Ошкорсозӣ
11 Ба ман қамише дода шуд, ки дарозияш ба дарозии асо* баробар буд,+ ва овозеро шунидам, ки чунин гуфт: «Бархез, муқаддасгоҳи ибодатгоҳи Худо ва қурбонгоҳро чен кун ва касонеро, ки дар он ҷо ибодат мекунанд, бишумор. 2 Вале ҳавлии ибодатгоҳро чен накун, зеро он ба халқҳои дигар дода шудааст ва онҳо шаҳри муқаддасро+ 42 моҳ поймол хоҳанд кард.+ 3 Ман ду шоҳиди худро мефиристам ва онҳо палос* пӯшида, 1260 рӯз пешгӯйӣ мекунанд». 4 Он ду шоҳид, ки ду дарахти зайтун+ ва ду чароғпоя+ рамзи онҳост, дар пеши Сарвари замин истодаанд.+
5 Агар касе ба онҳо зарар расондан хоҳад, аз даҳонашон оташ мебарояд ва душманони онҳоро фурӯ мебарад. Ҳар касе, ки ба онҳо зарар расондан хоҳад, ҳамин тавр кушта мешавад. 6 Онҳо қудрат доранд, ки осмонро банданд,+ то, дар рӯзҳое ки онҳо пешгӯйӣ мекунанд, борон наборад+ ва ҳамчунин қудрат доранд, ки обҳоро ба хун табдил диҳанд+ ва, ҳар вақте ки хоҳанд, заминро ба ҳар гуна балоҳо гирифтор кунанд.
7 Вақте ки онҳо шаҳодат доданро ба охир мерасонанд, ҳайвони ваҳшие, ки аз чоҳи бетаг мебарояд, бо онҳо ҷангида ғолиб меояд ва онҳоро мекушад.+ 8 Ҷасадҳои онҳо дар кӯчаи калони шаҳри бузург, ки ба маънои маҷозӣ Садӯм ва Миср номида мешавад, дар он ҷое ки Ҳазраташон дар сутун кушта шуда буд, мехобанд. 9 Одамони халқҳо, қабилаҳо, забонҳо ва миллатҳои гуногун ба ҷасадҳои онҳо сею ним рӯз+ нигоҳ мекунанд ва намемонанд, ки ҷасадҳои онҳоро ба қабр гузоранд. 10 Сокинони замин аз мурдани онҳо хурсанд шуда, инро ҷашн мегиранд ва ба якдигар туҳфаҳо мефиристанд, зеро ин ду пайғамбар онҳоро азоб медоданд.
11 Пас аз сею ним рӯз рӯҳи ҳаёт аз ҷониби Худо ба ин ду шоҳид дохил шуд+ ва онҳо ба по хестанд ва касонеро, ки онҳоро диданд, тарси азиме фаро гирифт. 12 Онҳо овози баландеро аз осмон шуниданд, ки чунин гуфт: «Ба ин ҷо бароед». Пас аз ин онҳо дар пеши назари душманонашон дар абр ба осмон бурда шуданд. 13 Дар он соат заминҷунбии сахте ба амал омад ва даҳяки шаҳр нобуд шуд. Ҳафт ҳазор нафар дар заминҷунбӣ мурданд, боқимондагон бошанд, ба тарсу ҳарос афтоданд ва Худои осмонро ҷалол доданд.
14 Фалокати дуюм+ гузашт, вале ба зудӣ фалокати сеюм меояд.
15 Фариштаи ҳафтум карнай навохт.+ Он гоҳ аз осмон садоҳои баланде шунида шуданд, ки мегуфтанд: «Акнун қудрати бар ҷаҳон подшоҳӣ кардан дар дасти Худованди мову+ Масеҳи ӯст+ ва Худо чун подшоҳ то абад ҳукмронӣ хоҳад кард».+
16 Он гоҳ 24 пир,+ ки бар тахтҳои худ дар пеши Худо менишастанд, зону зада ба Худо саҷда карданду 17 гуфтанд: «Эй Яҳува, Худои Тавоно*, Оне, ки ҳаст+ ва буд, туро шукр мегӯем, зеро қудрати бузургатро ба дасти худ гирифта, подшоҳиро сар кардӣ.+ 18 Вале халқҳо ба хашм омаданд ва ту ғазаби худро бар онҳо фурӯ рехтӣ ва вақти муқарраршуда фаро расид, то мурдагон доварӣ шаванд, бандагонат пайғамбарон,+ покон ва касоне, ки аз номи ту метарсанд, ҳам хурдону ҳам бузургон, мукофот гиранд+ ва нобудгарони замин нобуд гарданд».+
19 Дар осмон муқаддасгоҳи ибодатгоҳи Худо кушода шуду сандуқи аҳд намоён гардид.+ Он гоҳ овозҳо шунида шуданд, раъду барқ ва заминҷунбӣ ба амал омад ва жолаи бузург борид.