Ирмиё
43 Вақте Ирмиё ба тамоми халқ гуфтани ҳамаи суханони Худояшон Яҳуваро, яъне ҳар як суханеро, ки Худояшон Яҳува ба воситаи ӯ ба онҳо расонданӣ буд, тамом кард, 2 Азарёи писари Ҳушаъё, Юҳонони+ писари Қореаҳ ва тамоми мардуми худписанд ба Ирмиё гуфтанд: «Дурӯғ нагӯй! Худоямон Яҳува туро нафиристодааст ва ба ту нагуфтааст: “Ба Миср наравед ва дар он ҷо сокин нашавед”. 3 Туро Борухи+ писари Нериё бар зидди мо иғво андохтааст, то ба дасти калдониён супурда шавем ва онҳо моро нобуд созанд ё асир карда, ба Бобил баранд».+
4 Ҳамин тавр, Юҳонони писари Қореаҳ, тамоми сарлашкарон ва тамоми мардум ба овози Яҳува гӯш надоданд ва дар замини Яҳудо намонданд. 5 Юҳонони писари Қореаҳ ва ҳамаи сарлашкарон тамоми бақияи Яҳудоро, ки аз байни халқҳое, ки дар он пароканда шуда буданду ба замини Яҳудо баргашта, дар он сокин буданд, бо худ гирифтанд.+ 6 Онҳо мардон, занон, кӯдакон, духтарони подшоҳ ва ҳар касеро, ки сардори посбонон, Набузаръадон,+ ба Ҷадалёҳуи+ писари Аҳиқоми+ писари Шофон+ монда рафта буд, ва ҳамчунин пайғамбар Ирмиё ва Борухи писари Нериёро ҳамроҳи худ бурданд. 7 Онҳо ба овози Яҳува гӯш надода, ба замини Миср рафтанд ва то ба Таҳфанҳес+ расиданд.
8 Дар Таҳфанҳес аз ҷониби Яҳува ба Ирмиё чунин паём омад: 9 «Ба дастат сангҳои калонро гирифта, дар пеши чашми яҳудиён дар хиштфарши назди даромадгоҳи хонаи фиръавн, дар Таҳфанҳес, бимон ва болояшонро бо гили хиштрезӣ бипӯшон. 10 Сипас ба онҳо бигӯ: “Яҳува, Худованди лашкарҳо, Худои Исроил, чунин мегӯяд: “Ман бандаи худ, Набукаднесари подшоҳи Бобилро, мефиристам+ ва тахти ӯро бар ҳамин сангҳое, ки пинҳон кардаам, мегузорам ва ӯ бар онҳо хаймаи шоҳонаашро паҳн мекунад.+ 11 Ӯ омада, замини Мисрро зарба мезанад.+ Ҳар кӣ ба касалии марговар маҳкум гаштааст, ба касалии марговар гирифтор мешавад, ҳар кӣ ба асирӣ маҳкум гаштааст, ба асирӣ меравад ва, ҳар кӣ ба шамшер маҳкум гаштааст, аз шамшер мемирад.+ 12 Ман хонаҳои худоёни Мисрро оташ мезанам.+ Ӯ хонаҳояшонро сӯзонда, худашонро ба асирӣ мебарад. Чи тавре ки чӯпон ҷомаашро ба осонӣ бар танаш мепечонад, ҳамон тавр ӯ замини Мисрро ба осонӣ бар худ мепечонад ва соқу саломат аз он ҷо берун меояд. 13 Ӯ сутунҳои* Байт-Шемеши* замини Мисрро пора-пора мекунад ва хонаҳои худоёни Мисрро оташ мезанад”».