2 Қӯринтиён
2 Ман қарор кардам, ки, вақте бори дигар наздатон биёям, шуморо зиқ накунам. 2 Охир, агар шуморо зиқ кунам, дигар кӣ маро хурсанд мекунад? 3 Ман ба шумо барои он навишта будам, то ҳангоми омаданам аз дидори касоне, ки ба ман шодӣ меоранд, зиқ нашавам, зеро бовар дорам, ки он чӣ ба ман хурсандӣ мебахшад, ба ҳамаи шумо низ хурсандӣ мебахшад. 4 Вақте ба шумо аз бисёрии азоб ва андуҳи дил бо ашки бисёр навиштам, инро на барои ғамгин шудани шумо,+ балки барои он кардам, то бидонед, ки шуморо чӣ қадар дӯст медорам.
5 Агар касе сабаби ғамгинӣ шуда бошад,+ сахтгапӣ нашавад, мегӯям, ки ӯ на маро, балки ба андозае ҳамаи шуморо ғамгин кардааст. 6 Барои чунин одам аз бисёриҳо ҷазо гирифтанаш басанда аст. 7 Акнун шумо бояд ӯро аз таҳти дил бахшида, дилбардорӣ кунед,+ то ғаму андуҳи бисёр ӯро фурӯ набарад.+ 8 Бинобар ин аз шумо илтимос мекунам ӯро дилпур созед, ки дӯсташ медоред.+ 9 Ман ҳамчунин ба шумо барои он навишта будам, то бифаҳмам, ки шумо дар ҳар маврид итоаткор мемонед ё не. 10 Агар шумо хатои касеро бубахшед, ман низ ӯро мебахшам. Масеҳ шоҳид аст, ки хатоеро, ки ман бахшидаам (агар ягон хаторо бахшида бошам), ба хотири шумо бахшидаам, 11 то Шайтон+ моро фиреб надиҳад, зеро мо аз ҳилаву найранги* вай бехабар нестем.+
12 Вақте барои паҳн кардани хушхабар дар бораи Масеҳ ба Трӯос+ омадам, барои иҷро кардани кори Ҳазрат даре бароям боз шуд. 13 Аммо дили ман оромӣ надошт, зеро бародарам Титусро+ наёфтам, ва ман бо бародарони он ҷо хайрухуш карда, ба Мақдуния+ равона шудам.
14 Худоро шукр, ки ҳамеша моро — ҳамроҳони Масеҳро, чун сарбозоне, ки аз ҷанг ғолиб бармегарданд, роҳнамоӣ мекунад ва ба воситаи мо донишро дар бораи худ чун бӯйи хуш дар ҳама ҷо паҳн месозад. 15 Вақте хабарро дар бораи Масеҳ мегӯем, мо барои Худо мисли бӯйи хуш ҳастем ва ин бӯй ҳам ба димоғи касоне мерасад, ки дар роҳи наҷотанд, ва ҳам ба димоғи касоне, ки дар роҳи нобудиянд. 16 Он барои касоне, ки дар роҳи нобудиянд, бӯйи марг аст ва сӯйи марг мебарад,+ вале барои касоне, ки дар роҳи наҷотанд, бӯйи ҳаёт аст ва сӯйи ҳаёт мебарад. Кист, ки ба чунин хизмат мувофиқ бошад? 17 Чунин касон моем, зеро мо мисли бисёриҳо каломи Худоро+ намефурӯшем, балки чун ҳамроҳони Масеҳу фиристодагони Худо дар назари Худо самимона гап мезанем.