Румиён
9 Ман, ки пайрави Масеҳ ҳастам, дурӯғ намегӯям ва виҷдонам ба воситаи рӯҳи муқаддас шаҳодат медиҳад, ки, ба ростӣ, 2 ғаму ғуссаам азим аст ва сӯзи дилам поён надорад. 3 Ман тайёрам, ки худам ба ҷойи бародаронам, ки хешовандони ҳамхуни мананд, аз Масеҳ маҳрум шуда гирифтори лаънат гардам. 4 Онҳо исроилиянд, ки ба писархондӣ қабул шудаанд+ ва соҳиби ҷалол, аҳдҳо,+ Шариат,+ хизмати муқаддас+ ва ваъдаҳо+ гаштаанд. 5 Онҳо насли бобоёни моянд,+ ки аслу насаби одамии Масеҳ низ аз онҳост.+ Худоро, ки бар ҳама ҳукмрон аст, абадан ҳамду сано бод! Омин.
6 Вале ин маънои онро надорад, ки каломи Худо иҷро нагашт, чунки на ҳамаи онҳое, ки аз насли Исроиланд, дар асл, «Исроил» ҳастанд+ 7 ва на ҳамаи онҳое, ки аз насли Иброҳиманд,+ фарзандони ӯ мебошанд, балки, чуноне ки гуфта шудааст, «насле, ки ман ба ту ваъда кардаам, аз Исҳоқ ба дунё меояд».+ 8 Ҳамин тавр, на ҳамаи фарзандони Иброҳим, дар асл, фарзандони Худо ҳастанд.+ Насл танҳо онҳое ҳисоб меёбанд, ки мувофиқи ваъда+ таваллуд шудаанд. 9 Ваъда бошад, чунин буд: «Соли дигар, ҳамин вақт, бармегардам ва Соро соҳиби писар мешавад».+ 10 Аммо ваъда на фақат он вақт дода шуд, балки инчунин вақте, ки Ривқо аз бобоямон Исҳоқ дугоникҳоро ҳомила шуд.+ 11 Барои маълум гаштани он ки интихоби Худо на ба амали шахс, балки ба Даъваткунанда вобаста аст, пеш аз он ки дугоникҳо таваллуд шаванд ва кори бад ё неке кунанд, 12 ба Ривқо гуфта шуд: «Калонӣ ғуломи хурдӣ мешавад».+ 13 Ҳамчунин навишта шудааст: «Ман Яъқубро дӯст доштам, вале аз Эсов нафрат кардам».+
14 Пас, чӣ гӯем? Магар Худо беинсоф аст? Не, албатта!+ 15 Ӯ ба Мӯсо мегӯяд: «Ба ҳар кӣ хоҳам, раҳм мекунам ва ба ҳар кӣ хоҳам, дилсӯзӣ мекунам».+ 16 Пас, интихоби Худо на ба хоҳиш ё кӯшишҳои шахс, балки ба Худои раҳмдил вобаста аст.+ 17 Дар бораи фиръавн дар Навиштаҳо гуфта мешавад: «Ман туро барои он зинда гузоштам, ки қуввати худро дар мисоли ту нишон диҳам ва номам дар тамоми замин ҷалол ёбад».+ 18 Ҳамин тавр, ӯ ба касе хоҳад, раҳм мекунад ва ҳар касеро хоҳад, мегузорад, ки якрав шавад.+
19 Пас, ту ба ман хоҳӣ гуфт: «Набошад, барои чӣ ӯ боз айбдор мекунад? Охир, кӣ ба хости ӯ муқобил баромада метавонад?» 20 Эй инсон, худи ту кистӣ, ки ба Худо гапгардонӣ мекунӣ?+ Оё он чӣ сохта шудааст, ба созандаи худ мегӯяд: «Барои чӣ ту маро чунин сохтӣ?»+ 21 Магар кӯзагар+ қудрат надорад, ки аз ҳамон як гил як зарфро барои корҳои пуршараф ва дигареро барои корҳои паст созад? 22 Пас, чӣ ҷойи ҳайрат аст, ки Худо, ҳарчанд мехост хашму қудраташро нишон диҳад, зарфҳои сазовори ғазабро, ки барои нест кардан омода шудаанд, бо сабри азим тоқат мекард? 23 Ӯ чунин кард, то ҷалоли бузурги худро ба зарфҳои сазовори раҳм,+ ки онҳоро пешакӣ барои ҷалол ёфтан омода карда буд, маълум созад. 24 Зарфҳои сазовори раҳм моем, ки на танҳо аз байни яҳудиён, балки аз байни халқҳои дигар низ даъват шудаем.+ 25 Чуноне ки дар китоби Ҳушаъ низ гуфта шудааст: «Касонеро, ки халқи ман нестанд,+ “халқи худ” ва занеро, ки дӯстдошта набуд, “азиз” хоҳам номид;+ 26 он вақт ба онҳо ба ҷойи “шумо халқи ман нестед” “шумо писарони Худои зиндаед” мегӯянд».+
27 Беш аз ин, Ишаъё дар бораи Исроил мегӯяд: «Ҳатто агар писарони Исроил мисли реги баҳр сершумор шаванд, танҳо қисми хурде аз онҳо наҷот меёбад.+ 28 Яҳува бо халқҳои замин ҳисобу китоб мекунад ва ин корро бошитоб анҷом медиҳад».+ 29 Ишаъё боз гуфтааст: «Агар Яҳува, Худои лашкарҳо, барои мо насле намемонд, мисли Садӯм мегаштем ва ба Амӯро монанд мешудем».+
30 Пас, чӣ гӯем? Ҳарчанд халқҳои дигар аз пайи росткорӣ набуданд,+ онҳо имон оварданд ва дар пеши Худо росткор гаштанд,+ 31 халқи Исроил бошад, ҳарчанд мекӯшид аз рӯйи шариат росткор шавад, ба мақсад нарасид. 32 Чаро? Чунки онҳо мекӯшиданд, ки на аз рӯйи имон, балки бо рафтори худ росткор ҳисоб ёбанд. Онҳо ба «санги пешпо» бархӯрданду афтиданд,+ 33 чи тавре ки навишта шудааст: «Инак, ман дар Сион санги+ пешпо ва кӯҳпораи монеа мегузорам, вале ҳар кӣ имонашро бар он бино созад, ноумед намешавад».+