Ишаъё
52 Бедор шав! Бедор шав, эй Сион, ва қудратро дар бар кун!+
Либосҳои зебоятро дар бар кун,+ эй Ерусалим, эй шаҳри муқаддас!
Зеро бехатна ва нопоке дигар ба ту намедарояд.+
2 Хокро аз тан биафшон, бархезу биншин, эй Ерусалим,
Бандҳои гарданатро бикшо, эй духтари асиршудаи Сион,+
3 Зеро Яҳува чунин мегӯяд:
4 Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд:
«Аввал халқи ман ба Миср рафта, дар он ҷо мусофир шуд.+
Пас аз ин Ошур ноҳақ ба онҳо ситам кард.
5 Пас, чӣ кор кунам? — мегӯяд Яҳува.—
Халқи маро муфт гирифтаанд.
Ҳукмфармоёни онҳо аз ғалабаи худ фарёд мезананд,+— мегӯяд Яҳува,—
Доимо, рӯзи дароз, ба номи ман беҳурматӣ мекунанд.+
6 Аз ин сабаб халқи ман номи маро хоҳанд донист,+
Дар он рӯз онҳо хоҳанд фаҳмид, ки инро ман, ман гуфтаам».
7 Чӣ зебост бар кӯҳҳо пойҳои касе, ки хабари хуш меорад,+
Касе, ки осоиштагиро эълон мекунад,+
Аз чизи беҳтаре хабар медиҳад,
Наҷотро эълон менамояд
Ва ба Сион мегӯяд: «Худои ту Подшоҳ шудааст!»+
8 Гӯш деҳ! Дидбонони ту овози худро баланд мекунанд,
Бо як овоз аз хурсандӣ нидо мебароранд,
Зеро онҳо бо чашми худ мебинанд, ки Яҳува Сионро бармегардонад.
9 Хушҳол шавед, бо як овоз аз шодӣ фарёд занед, эй вайронаҳои Ерусалим,+
Зеро Яҳува халқи худро тасаллӣ додааст,+ Ерусалимро бозхаридааст.+
10 Яҳува дар пеши назари тамоми халқҳо дасти поки худро бараҳна кардааст.+
Наҷоти* Худои моро дар тамоми гӯшаву канори замин хоҳанд дид.+
11 Дур шавед, дур шавед! Аз он ҷо бароед+ ва ба чизи нопоке нарасед!+
12 Шумо ҳаросон нахоҳед баромад
Ва гурезон равона нахоҳед шуд,
Зеро Яҳува пешопеши шумо меравад+
Ва Худои Исроил аз ақиб шуморо муҳофизат мекунад.+
13 Бандаи ман+ бо андеша амал хоҳад кард.
Ӯ сарафроз хоҳад гашт,
Олимақом ва хеле баланд хоҳад шуд.+
14 Бисёриҳо ба ӯ бо ҳайрат менигаристанд,
Зеро ӯ беш аз ҳар шахс ва андоми зебояш беш аз дигарон осеб дида буд.
15 Ӯ низ халқҳои зиёдро ба ҳайрат меорад.+