Ишаъё
49 Ба ман гӯш диҳед, эй ҷазираҳо,
Ва диққат намоед, эй халқҳои дурдаст!+
Яҳува маро пеш аз зода шуданам даъват кардааст,+
Замоне ки дар шиками модар будам, номи маро ба забон овардааст.
2 Ӯ даҳони маро мисли шамшери тез сохтааст,
Маро дар сояи дасти худ паноҳ додааст.+
Маро тири суфтае кардааст,
Дар тирдони худ пинҳон намудааст.
4 Вале ман гуфтам: «Беҳуда заҳмат кашидам,
Қуввати худро бефоидаву барабас сарф кардам.
5 Акнун Яҳува, ки маро дар шиками модар бандаи худ сохтааст,
Ба ман фармуд, ки Яъқубро сӯяш бозоварам,
Ва Исроил назди ӯ ҷамъ шавад.+
Ман дар назари Яҳува ҷалол хоҳам ёфт
Ва Худои ман қуввати ман хоҳад буд.
6 Ӯ гуфт: «Ту на танҳо барои барқарор намудани қабилаҳои Яъқуб
Ва бозовардани бақияи Исроил бандаи ман ҳастӣ,
Ман туро нури халқҳо низ кардаам,+
То наҷоти ман то гӯшаю канори замин бирасад».+
7 Яҳува, Товондеҳи Исроил, Худои Поки ӯ,+ ба нафратзадаи мардум, ки назарашон ӯро намегирад,+ ба ходими ҳокимон, чунин мегӯяд:
«Ба хотири Яҳува, ки вафодор аст,+
Худои Поки Исроил, ки туро интихоб кардааст,+
Подшоҳон мебинанду бармехезанд
Ва мирон таъзим мекунанд».
8 Яҳува чунин мегӯяд:
Ман туро ҳимоя мекардам, то туро чун аҳд барои халқҳо бидиҳаму+
Ту заминро барқарор намоӣ,
Мардумро ба мулкҳои беодамашон баргардонӣ,+
9 Ба бандиён бигӯӣ: “Берун оед!”+ —
Ва ба касоне, ки дар торикиянд:+ “Намоён шавед!”
Онҳо лаб-лаби роҳҳо алаф хоҳанд хӯрд
Ва қад-қади тамоми пайраҳаҳо* чаро хоҳанд кард.
10 Онҳо гушнаву ташна намемонанд,+
Аз гармову тафси офтоб намесӯзанд,+
Зеро Дилсӯзашон онҳоро роҳнамоӣ хоҳад кард+
Ва назди чашмаҳои об хоҳад бурд.+
11 Ман ҳамаи кӯҳҳоямро ба роҳҳо табдил медиҳам
Ва шоҳроҳҳои ман баланд мешаванд.+
13 Аз шодӣ фарёд зан, эй осмон, ва хурсандӣ бикун, эй замин!+
Бигзор кӯҳҳо аз шодӣ нидо кунанд,+
Зеро Яҳува халқашро тасаллӣ додааст+
Ва ба азобдидагонаш дилсӯзӣ кардааст.+
14 Вале Сион мегуфт:
«Яҳува маро партофтааст,+ Яҳува маро фаромӯш кардааст».+
15 Магар зан фарзанди ширмаки худро фаромӯш мекунад?
Магар ба писаре, ки дар шикамаш буд, дилаш намесӯзад?
Ҳатто ӯ фаромӯш кунад, ман туро фаромӯш намекунам.+
16 Ман туро бар кафи дастонам нақш намудаам.
Деворҳои ту доимо пеши назари мананд.
17 Писаронат шитобон бармегарданд.
Онҳое, ки туро пора карданду хароб сохтанд, аз ту дур мешаванд.
18 Чашмонатро бардошта, ба гирду атроф назар кун.
Ҳамаи онҳо ҷамъ меоянд.+
Онҳо назди ту омада истодаанд.
«Ба ҳаётам қасам ки,— мегӯяд Яҳува,—
Ту худро бо ҳамаи онҳо оро медиҳӣ
Ва онҳоро монанди арӯс чун зинате ба бар мекунӣ.
19 Маконат валангору беодам ва заминат харобазор буд,+
Вале ҳоло он барои сокинонаш тангӣ хоҳад кард+
20 Писароне, ки баъд аз бефарзанд монданат таваллуд шуданд, ба ту хоҳанд гуфт:
“Ин ҷо барои мо танг аст.
Барои мо ҷойи зист бидеҳ”.+
21 Ту дар дили худ хоҳӣ гуфт:
“Кӣ инҳоро бароям ба дунё овард?
Охир, ман зани нозою бефарзанд
Ва асиру бандӣ ҳастам.
Кӣ инҳоро калон кардааст?+
22 Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд:
«Ман барои халқҳо дасти худро боло мекунам
Ва барои мардумон парчамамро мегузорам.+
23 Подшоҳон парасторони ту+
Ва шоҳдухтарон дояҳои ту хоҳанд шуд.
Он гоҳ ту хоҳӣ донист, ки ман Яҳува ҳастам,
Умедворони ман шармсор нахоҳанд шуд».+
24 Оё касонеро, ки ба дасти марди пурзӯр афтодаанд, кашида гирифта мешавад?
Оё асирон аз дасти ситамгар халос шуда метавонанд?
25 Аммо Яҳува чунин мегӯяд:
«Ҳатто асирони марди пурзӯр кашида гирифта мешаванд+
Ва касоне, ки ба дасти ситамгар афтодаанд, халосӣ меёбанд.+
Ман ба душманони ту душманӣ хоҳам кард+
Ва писарони туро наҷот хоҳам дод.
26 Ман чунон кунам, ки азобдиҳандагони ту гӯшти бадани худро хӯранд
Ва аз хуни худ чун аз шароби ширин маст шаванд.