Яҳудо
1 Ман, Яҳудо — ғуломи Исои Масеҳ* ва бародари Яъқуб,+ ба даъватшудагоне,+ ки барои Падарамон Худо азизанд ва барои Исои Масеҳ нигоҳ дошта шудаанд, чунин менависам:+
2 Бигзор раҳм, осоиштагӣ ва муҳаббат ба шумо боз ҳам бештар дода шавад.
3 Эй азизонам, пеш аз ин ман бисёр мехостам ба шумо дар бораи наҷоте, ки ҳамаи мо соҳибем, бинависам,+ вале ҳоло зарур медонам шуморо даъват кунам, то барои чизҳое, ки ба онҳо имон дореду як бор ва барои ҳамеша ба покон таълим дода шудаанд, сахт мубориза баред.+ 4 Сабаби ин суханонро навиштанам он аст, ки ба миёни шумо баъзе касоне роҳ ёфтаанд, ки Навиштаҳо кайҳо барояшон маҳкумиятро пешбинӣ кардааст. Ин худобехабарон бо лутфу марҳамати Худои мо беҳаёгии*+ худро сафед карда, Соҳиб ва Сарвари ягонаамон Исои Масеҳро рад мекунанд.+
5 Мехоҳам он чизеро, ки шумо нағз медонед, бори дигар хотиррасон кунам: Яҳува халқи худро аз сарзамини Миср наҷот дод,+ вале баъд беимононро несту нобуд кард.+ 6 Ҳамчунин ӯ фариштагонеро, ки мавқеи аввалаашонро нигоҳ надошта, ҷову макони худро тарк карданд,+ барои доварии рӯзи бузург дар зулмоти тор, дар қайду банди абадӣ, нигоҳ медорад.+ 7 Ба ин монанд, мардуми Садӯму Амӯро ва шаҳрҳои гирду атрофашон ба бадахлоқии ҷинсии* гӯшношунид дода шуданд ва аз пайи қонеъ кардани хоҳишҳои шаҳвонии ғайритабиӣ гаштанд.+ Онҳо ба оташи абадӣ маҳкум шуда, ҷазои худро гирифтанд ва аз ин рӯ барои мо огоҳие мебошанд.+
8 Бо вуҷуди ин огоҳиҳо он хаёлпарастон низ ҷисми худ ва дигаронро нопок мегардонанд, ҳокимиятро хор медоранд ва ҷалолёфтагонро бадгӯйӣ мекунанд,+ 9 ҳол он ки ҳатто Микоили+ сарвари фариштагон,+ вақте бо Иблис дар бораи ҷасади Мӯсо+ баҳс менамуд, ҷуръат накард, ки бо суханони бад ӯро маҳкум кунад,+ балки фақат чунин гуфт: «Бигзор Яҳува туро ҳукм кунад».+ 10 Ин одамон бошанд, дар бораи чизҳое, ки дар асл намефаҳманд,+ суханони бад мегӯянд ва фақат ҳаминро мефаҳманд, ки чун ҳайвонҳои бефаҳм+ аз пайи майли табиияшон рафта, худро фосид созанд.
11 Вой бар ҳоли онҳо, зеро аз пайи Қобил+ рафтаанд, чун Билъом+ барои музд роҳи хаторо пеш гирифтаанд ва мисли Қӯраҳ+ аз суханони исёнкоронаи худ нобуд гаштаанд.+ 12 Онҳо харсангҳои зериобие ҳастанд, ки ҳамроҳи шумо дар зиёфатҳои дӯстона+ хӯрок мехӯранд, чӯпонони беинсофеянд, ки фақат дар ғами шиками худанд,+ абрҳои беобанд, ки бо шамол ронда мешаванд,+ дарахтони бемеваи охири тирамоҳанд, ки мурдаву хушк гашта*, решакан шудаанд, 13 мавҷҳои пурталотуми баҳранд, ки корҳои нангини худро монанди кафк ба соҳил мебароранд,+ ситорагонеянд, ки роҳу равиши муайян надоранд ва барояшон зулмоти тору абадӣ нигоҳ дошта шудааст.+
14 Ҳанӯх+ низ, ки баъд аз Одам насли ҳафтум буд, дар бораи онҳо чунин пешгӯйӣ кардааст: «Яҳува бо даҳҳо ҳазор фариштагони поки худ омад,+ 15 то ҳамаи одамонро доварӣ кунад+ ва тамоми худобехабаронро барои тамоми корҳои худобехабаронаашон ва барои тамоми суханони даҳшатноке, ки ин гунаҳкорони худобехабар дар ҳаққи ӯ гуфтаанд, маҳкум намояд».+
16 Онҳо доимо шикоят мекунанд+ ва аз ҳаёташон норозиянду аз пайи хоҳишҳои худ ҳастанд.+ Онҳо бисёр манманӣ мекунанд ва ба умеди фоида хушомад мезананд.+
17 Аммо шумо, эй азизон, суханонеро, ки расулони Ҳазратамон Исои Масеҳ пештар гуфта буданд*, ба хотир оред. 18 Онҳо чунин мегуфтанд: «Дар замони охир масхарагарони худобехабаре пайдо мешаванд, ки аз пайи хоҳишҳои бадашон мераванд».+ 19 Инҳо касонеянд, ки ҷудоӣ меандозанд,+ одамони нафсоние мебошанд, ки рӯҳи Худоро надоранд. 20 Шумо бошед, эй азизон, худро бо имони бағоят поку муқаддасатон устувор гардонед ва бо рӯҳи муқаддас дуо гӯед,+ 21 то дилсӯзии Ҳазратамон Исои Масеҳро, ки сӯйи ҳаёти ҷовидонӣ мебарад,+ интизор шуда, сазовори муҳаббати Худо бимонед.+ 22 Ҳамчунин бо касоне, ки шубҳа доранд,+ бо дилсӯзӣ рафтор кунед;+ 23 онҳоро аз оташ бароварда наҷот диҳед.+ Бо дигарон низ дилсӯзона рафтор кунед, аммо инро бо тарс ба ҷо оред ва ҳатто аз либосе, ки ба корҳои ҷисм олуда шудааст, нафрат кунед.+
24 Онеро, ки қудрат дорад шуморо аз пешпо хӯрдан нигоҳ дорад ва дар ҳузури ҷалолаш беайб ҳозир созаду+ хурсандии зиёд бахшад, 25 Худои яккаву ягона ва Наҷотбахшамонро ба воситаи Ҳазратамон Исои Масеҳ аз азал то ҳол ва то абад ҷалол, бузургӣ, қудрат ва ҳокимият бод! Омин.