Забур
3 Ӯ туро аз доми сайёди парандаҳо раҳо мекунад,
Ва аз дасти вабои ҳалокатовар халосӣ медиҳад.
4 Бо парҳои худ туро мепӯшонад,
Ва зери болҳояш паноҳ меёбӣ.+
Вафояш+ бароят сипари калон+ ва ҳисор мегардад.
5 Ту на аз даҳшатҳои шаб хоҳӣ тарсид,+
На аз тир, ки рӯзона мепарад,+
6 На аз вабое, ки дар торикӣ роҳ меравад,
Ва на аз офате, ки дар нимирӯзӣ нобуд мекунад.
8 Ту фақат истода, нигоҳ мекунӣ,
Вақте ки шоҳиди ҷазои бадкорон шавӣ,
9 Зеро ту гуфтаӣ: «Яҳува паноҳгоҳи ман аст»,
10 Ҳеҷ балое ба сарат намеояд+
Ва ҳеҷ вабое ба хаймаат наздик намешавад,
11 Зеро ӯ дар бораи ту ба фариштагонаш+ амр медиҳад,
Ки туро дар ҳамаи роҳҳоят нигаҳбонӣ кунанд.+
14 Худо гуфтааст: «Азбаски маро дӯст медорад*, ӯро раҳо мекунам+
Ва, барои он ки номи маро медонад*, ӯро ҳимоя менамоям.+
15 Ӯ маро хоҳад хонд ва ман ҷавоб хоҳам дод.+
Дар вақти тангӣ бо ӯ хоҳам буд,+
Ӯро наҷот дода, ҷалол хоҳам дод.