Мико
6 Илтимос, бишнавед, ки Яҳува чӣ мегӯяд.
Бархез, даъвои худро пеши кӯҳҳо баён намо
Ва бигзор теппаҳо овози туро бишнаванд.+
2 Эй кӯҳҳо ва бунёдҳои устувори замин,
Даъвои Яҳуваро бишнавед,+
Зеро Яҳува бар зидди халқи худ даъвое дорад,
Ӯ Исроилро айбдор карда хоҳад гуфт:+
3 «Ман ба ту чӣ кардаам, эй халқам?
Бо чӣ туро хаста намудаам?+
Бар зидди ман шоҳидӣ деҳ.
4 Ман туро аз замини Миср баровардам,+
Аз хонаи ғуломӣ раҳо кардам*,+
Пешопеши ту Мӯсо, Ҳорун ва Марямро+ фиристодам.
5 Эй халқи ман, илтимос, ба ёд ор, ки Болоқи шоҳи Мӯоб чӣ қасде дошту+
Билъоми писари Баӯр ба ӯ чӣ ҷавоб дод+
Ва аз Шиттим+ то Ҷилҷол+ чӣ рӯй дод,
То ту росткориҳои Яҳуваро бидонӣ».
6 Бо чӣ пеши Яҳува биёям?
Чӣ оварда, пеши Худои осмон саҷда кунам?
Оё бо қурбониҳои сӯхтанӣ, бо гӯсолаҳои яксола,
Пеши ӯ ҳозир шавам?+
7 Оё Яҳува аз ҳазорҳо қӯчқор
Ва даҳҳо ҳазор дарёи равған хушнуд мешавад?+
8 Эй одам, ӯ ба ту гуфтааст, ки чӣ нек аст.
Пас, Яҳува аз ту чиро талаб дорад?
9 Овози Яҳува сӯйи шаҳр баланд мешавад,
Соҳибхирадон аз номи ту хоҳанд тарсид.
Ба калтак ва ба касе, ки онро таъйин кардааст, диққат диҳед.+
13 «Барои ҳамин ман туро зарба зада захмдор мекунам,+
Барои гуноҳҳоят туро харобазор месозам.
14 Ту мехӯрӣ, лекин сер намешавӣ,
Шиками ту холӣ мемонад.+
Он чиро пинҳон кунӣ, нигоҳ нахоҳӣ дошт
Ва он чиро нигоҳ дорӣ, ман ба шамшер хоҳам супурд.
15 Дар он вақт ту мекорию намедаравӣ,
Зайтунро пахш мекунию равғанашро ба кор намебарӣ,
Шароб тайёр мекунию онро наменӯшӣ,+
16 Зеро ту фармудаҳои Омриву тамоми корҳои хонадони Аҳъобро ба ҷо меорӣ+
Ва ба маслиҳати онҳо рафтор мекунӣ.
Барои ҳамин туро чунон ҷазо диҳам, ки ҳар кӣ туро бинад, ба даҳшат афтад
Ва ба ҳоли сокинонат ҳуштак кашад.+
Шумо хандахариши мардум хоҳед шуд».+