Панднома
7 Эй писарам, гуфтаҳоямро риоя кун
Ва амрҳоямро нигаҳ дор.+
2 Амрҳоямро ба ҷо оварда, умри дароз бин,+
Дастури маро чун гавҳараки чашм нигаҳ дор.
3 Онҳоро ба ангуштонат бибанд
Ва бар лавҳи дилат бинавис.+
4 Ба хирад бигӯ: «Ту хоҳари ман ҳастӣ»
Ва фаҳмро хеши худ бихон,
5 То худро аз зани бероҳа*+ нигаҳ дорӣ,
Аз зани бадахлоқ ва суханони дилфиреби ӯ.+
Дар миёни ҷавонон беақлеро дидам.+
8 Ӯ аз канори кӯчаи вай мегузашт
Ва сӯйи хонааш мерафт,
9 Вақти офтобнишин, шомгоҳон,+
Қарибии шаб ва зулмот, аз он ҷо гузар мекард.
10 Сипас ман занеро дидам, ки ба пешвози ӯ баромад,
Либосаш мисли фоҳиша+ ва дилаш пур аз макр буд.
12 Ӯ як дар қади кӯча асту як дар майдонҳо,
Дар назди ҳар гӯша камин мегирад.+
13 Ӯ он ҷавонро қапиду бӯса кард
Ва берӯёна ба вай гуфт:
15 Аз ин рӯ ба пешвози ту баромадам
Ва туро кофта, ёфтам.
16 Бар ҷогаҳам матоъҳои базеб,
Катони мисрии ранга, паҳн кардаам,+
17 Бар бистарам мурру уду дорчин пошидаам.+
18 Биё то саҳар аз ишқбозӣ сер шавем
Ва сармасти бӯсу канор гардем,
19 Зеро шавҳарам дар хона нест,
Ба сафари дур рафтааст.
20 Ӯ бо худ халтаи пул гирифтааст
Ва то рӯзи моҳи пурра барнамегардад».
21 Бо суханони дилфиреби бисёр ӯро гумроҳ месозад+
Ва бо ширинзабонӣ фирефта мекунад.
22 Ӯ дарҳол аз пайи вай меравад,
Мисли гове, ки ба куштан мебарандаш,
Мисли аблаҳе, ки бо занҷирҳо ҷазояш медиҳанд,+
23 То даме ки ба ҷигараш тир хӯрад,
Мисли парандае, ки сӯйи дом мешитобаду намедонад, ки ҷонашро аз даст медиҳад.+
24 Акнун, эй писаронам, ба ман гӯш диҳед,
Ба суханони даҳонам диққат кунед.
25 Эй писарам, нагузор, ки дилат ба роҳҳои ӯ майл кунад.
Ба пайраҳаҳои вай қадам намон,+
26 Зеро аз пушти ӯ бисёриҳо нобуд гаштаанд+
Ва одамони зиёде аз дасти ӯ кушта шудаанд.+
27 Хонаи ӯ сӯйи гӯр мебарад
Ва ба таҳхонаҳои марг фуруд меравад.