ки бо ӯ буданд, дар аввали поси миёнаи шаб*, дарҳол баъд аз иваз шудани дидбонон, ба канори урду омаданд. Онҳо шох+ навохтанд ва кӯзаҳои калонеро, ки дар даст доштанд,+ шикастанд. 20 Ҳар се даста шох навохтанду кӯзаҳоро шикастанд. Онҳо дар дасти чап машъал ва дар дасти рост шохро дошта, онро менавохтанд ва фарёд мезаданд: «Шамшери Яҳува ва Ҷидъӯн!» 21 Ҳар яки онҳо гирдогирди урдугоҳ дар ҷойи худ меистод ва тамоми лашкари урду фарёд зада рӯ ба гурез овард.+ 22 Он 300 нафар шох менавохтанд ва Яҳува дар урдугоҳ шамшери ҳар якеро бар зидди рафиқаш нигаронид.+ Сипас лашкар то Байт-Ҳашитто ва Сареро́ ва ҳамчунин то канори Обил-Маҳӯло,+ ки назди Таббот аст, гурехт.
23 Мардони Исроил аз Нафтолӣ, Ошер ва тамоми Менашше+ ҷамъ омада, аз паси Мидён сур карданд. 24 Ҷидъӯн ба саросари кӯҳистони Эфроим кас фиристода, гуфт: «Фаромада, ба Мидён ҳамла оред ва пастобҳоро то Байт-Боро ва Урдун ишғол кунед». Тамоми мардони Эфроим ҷамъ омада, то Байт-Боро ва Урдун пастобҳоро ишғол карданд. 25 Онҳо ду мири Мидён — Ӯриб ва Заибро, дастгир карда, Ӯрибро бар харсанги Ӯриб+ ва Заибро дар чархушти Заиб куштанд. Онҳо аз паси Мидён сур карданд+ ва каллаҳои Ӯриб ва Заибро ба Ҷидъӯн, ба назди Урдун, оварданд.