Забур
Ба сардори ромишгарон. Бар сози гиттит*. Таронаи Довуд.
8 Эй Яҳува, Худованди мо,
Чӣ пуршукӯҳ аст номи ту дар тамоми замин,
2 Ба сабаби бадхоҳонат,
Барои хомӯш кардани душман ва интиқомҷӯ
Бо сухани даҳони кӯдакон ва ширмакон+ қуввататро нишон додӣ.
3 Вақте ба осмон, ба амали ангуштонат, менигарам,
Ба моҳ ва ситорагоне, ки ту офаридаӣ,+
4 Дар дил мегӯям: чист инсони хокӣ, ки ӯро дар ёд дорӣ,
Ва фарзанди одам, ки ба ӯ ғамхорӣ кунӣ?+
6 Ӯро бар амали дастонат ҳукмрон кардаӣ,+
Ҳама чизро зери пойи ӯ гузоштаӣ:
7 Тамоми гову мол
Ва ҷонварони ваҳширо,+
8 Мурғони ҳавову моҳиёни баҳр
Ва, ҳар он чиро, ки дар об шино мекунад.
9 Эй Яҳува, Худованди мо,
Чӣ пуршукӯҳ аст номи ту дар тамоми замин!