2 Подшоҳон
13 Писари Довуд, Абшолӯм, хоҳари хушрӯе дошт, ки номаш Томор+ буд, ва Амнӯни+ писари Довуд ба ӯ ошиқ шуд. 2 Амнӯн аз ишқи хоҳараш Томор чунон азоб мекашид, ки бемор шуд. Аммо Томор духтари бокира буд ва дар назари Амнӯн ғайриимкон буд, ки бо ӯ коре кунад. 3 Амнӯн ҷӯрае дошт, ки номаш Юнодоб+ буд. Юнодоб писари Шимъои+ бародари Довуд ва шахси хеле зирак буд. 4 Ӯ ба Амнӯн гуфт: «Чаро ту, эй шоҳзода, ҳар саҳар ин қадар зиқ ҳастӣ? Канӣ ба ман бигӯ». Амнӯн ҷавоб дод: «Ман ба Томор, хоҳари+ бародарам Абшолӯм, ошиқ шудам». 5 Юнодоб ба ӯ гуфт: «Бар бистари худ хобида, худро бемор вонамуд кун. Вақте падарат ба хабаргирии ту биёяд, ба ӯ бигӯ: “Илтимос, бигзор хоҳарам Томор омада, ба ман хӯрок диҳад. Агар ӯ хӯроки беморонро* дар пеши назарам тайёр кунад, ман аз дасти ӯ онро мехӯрам”».
6 Амнӯн хобида, худашро бемор гирифт ва подшоҳ ба хабаргирии ӯ омад. Он гоҳ Амнӯн ба подшоҳ гуфт: «Илтимос, бигзор хоҳарам Томор омада, дар пеши назарам барои ман ду чалпаки дилча пазад, то ман аз дасташ хӯрок хӯрам». 7 Довуд ба хона, ба назди Томор, кас фиристода, гуфт: «Илтимос, ба хонаи бародарат Амнӯн рафта, барояш хӯрок* паз». 8 Томор ба хонаи бародараш Амнӯн, ки бар бистар хобида буд, омад. Ӯ орд гирифта, хамир кард ва дар пеши назари бародараш чалпак пухт. 9 Сипас ӯ тобаро барояш холӣ кард, аммо Амнӯн хӯрдан нахост ва гуфт: «Ҳама аз ин ҷо барояд!» Ҳама аз пеши ӯ баромад.
10 Он гоҳ Амнӯн ба Томор гуфт: «Хӯрокро ба хонаи хобам биёр, то ки аз дастат бихӯрам». Томор чалпакҳои дилчаеро, ки пухта буд, ба назди бародараш Амнӯн, ба хонаи хобаш, овард. 11 Вақте ӯ онҳоро ба назди Амнӯн овард, то ки бихӯрад, Амнӯн ӯро дошта, гуфт: «Биё, эй хоҳарам, бо ман бихоб». 12 Аммо Томор ба ӯ гуфт: «Не, бародарам, маро шармандаву беномус накун, зеро дар Исроил чунин намекунанд.+ Ба ин кори паст даст назан.+ 13 Ман бо ин шармандагӣ чӣ хел сарамро бардошта мегардам? Ту бошӣ, дар Исроил яке аз одамони расвою беобрӯ мешавӣ. Илтимос, бо подшоҳ гап зан, зеро ӯ ҳаргиз маро аз ту дареғ намедорад». 14 Лекин Амнӯн ба вай гӯш надод ва бо зӯрӣ ба номусаш таҷовуз кард. 15 Пас аз ин Амнӯн аз ӯ сахт нафрат кард, ба тавре ки нафраташ аз муҳаббаташ сахттар буд. Амнӯн ба ӯ гуфт: «Хеста, аз ин ҷо дафъ шав!» 16 Аммо ӯ гуфт: «Не, бародарам, ин тавр накун, чунки маро пеш карда, ту аз он чӣ бо ман кардӣ, кори бадтаре мекунӣ!» Лекин вай ба ӯ гӯш надод.
17 Он гоҳ Амнӯн хизматгорашро ҷеғ зада, гуфт: «Ин одамро аз пеши ман бароварда, дарро аз пушташ қулф кун». 18 (Томор дар тан куртаи рангоранг* дошт, чунки шоҳдухтарони бокира чунин либос мепӯшиданд.) Хизматгори Амнӯн Томорро берун карда, дарро аз пасаш маҳкам кард. 19 Томор бар сараш хокистар пошид+ ва куртаи рангаеро, ки дар тан дошт, чок кард. Ӯ дастонашро бар сар гузошта роҳ мерафт ва доду фарёд мезад.
20 Бародари Томор — Абшолӯм,+ ба вай гуфт: «Ин кори бародарат Амнӯн аст? Хомӯш бош, хоҳарам. Вай бародари туст.+ Аз ин кор дилатро реш накун». Баъд аз ин ҳодиса Томор худро аз дигарон дур гирифта дар хонаи бародараш Абшолӯм зиндагӣ кард. 21 Вақте ки шоҳ Довуд ҳамаи инро шунид, сахт ба қаҳр омад.+ Вале ӯ нахост, ки писараш Амнӯнро ранҷонад, чунки вайро, писари аввалинаш ки буд, дӯст медошт. 22 Абшолӯм бошад, ба Амнӯн ягон гапи бад ё нек нагуфт, лекин аз Амнӯн нафрат дошт,+ чунки вай ба номуси хоҳараш Томор даст зад.+
23 Баъди ду соли расо, вақте пашмбурони чорвои Абшолӯм дар Баал-Ҳосӯр, назди Эфроим,+ буданд, Абшолӯм ҳамаи писарони подшоҳро ба он ҷо таклиф кард.+ 24 Абшолӯм ба назди подшоҳ даромада, гуфт: «Бандаат пашми гӯсфандонашро мебурад. Илтимос, ҳамроҳи ходимонат бо ман бирав». 25 Вале подшоҳ ба Абшолӯм гуфт: «Не, писарам, агар ҳамаи мо равем, ба ту вазнинӣ мекунем». Ҳарчанд Абшолӯм бисёр илтимос кард, шоҳ розӣ нашуд ва Абшолӯмро дуои нек кард. 26 Сипас Абшолӯм хоҳиш кард: «Набошад ақаллан бародарам Амнӯн бо мо биравад».+ Подшоҳ бошад, гуфт: «Рафтани ӯ чӣ даркор аст?» 27 Аммо Абшолӯм бисёр илтимос кард ва шоҳ Амнӯну ҳамаи дигар шоҳзодагонро бо ӯ фиристод.
28 Абшолӯм ба ходимонаш фармуда гуфт: «Бодиққат бошед ва, ҳамин ки дили Амнӯн аз шароб хуш шаваду ба шумо гӯям: “Амнӯнро зарба занед!”, ӯро бикушед. Натарсед, ин, охир, амри ман аст. Қавӣ ва далер бошед». 29 Ходимони Абшолӯм бо Амнӯн, ҳамон тавре ки хоҷаашон фармуд, рафтор карданд. Он гоҳ ҳамаи шоҳзодагон бархостанд ва ҳар яке ба хачири худ савор шуда, гурехтанд. 30 Онҳо ҳанӯз дар роҳ буданд ки, ба Довуд хабар расид: «Абшолӯм ҳамаи шоҳзодагонро зарба задааст, ягонтои онҳо зинда намонд». 31 Инро шунида подшоҳ бархост ва либосашро чок зада, худро ба замин партофт. Ҳамаи ходимонаш низ либосашонро чок заданд ва дар наздаш меистоданд.
32 Аммо Юнодоби+ писари Шимъои+ бародари Довуд гуфт: «Бигзор хоҷаам фикр накунад, ки ҳамаи шоҳзодагони ҷавон кушта шудаанд, балки фақат Амнӯн мурдааст.+ Инро бо амри Абшолӯм карданд, зеро, аз рӯзе ки Амнӯн ба номуси хоҳараш Томор+ расид,+ вай чунин қасд дошт.+ 33 Бигзор хоҷаам подшоҳ ба хабари он ки ҳамаи шоҳзодагон кушта шудаанд, гӯш накунад, зеро фақат Амнӯн мурдааст».
34 Дар ин миён Абшолӯм гурехт.+ Чанде пас дидбон чашмашро бардошта дид, ки аз ақиб, аз роҳи назди кӯҳ, одамони бисёре меоянд. 35 Юнодоб+ ба подшоҳ гуфт: «Бубин, чуноне ки бандаат гуфта буд, шоҳзодагон баргаштанд». 36 Ҳамин ки ӯ гапашро тамом кард, шоҳзодагон бо овози баланд гиря карда даромаданд. Подшоҳ ва тамоми ходимонаш низ зор-зор гиристанд. 37 Абшолӯм бошад, гурехта, ба назди Талмайи+ писари Аммиҳуд, подшоҳи Ҷашур, омад. Довуд барои писараш Амнӯн рӯзҳои зиёд мотам гирифт. 38 Пас аз он ки Абшолӯм ба Ҷашур+ гурехт, дар он ҷо се сол монд.
39 Ниҳоят шоҳ Довуд ба марги Амнӯн тан дод* ва Абшолӯмро пазмон шуд.