Мико
2 «Вой бар ҳоли онҳое, ки дар фикри зарар расондананд
Ва дар бистарҳои худ қасди бад меандешанд!
Ҳамин ки саҳар шуд, нияти худро ба ҷо меоранд,
Зеро ин аз дасташон меояд.+
2 Онҳо киштзорҳоро ҳавас мекунанд ва кашида мегиранд,+
Хонаҳоро таги чашм мекунанд ва ба даст меоранд.
Онҳо бо фиреб хонаи мардро
Ва мулки меросияшро соҳиб мешаванд.+
3 Аз ин рӯ Яҳува чунин мегӯяд:
“Ман бар зидди ин хонадон қасди баде андешида, ба сараш балое меорам,+ ки аз он халос намешавад.+
Шумо дигар ҳавобаландона роҳ намеравед,+ зеро он замон замони бадбахтист.+
4 Дар он рӯз шумо масали даҳони мардум мешавед
Ва онҳо бароятон зор-зор гириста+ мегӯянд:
“Моро толону тороҷ карданд!+
Ӯ ҳиссаи халқи маро аз дасташ гирифта, ба дигаре дод!+
Киштзорҳои моро ба худобехабаре супурд”.
5 Бинобар ин дар миёни ту касе нахоҳад буд, ки бо таноб чен кунад,
Касе, ки қуръа партофта заминро байни ҷамоати Яҳува тақсим намояд.
6 Вале онҳо мегӯянд: “Бас аст, гап назанед!
Ин суханонро дигар ба мо нагӯед.
Мо ҳеҷ гоҳ сархам намешавем”.
7 Эй хонадони Яъқуб, шумо мегӯед:
“Оё рӯҳи Яҳува ноором шудааст?
Наход ин корҳои ӯ бошад?”
Магар суханони ман ба ростравон некӣ намеоранд?
8 Лекин ҳоло халқи ман душмани ман шудааст.
Шумо ороишу либоси* тани раҳгузаронро кашида мегиред,
Раҳгузаронеро, ки хавфе надоранд
Ва мисли касонеянд, ки аз ҷанг бармегарданд.
9 Шумо занони халқамро аз хонаҳои гармашон меронед,
Кӯдаконашонро аз баракати ман ба таври ҳамеша маҳрум мекунед.
10 Бархезед ва биравед, зеро ин ҷо ҷойи ором нест.
Аз сабаби нопокияш+ ӯ ба шикаст, ба шикасти дардноке, гирифтор мешавад.+
11 Агар касе аз пайи фиребу чизҳои беҳуда рафта, дурӯғ гӯяд, ки
“Ман ба ту дар бораи шаробу арақ гап мезанам”,
Пайғамбари табъи дили ин халқ мешавад!+
12 Ман туро ҳатман ҷамъ меорам, эй Яъқуб,
Бақияи Исроилро ҳатман сарҷамъ мекунам.+
Ман онҳоро мисли гӯсфандони қӯра*,
Мисли рамаи чарогоҳ якҷо мекунам+
Ва он ҷо аз ғалоғулаи мардум пур мешавад”.+
13 Касе, ки деворро рахна мекунад, пешопеши онҳо меравад,
Онҳо рахна мекунанд ва аз дарвоза гузашта, берун меоянд.+
Подшоҳи онҳо пешопешашон аз дарвоза мегузарад
Ва Яҳува пешвои онҳо мешавад».+