Яъқуб
3 Эй бародаронам, ҳамаатон омӯзгор нашавед, зеро медонед, ки Худо дар вақти доварӣ карданаш аз мо бисёртар талаб мекунад.+ 2 Ҳамаи мо бисёр хато мекунем*.+ Касе дар сухан хато намекунад, одами комил аст, ки метавонад ҷилави тамоми баданашро кашад. 3 Агар мо барои ба итоат даровардани аспон ба даҳонашон лаҷом занем, он гоҳ тамоми бадани онҳоро идора мекунем. 4 Бинед, ки чӣ тавр киштиҳо низ, гарчанд бузурганду бо шамоли сахт ронда мешаванд, бо суккони* хурд ба кадом тарафе киштирон хоҳад, равона карда мешаванд.
5 Ба ин монанд, забон низ, гарчанд узви хурд аст, аз ҳад зиёд манманӣ мекунад. Бин, ки оташи чӣ қадар хурд лозим аст, то ҷангали бузурге аланга занад. 6 Забон ҳам оташ аст.+ Дар байни ҳамаи узвҳои бадан забон пур аз бадист, чунки аз оташи водии Ҳиннӯм* аланга гирифта, тамоми баданро нопок мегардонаду+ ҳаёти инсонро месӯзонад. 7 Одамон ҳар хел даррандагон, парандагон, хазандагон ва ҳайвонҳои баҳриро ром карда метавонанд ва ром мекунанд. 8 Лекин забонро ҳеҷ кас ром карда наметавонад. Забон саркашу зиёновар ва пур аз заҳри марговар аст.+ 9 Бо забон мо Падарамон Яҳуваро ситоиш мекунем ва бо ҳамон забон ба одамон, ки «ба сурати Худо»+ офарида шудаанд, лаънат мегӯем. 10 Аз як даҳон ҳам баракат ва ҳам лаънат мебарояд.
Эй бародаронам, набояд ин тавр бошад.+ 11 Оё аз як чашма ҳам оби ширин ва ҳам оби шӯр мебарояд? 12 Эй бародарон, магар дарахти анҷир зайтун ё токи ангур анҷир дода метавонад?+ Ба ин монанд, аз чашмае, ки обаш шӯр аст, оби ширин баромада наметавонад.
13 Кӣ дар миёни шумо хирадманду бофаҳм аст? Бигзор ӯ бо рафтораш нишон диҳад, ки ҳар корро бо нармдилии хирадмандона ба ҷо меорад. 14 Аммо, агар дар дилатон рашку ҳасад+ ва ҷангҷӯйӣ*+ дошта бошед, фахр накунед+ ва дар ҳаққи ростӣ дурӯғ нагӯед. 15 Ин хирад аз боло нест, балки заминӣ,+ нафсонӣ ва шайтонист, 16 зеро, ҳар ҷое ки рашку ҷангҷӯйӣ* бошад, он ҷо бесарусомонӣ ва ҳар гуна кори бад сар мезанад.+
17 Аммо хираде, ки аз болост, аввалан пок+ аст, баъдан сулҳҷӯ,+ бомулоҳиза*,+ фармонбардор, пур аз раҳм ва самари нек,+ дурӯя нест+ ва ҳамаро бо як чашм мебинад.+ 18 Самари росткорӣ бошад, барои* сулҳҷӯён+ дар сулҳу осоиштагӣ кошта мешавад.+