Панднома
8 Оё хирад даъват наменамояд?
Оё рамузфаҳмӣ* овози худро баланд намекунад?+
2 Он дар баландиҳои+ сари роҳ,
Дар чорраҳаҳо меистад.
4 «Шуморо даъват менамоям, эй мардум!
Ба ҳар як нафар муроҷиат мекунам:
5 Эй содаҳо, ҳушёрӣ биомӯзед!+
Эй аблаҳон, ақл пайдо кунед!
6 Бишнавед, чунки гапи муҳиме дорам,
Лабонам аз ростӣ сухан меронад.
7 Даҳонам бо нармӣ ҳақиқатро баён месозад
Ва лабонам аз бадӣ нафрат дорад.
8 Ҳама суханони даҳонам ҳаққонист,
Дар онҳо каҷгуфториву макр нест.
9 Ҳамааш барои одами рамузфаҳм* равшан
Ва барои ёбандагони дониш дуруст аст.
10 Ба ҷойи нуқра насиҳати маро қабул кунед
Ва ба ҷойи зари холис донишро соҳиб шавед,+
11 Чунки хирад аз марҷон* беҳтар аст,
Ҳеҷ чизи дилхоҳат ба он баробар намешавад.
12 Ман, хирад, бо зиракӣ сокинам,
Дониш ва ақлро ба даст овардаам.+
13 Тарс аз Яҳува аз бадӣ нафрат доштан аст.+
Каттагӣ, ғурур,+ бадрафторӣ ва каҷгуфториро+ чашми дидан надорам.
15 Бо ман подшоҳон ҳукм меронанд
Ва ҳокимон қонунҳои одилона мебароранд.+
16 Бо ман мирон сарварӣ менамоянд
Ва соҳибмансабон боинсофона доварӣ мекунанд.
17 Дӯстдорони худро дӯст медорам
Ва ҷӯяндагонам маро хоҳанд ёфт.+
18 Сарват ва ҷалол,
Ганҷи поянда ва инсоф бо ман аст.
19 Самари ман аз тилло, аз зари холис, беҳтар
Ва ҳосили ман аз нуқраи беҳтарин бартар аст.+
20 Ман бо роҳи инсоф
Ва миёни пайраҳаҳои адолат меравам.
21 Ба дӯстдоронам сарвати фаровонеро мерос медиҳам
Ва анборҳои онҳоро пур мекунам.
24 Вақте зода шудам, обҳои бетаг ҳанӯз набуданд+
Ва чашмаҳои пуроб вуҷуд надоштанд.
25 Пеш аз бунёд ёфтани кӯҳҳо,
Пеш аз пайдоиши теппаҳо, ба вуҷуд омадаам,
26 Вақте ӯ ҳанӯз замину саҳроҳо
Ва пораҳои аввалини хоки заминро наофарида буд.
27 Вақте ӯ осмонро омода месохт,+ ман он ҷо будам.
Вақте ӯ хати уфуқро бар обҳо мекашид,+
28 Вақте абрҳои болоро барқарор менамуд,
Вақте чашмаҳои чуқурро бунёд мекард,
29 Вақте низоми баҳрро муқаррар менамуд,
То обҳои он аз фармудаи ӯ берун наоянд,+
Вақте асосҳои заминро мегузошт,
31 Ман ба замине, ки ӯ барои зист тайёр карда буд, нигариста, шодӣ мекардам
Ва ба одамизод меҳри бисёр доштам.
32 Акнун, эй писаронам, ба ман гӯш андозед:
Хушбахтанд онҳое, ки бо роҳҳои ман равона мешаванд.
33 Ба насиҳат гӯш диҳед+ ва хирадманд шавед,
Онро ҳеҷ гоҳ пушти по назанед.
34 Хушбахт аст касе, ки ба ман гӯш дода
Ҳар рӯз назди дарвозаи ман бедор меистад*
Ва назди паҳлударии ман интизорӣ мекашад,
35 Зеро касе маро биёбад, ҳаёт меёбад+
Ва ризои Яҳуваро соҳиб мешавад.
36 Вале касе маро пушти по занад, ба ҷони худ ҷабр мекунад
Ва касе маро бад бинад, маргро дӯст медорад».+