Юҳанно
12 Шаш рӯз пеш аз Иди Раҳоӣ Исо ба Байт-Ҳинӣ омад. Лаъзор,+ ки Исо ӯро аз мурдагон зинда карда буд, дар ҳамон деҳа мезист. 2 Дар он ҷо барои Исо хӯроки шом тайёр карданд. Марто ба меҳмонон хизмат мекард+ ва Лаъзор ҳамроҳи дигарон бо Исо дар сари дастархон нишаста буд. 3 Он гоҳ Марям тахминан 300 грамм* равғани тозаи хушбӯй ва қиматбаҳоеро, ки аз нардсунбул буд, гирифта, ба пойҳои Исо рехт ва бо мӯяш хушконид. Бӯйи он равғани атрафшон хонаро пур кард.+ 4 Вале яке аз шогирдон — Яҳудои Исқарют,+ ки ба Исо хиёнат карданӣ буд, гуфт: 5 «Ин равғани хушбӯйро ба 300 динор* фурӯхта, ба камбағалон тақсим кардан беҳтар набуд?» 6 Ӯ ин суханонро на аз барои он гуфт, ки ғами камбағалонро мехӯрд, балки, барои он ки дузд буд: қуттии пул дар дасти вай буд ва ӯ аз пуле, ки ба он меандохтанд, медуздид. 7 Исо бошад, гуфт: «Ӯро ба ҳоли худ мон. Бигузор, ки ин маросимро ба ҷо оварда маро барои рӯзи дафнам тайёр кунад.+ 8 Камбағалон ҳама вақт бо шумо ҳастанд,+ ман на ҳама вақт бо шумоям».+
9 Дар ин миён яҳудиёни бисёре дар он ҷо будани Исоро фаҳмида омаданд, то на танҳо Исо, балки Лаъзорро низ, ки ӯ аз мурдагон зинда карда буд, бубинанд.+ 10 Он гоҳ коҳинони калон маслиҳат карданд, ки Лаъзорро низ кушанд, 11 зеро бисёри яҳудиён маҳз барои дидани ӯ ба он ҷо мерафтанд ва ба Исо имон меоварданд.+
12 Рӯзи дигар мардуми бисёре, ки ба ид омада буданд, фаҳмиданд, ки Исо ба Ерусалим омада истодааст. 13 Онҳо шохаҳои нахл дар даст ба пешвози ӯ баромада, хитоб мекарданд: «Худоё, илтиҷо мекунем, ӯро дар паноҳат нигаҳ дор! Барака ёбад касе, ки ба номи Яҳува меояд!+ Барака ёбад Подшоҳи Исроил!»+ 14 Исо курраеро* ёфта, бар он нишаст,+ чунон ки навишта шудааст: 15 «Натарс, эй духтари Сион! Ана, подшоҳи ту бар куррае* савор шуда меояд».+ 16 Шогирдонаш дар аввал ба ҳамаи ин сарфаҳм нарафтанд, лекин, вақте Исо ҷалол ёфт,+ онҳо ба хотир оварданд, ки ин чизҳо дар бораи ӯ навишта шуда буданду бо ӯ ҳамин тавр ҳам рӯй дод.+
17 Одамоне, ки Исо дар пеши чашмашон Лаъзорро аз қабр ҷеғ зада,+ зинда карда буд, дар бораи чизи дидаашон шаҳодат медоданд.+ 18 Аз ин сабаб низ мардуме, ки овозаи муъҷизаи Исоро шунида буданд, ба пешвози ӯ баромаданд. 19 Фарисиён бошанд, ба якдигар мегуфтанд: «Оё намебинед, ки аз дастамон чизе намеояд?! Бинед, тамоми ҷаҳон аз пайи ӯ меравад».+
20 Дар байни касоне, ки барои парастиш ба ид омада буданд, юнониҳо низ буданд. 21 Онҳо назди Филиппус,+ ки аз Байт-Сайдои Ҷалил буд, омада, хоҳиш карданд: «Ака, мо мехоҳем Исоро бинем». 22 Филиппус рафта, инро ба Андриёс гуфт ва сипас ҳар дуи онҳо инро ба Исо гуфтанд.
23 Исо ба шогирдонаш чунин гуфт: «Вақти он расидааст, ки Фарзанди одам ҷалол ёбад.+ 24 Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки, агар донаи гандум ба замин афтода намирад, танҳо худаш мемонад, вале, агар бимирад,+ ҳосили фаровон меорад. 25 Ҳар кӣ ҷонашро азиз дорад, онро барбод медиҳад, вале ҳар кӣ дар ин ҷаҳон аз ҷонаш нафрат кунад,+ онро барои ҳаёти ҷовидонӣ нигоҳ медорад.+ 26 Ҳар касе, ки ба ман хизмат кардан хоҳад, бигзор маро пайравӣ намояд ва ҳар ҷое, ки ман бошам, хизматгузори ман низ ҳамон ҷо мешавад.+ Ҳар касе, ки ба ман хизмат кунад, Падар ӯро иззат мекунад. 27 Ҳоло ман дар изтироб ҳастам.+ Чӣ гӯям? Эй Падар, маро аз он чӣ дар пеш аст,* раҳо кун.+ Аммо ман маҳз барои ҳамин омадаам. 28 Эй Падар, номи худро ҷалол деҳ». Он гоҳ садое+ аз осмон омад: «Ҷалол додаам ва боз ҷалол медиҳам».+
29 Мардуме, ки дар он ҷо истода буданд, инро шунида гуфтанд, ки ин ғурриши раъд буд. Баъзеҳо бошанд, гуфтанд: «Бо ӯ фариштае гап зад». 30 Исо дар ҷавоб гуфт: «Ин садо на барои ман, балки барои шумо буд. 31 Вақти доварӣ кардани ин ҷаҳон расидааст, акнун ҳокими ин ҷаҳон+ ронда мешавад.+ 32 Ман бошам, вақте аз замин боло бардошта мешавам*,+ ҳар гуна одамонро сӯйи худ ҷалб мекунам». 33 Ӯ инро барои он гуфт, то нишон диҳад, ки чӣ тавр мемурад.+ 34 Он гоҳ мардум гуфтанд: «Мо аз Таврот шунидаем, ки Масеҳ то абад мемонад.+ Чӣ тавр ту мегӯӣ, ки Фарзанди одам бояд боло бардошта шавад?+ Фарзанди одамаш кист?» 35 Исо ба онҳо гуфт: «Нур боз андаке дар миёни шумо мемонад. То даме ки равшанӣ доред, дар он роҳ равед, то ки торикӣ шуморо фаро нагирад. Ҳар кӣ дар торикӣ роҳ меравад, намедонад, ки ба куҷо рафта истодааст.+ 36 То даме ки нур бо шумост, ба он имон дошта бошед*, то писарони нур шавед».+
Исо ин суханонро гуфта, аз он ҷо рафт ва пинҳон шуд. 37 Ҳарчанд ӯ дар пеши назарашон муъҷизаҳои зиёде карда буд, онҳо ба ӯ имон наоварданд, 38 то гуфтаи пайғамбар Ишаъё ба амал ояд: «Эй Яҳува, кӣ ба сухане, ки аз мо шунид, имон овард?+ Ба кӣ дасти Яҳува маълум шуд?»+ 39 Сабаби бовар накардани онҳоро низ пайғамбар Ишаъё гуфта буд: 40 «Ӯ чашмони онҳоро кӯр кардааст ва дилҳои онҳоро сахт гардонидааст, то бо чашмонашон набинанд, гапам ба дилашон таъсир накунад ва сӯйи ман барнагарданду аз ман шифо наёбанд».+ 41 Ишаъё ин суханонро барои он гуфт, ки ҷалоли Масеҳро дида буд, ва дар бораи ӯ гап зад.+ 42 Бо вуҷуди ин бисёре аз роҳбарон ба Исо имон оварданд,+ лекин аз тарси фарисиён инро ошкоро намегуфтанд, то аз ибодатхона ронда нашаванд,+ 43 зеро ҷалоли одамонро аз ҷалоли Худо бештар дӯст медоштанд.+
44 Вале Исо бо овози баланд гуфт: «Ҳар кӣ ба ман имон орад, на танҳо ба ман, балки ба Фиристандаам низ имон меорад+ 45 ва ҳар кӣ маро бубинад, Фиристандаи маро низ мебинад.+ 46 Ман ҳамчун нур ба ҷаҳон омадам,+ то ҳар кӣ ба ман имон орад, дар торикӣ намонад.+ 47 Вале, агар касе суханони маро шунаваду риоя накунад, ман ӯро ҳукм намекунам, зеро на барои ҳукм кардани ҷаҳон омадаам, балки барои наҷот додани он.+ 48 Барои касе, ки маро ҳурмат намекунаду суханонамро қабул наменамояд, доваре ҳаст. Сухане, ки ман гуфтаам, ӯро дар рӯзи охирин доварӣ мекунад. 49 Охир, ман аз пеши худ сухан нагуфтаам, балки Падаре, ки маро фиристодааст, ба ман амр дод, ки чӣ гӯям,+ 50 ва ман медонам, ки амри ӯ сӯйи ҳаёти ҷовидонӣ мебарад.+ Пас, ҳар чизе, ки бигӯям, гуфтаи Падар аст».+