Марқус
4 Ӯ боз дар лаби баҳр ба таълим додан сар кард ва мардуми бисёре назди ӯ ҷамъ шуд. Аз ин рӯ вай ба қаиқ савор шуда, аз лаби баҳр каме дуртар рафт, тамоми мардум бошад, дар соҳил монд.+ 2 Он гоҳ ӯ ба воситаи мисолҳо+ ба онҳо чизҳои зиёдро таълим додан гирифт. Дар рафти таълим ӯ ба онҳо гуфт:+ 3 «Гӯш кунед ва бодиққат бошед! Деҳқоне барои кишт кардан баромад.+ 4 Вақте ки ӯ тухмӣ мепошид, як қисмаш ба канори роҳ афтод ва парандаҳо омада, он донаҳоро хӯрданд. 5 Баъзе донаҳо ба замини санглоху камхок афтоданд ва, азбаски хоки замин кам буд, зуд сабзиданд.+ 6 Лекин, ҳамин ки офтоб баромад, пажмурда гашта, хушк шуданд, зеро чуқур реша надавонда буданд. 7 Қисми дигари донаҳо дар байни хорҳо афтод ва хорҳо қад кашида, майсаи навсабзидаро пахш карданд ва онҳо ҳосиле надоданд.+ 8 Баъзеи дигар бошанд, ба замини ҳосилхез афтода, сабзиданд, қад кашиданд ва ҳосил доданд — қисме 30 баробар, қисме 60 ва қисме 100».+ 9 Сипас ӯ илова кард: «Ҳар кӣ гӯши шунаво дорад, бигзор гӯш диҳад».+
10 Вақте ки ӯ танҳо монд, шогирдон ва 12 расулаш дар бораи он мисолҳо пурсиданд.+ 11 Ӯ ба онҳо гуфт: «Ба шумо донистани сирри муқаддаси+ Подшоҳии Худо ато шудааст, лекин ба дигарон ҳамаи ин бо мисолҳо гуфта мешавад,+ 12 то онҳо нигоҳ кунанду набинанд, бишнаванду сарфаҳм нараванд. Барои ҳамин онҳо ҳеҷ гоҳ сӯйи Худо барнамегарданд ва бахшида намешаванд».+ 13 Сипас ӯ ба шогирдон гуфт: «Шумо ин мисолро ки нафаҳмед, ҳама мисолҳои дигарро чӣ тавр мефаҳмед?
14 Деҳқон каломи Худоро кишт мекунад.+ 15 Донаи ба канори роҳ афтода каломест, ки дар дили одамон кошта шудааст: ҳамин ки онҳо каломро шунаванд, Шайтон меояд+ ва каломи коштаро мебарад.+ 16 Ҳамчунин донаи ба замини санглох афтода каломест, ки одамон онро шунида, бо хурсандӣ қабул мекунанд.+ 17 Лекин, азбаски калом дар дили онҳо реша надавондааст, онҳо муддати дароз устувор намемонанд ва, ҳамин ки аз пушти калом ранҷу озор бинанд, боварияшонро гум мекунанд*. 18 Ҳамчунин донае ҳаст, ки ба миёни хорҳо меафтад. Одамон он каломро мешунаванд,+ 19 вале ташвишҳои зиндагӣ*,+ пулу моли фиребанда+ ва хоҳишҳои дигар+ ба дили онҳо роҳ ёфта, каломро пахш мекунанд ва он бесамар мегардад. 20 Донаи ба замини ҳосилхез афтода каломе мебошад, ки одамон ба он гӯш медиҳанд ва онро қабул мекунанд ва 30, 60 ё 100 баробар зиёд самар меоранд».+
21 Ҳамчунин ӯ ба онҳо гуфт: «Оё чароғро барои он меоранд, ки дар таги сабад ё кате бимонанд? Магар барои он намеоранд, ки дар рӯйи чароғпоя гузоранд?+ 22 Охир, ҳеҷ чизи пинҳоне нест, ки маълум нашавад, ва ҳеҷ чизи ноошкоре нест, ки фош нагардад.+ 23 Ҳар кӣ гӯши шунаво дорад, бигзор гӯш диҳад».+
24 Ӯ боз ба онҳо гуфт: «Ба он чизе, ки мешунавед, диққат диҳед.+ Бо кадом андозае чен кунед, бо ҳамон андоза ва ҳатто зиёдтар аз он ба шумо чен мекунанд. 25 Ҳар кӣ дорад, ба вай боз ҳам бештар дода мешавад,+ вале ҳар кӣ надорад, аз вай ҳатто чизи доштааш гирифта мешавад».+
26 Сипас ӯ давом дод: «Подшоҳии Худо мисли мардест, ки ба замин дона мепошад. 27 Вай шаб хоб меравад ва саҳар мехезад, дона бошад, месабзад ва калон мешавад, лекин он мард намедонад, ки ин чӣ тавр рӯй медиҳад. 28 Худи замин бо гузашти вақт ҳосил медиҳад: аввал майса, баъд хӯша ва сипас донаи пухта. 29 Лекин, ҳамин ки дона пазад, он мард досро гирифта, ҳосилро меғундорад, зеро вақти дарав расидааст».
30 Исо суханонашро давом дода гуфт: «Подшоҳии Худоро бо чӣ муқоиса кунем ё бо кадом мисол онро фаҳмонем? 31 Он монанди донаи хардалест*, ки ҳангоми кошта шуданаш аз ҳама тухмиҳои рӯйи замин майдатар аст,+ 32 лекин баъд аз кошта шудан вай месабзаду қадаш аз тамоми растаниҳои хӯрданбоб баландтар мешавад. Шохаҳояш бошанд, чунон калон мешаванд, ки парандаҳои осмон дар онҳо лона гузошта, дар сояаш паноҳ меёбанд».
33 Ӯ мисолҳои зиёди ба ин монандро оварда,+ ба қадре ки одамон фаҳмида метавонистанд, каломи Худоро ба онҳо мефаҳмонд. 34 Ӯ ба онҳо бе мисол гап намезад, лекин дар танҳоӣ ҳама чизро ба шогирдонаш мефаҳмонд.+
35 Бегоҳии ҳамон рӯз ӯ ба шогирдонаш гуфт: «Биёед ба соҳили дигари баҳр гузарем».+ 36 Онҳо мардумро ҷавоб доданд ва ба қаиқ савор шуда, ҳамроҳи ӯ равона шуданд. Дар он ҷо қаиқҳои дигар низ буданд.+ 37 Каме баъд тӯфони сахте бархест ва мавҷҳо ба қаиқ бархӯрда, қариб буд онро аз об пур кунанд.+ 38 Исо бошад, дар ақиби қаиқ бар болишт хоб буд. Онҳо ӯро бедор карда, гуфтанд: «Устод, магар парвое надорӣ, ки мо ҳозир мемурем?» 39 Ӯ аз ҷояш хеста, шамолро ором* кард ва ба баҳр гуфт: «Бас! Ором шав!»+ Он гоҳ шамол бозмонд ва тамоми ҷоро хомӯшӣ фаро гирифт. 40 Сипас ӯ ба онҳо гуфт: «Чаро ин қадар метарсед? Магар то ҳол як зарра ҳам имон надоред?» 41 Лекин онҳо беҳад сахт тарсида, ба якдигар гуфтанд: «Ин кист, ки ҳатто шамол ва баҳр ба ӯ итоат мекунанд?»+