2 Воқеанома
30 Ҳизқиё тамоми Исроил+ ва Яҳудоро хабар кард ва ҳатто ба Эфроиму Менашше+ номаҳо навишт, ки ба хонаи Яҳува, ба Ерусалим омада, Иди Раҳоиро барои Яҳува, Худои Исроил, ҷашн бигиранд.+ 2 Аммо подшоҳ, мирони ӯ ва тамоми ҷамоат дар Ерусалим қарор карданд, ки Иди Раҳоиро дар моҳи дуюм ҷашн гиранд,+ 3 зеро онро дар вақташ ҷашн гирифта натавонистанд.+ Сабаб дар он буд, ки коҳиноне, ки худро пок карда буданд, кам буданд+ ва халқ низ дар Ерусалим ҷамъ нашуда буд. 4 Дар моҳи дуюми ҷашн гирифтани ид дар назари подшоҳ ва тамоми ҷамоат дуруст тофт. 5 Онҳо қарор карданд, ки дар саросари Исроил, аз Баир-Шобаъ то Дон,+ эълон намоянд, ки халқ омада, барои Яҳува, Худои Исроил, Иди Раҳоиро дар Ерусалим ҷашн гирад, зеро онҳо идро ҳамакаса мувофиқи он чӣ навишта шуда буд, ҷашн нагирифта буданд.+
6 Пас аз ин хабаррасонон* мувофиқи фармони подшоҳ бо номаҳои ӯ ва миронаш ба саросари Исроил ва Яҳудо рафта, гуфтанд: «Эй халқи Исроил, сӯйи Яҳува, Худои Иброҳим, Исҳоқ ва Исроил, баргардед, то ӯ сӯйи бақияе, ки аз дасти шоҳони Ошур+ халосӣ ёфт, баргардад. 7 Мисли бобоёну бародаронатон рафтор накунед, ки ба Яҳува, Худои падаронашон, бевафоӣ карданд ва ӯ онҳоро, чуноне ки ҳоло мебинед, гирифтори даҳшат кардааст.+ 8 Монанди бобоёнатон якравӣ накунед.+ Ба Яҳува гардан фароред ва ба муқаддасгоҳаш, ки барои ҳамеша поку муқаддас намудааст, омада,+ ба Худоятон Яҳува хизмат кунед, то оташи ғазаби ӯ аз шумо дур шавад.+ 9 Агар шумо сӯйи Яҳува баргардед, асиркунандагон ба бародарону писаронатон раҳм мекунанд+ ва иҷозат медиҳанд, ки ба ин замин баргарданд,+ зеро Худоятон Яҳува дилсӯзу меҳрубон аст+ ва, агар сӯяш баргардед, аз шумо рӯй наметобад».+
10 Хабаррасонон* дар саросари Эфроим, Менашше+ ва ҳатто то Забулун шаҳр ба шаҳр гаштанд, вале мардум онҳоро мазоқу масхара карданд.+ 11 Бо вуҷуди ин дар Ошер, Менашше ва Забулун одамоне буданд, ки худро хоксор гардонда, ба Ерусалим омаданд.+ 12 Дасти Худо бо Яҳудо низ буд, то онҳоро якдил созаду онҳо амри подшоҳ ва миронро, ки мувофиқи каломи Яҳува буд, ба ҷо оранд.
13 Дар моҳи дуюм+ мардуми бисёре барои ҷашн гирифтани Иди Фатир+ дар Ерусалим ҷамъ шуд ва он ҷамоат бузург буд. 14 Онҳо бархестанду қурбонгоҳҳоеро, ки дар Ерусалим буданд,+ ва ҳамаи қурбонгоҳҳои+ бухурсӯзиро гирифта, ба водии Қидрӯн партофтанд. 15 Сипас онҳо дар рӯзи 14-уми моҳи дуюм қурбонии Иди Раҳоиро сар буриданд. Он вақт коҳинону левизодагон хиҷолат кашида худро пок намуданд ва ба хонаи Яҳува қурбониҳои сӯхтанӣ оварданд. 16 Онҳо мувофиқи Тавроти* Мӯсо, бандаи Худо, дар ҷойҳои муқарраршуда истоданд ва коҳинон хунро аз дасти левизодагон гирифта, пошиданд.+ 17 Дар он ҷамъомад бисёр касон худро пок накарда буданд,+ барои ҳамин левизодагонро таъйин карданд, ки барои онҳо қурбонии Иди Раҳоиро сар бурида, онҳоро барои Яҳува пок созанд. 18 Мардуми бисёре, хусусан касоне, ки аз Эфроим, Менашше,+ Иссокор ва Забулун буданд, худро пок накарда буданд ва бархилофи он чӣ навишта шуда буд, хӯроки Иди Раҳоиро хӯрданд, аммо Ҳизқиё дар ҳаққи онҳо чунин дуо гуфт: «Бигзор Яҳува, ки некуст,+ 19 ҳар он касеро, ки дилашро ба ҷустани Худованд, Яҳува, Худои бобоёнаш, омода сохтааст,+ бубахшад, ҳарчанд ӯ худро барои ин маросими муқаддас пок накардааст».+ 20 Он гоҳ Яҳува ба Ҳизқиё гӯш дода, аз гуноҳи мардум гузашт*.
21 Исроилиёне, ки дар Ерусалим буданд, Иди Фатирро+ бо шодии бузург+ ҳафт рӯз ҷашн гирифтанд ва левизодагону коҳинон созҳои ҳамду санои Яҳуваро баланд навохта, ҳар рӯз Яҳуваро ситоиш менамуданд.+ 22 Илова бар ин, Ҳизқиё ҳамаи левизодагонро, ки бо фаҳму хирад ба Яҳува хизмат мекарданд, бо суханонаш рӯҳбаланд кард*. Онҳо ҳафт рӯзи ид хӯрданд,+ қурбониҳои осоиштагӣ оварданд+ ва Яҳува, Худои бобоёнашонро, шукргузорӣ намуданд.
23 Пас аз ин тамоми ҷамоат қарор кард, ки идро боз ҳафт рӯз ҷашн гирад, ва онҳо ҳафт рӯзи дигар дар он ид хурсандӣ карданд.+ 24 Ҳизқиёи шоҳи Яҳудо барои ҷамоат 1000 буққа ва 7000 гӯсфанд хайр кард, мирон барои ҷамоат 1000 буққа ва 10 000 гӯсфанд доданд+ ва коҳинони бисёре худро пок намуданд.+ 25 Дар он рӯзҳо тамоми ҷамоати Яҳудо, коҳинон, левизодагон, тамоми ҷамоате, ки аз Исроил омада буд,+ ғарибоне,+ ки аз замини Исроил омада буданд, ва онҳое, ки дар Яҳудо мезистанд, хурсандӣ карданд. 26 Он вақт дар Ерусалим шодии бузурге буд, зеро аз рӯзҳои Сулаймони писари Довуди шоҳи Исроил чизи ба ин монанде дар Ерусалим рӯй надода буд.+ 27 Дар охир коҳинони левизода бархеста, мардумро дуои нек карданд+ ва дуои онҳо ба даргоҳи поки Худо, ба осмон, бирасид ва ӯ онҳоро шунид.