Панднома
3 Роҳи одамро аҳмақии худаш каҷ мекунад,
Вале дили ӯ аз Яҳува хашмгин мешавад.
4 Сарватманд дӯстони зиёд дорад,
Лекин камбағал аз дӯсти ягонааш ҳам ҷудо мешавад.+
6 Бисёриҳо розигии соҳибмансабро* меҷӯянд
Ва ба шахсе, ки туҳфа медиҳад, ҳама дӯст аст.
7 Тамоми бародаронаш ки аз бечора нафрат дошта бошанд,+
Чӣ ҷойи ҳайрат, ки дӯстонаш низ аз ӯ дурӣ меҷӯянд?!+
Ӯ зориву илтиҷо мекунад, лекин онҳо гӯш намекунанд.
8 Ҳар кӣ аз пайи ақлу хирад аст, худро дӯст медорад.+
Ҳар кӣ рамузфаҳмиро қадр кунад, комёб мешавад.+
9 Шоҳиди бардурӯғ бе ҷазо намемонад
Ва касе ҳар дам дурӯғ гӯяд, нобуд мешавад.+
10 Аблаҳро дар нозу неъмат зиндагӣ кардан намезебад,
Ба ғулом-ку бар мирон ҳукмронӣ кардан ҳаргиз раво нест.+
12 Ғазаби подшоҳ мисли ғурриши шер аст,+
Лекин лутфи ӯ мисли шабнами сабзазор.
14 Хонаву боигарӣ мероси падар аст,
Вале зани боандеша аз ҷониби Яҳува аст.+
15 Танбалӣ хоби гарон меорад
Ва бекорхӯҷа гирифтори гуруснагӣ мешавад.+
16 Ҳар кӣ амрҳоро риоя кунад, ҳаёташро нигаҳ медорад,+
Ҳар кӣ қадамашро дониста намонад, ҳаёташро аз даст медиҳад.+
19 Хашмгин ҷазо мебинад,
Агар ӯро халос кардан хоҳӣ, маҷбурӣ, ки инро такрор ба такрор кунӣ.+
21 Дили одам нақшаи бисёр дорад,
Вале хости Яҳува иҷро мешавад.+
22 Зебоии инсон меҳру вафои ӯст+
Ва камбағалӣ беҳ аз дурӯғгӯйист.
24 Танбал дасташро дар табақ меандозад,
Аммо хушаш намеояд, ки луқмаро то даҳонаш барад.+
26 Ҳар кӣ падарашро хор дораду модарашро биронад,
Нангу шармандагӣ меорад.+
27 Эй писарам, агар аз насиҳат сар печӣ,
Аз роҳи дониш дур мешавӣ.