Ишаъё
10 Вой бар ҳоли онҳое, ки ҷабру ҷафоро ба ҳукми қонун медароранд,+
Бар касоне, ки доимо ҳукмҳои золимона мебароранд,
2 То ба доди камбағалон нарасанд,
Бечорагони халқи маро аз адл маҳрум созанд,+
Бевазанонро ғорат кунанд
Ва ятимонро тороҷ намоянд!+
Барои мадад сӯйи кӣ мешитобед?+
Ва бо сарвати* шумо чӣ мешавад?
4 Ғайр аз он ки байни зиндониён зону занед
Ва миёни куштагон биафтед, чорае надоред.
Аз сабаби бадкориҳояшон хашми ӯ паст нашудааст
Ва дасташ аз задан бознаистодааст.+
5 «Ана ошурӣ,+ ки калтакест барои фурӯ рехтани ғазаби ман,+
Ва асои дасташ барои иҷрои ҳукми ман аст!
6 Ман ӯро бар зидди халқи осӣ мефиристам,+
Бар зидди мардуме, ки маро ба ғазаб овардааст.
Ба ӯ мефармоям, ки ғорат кунаду ғанимати бисёре гирад
Ва онҳоро мисли лойи кӯчаҳо поймол намояд.+
7 Вале ӯ чунин ният нахоҳад дошт
Ва дар дил чунин нақша нахоҳад парварид.
Хоҳиши дили ӯ ин аст, ки як-ду халқро неву
Халқҳои бисёрро решакан ва нобуд кунад.
8 Ӯ мегӯяд:
“Магар мирони ман ҳамаашон подшоҳ нестанд?+
Ва Сомария+ мисли Димишқ+ нест?
10 Дасти ман мамлакатҳои худоёни беҳударо забт кардааст,
Мамлакатҳоеро, ки бутҳояшон аз бутҳои Ерусалим ва Сомария бисёртар буд!+
11 Ман бо Ерусалим ва бутҳояш
Ҳамон тавре мекунам, ки бо Сомария ва худоёни бекорааш кардам”.+
12 Вақте Яҳува бар кӯҳи Сион ва дар Ерусалим тамоми ниятҳояшро амалӣ гардонад, шоҳи Ошурро барои дили мағрур ва нигоҳи ҳавобаланду нописандонааш ҷазо медиҳад,+ 13 зеро ӯ чунин мегӯяд:
“Ман ин корро бо қуввати дасти худ
Ва бо хиради худ мекунам, зеро хирадмандам.
Ман сарҳадҳои халқҳоро мебардорам,+
Ганҷинаҳои онҳоро ғорат мекунам+
Ва чун паҳлавон бар мардум дастболо мешавам.+
14 Ба сарвати халқҳо
Чун ба лона даст дароз мекунам.
Тамоми чизҳои заминро
Чун тухмҳои бесоҳиб чида мегирам!
Он вақт ҷонзоде бол намезанад, даҳон намекушояд ва чириқ-чириқ намекунад”».
15 Магар табар худро аз табарзан боло мегузорад?
Магар арра худро аз аррагар баланд мегирад?
Магар калтак+ калтакдорро ҷунбонда метавонад
Ва асо каси асобадастро мебардорад?
16 Аз ин рӯ Яҳува, Худованди лашкарҳо,
Фарбеҳони ӯро хароб мекунад+
Ва зери ҷалолаш алов мемонаду он аланга мегирад.+
Он дармегирад ва хору хаси ӯро дар як рӯз месӯзонад.
19 Дарахтони боқимондаи ҷангалаш
Чунон кам мешаванд, ки кӯдак онҳоро шумурда метавонад.
20 Дар он рӯз бақияи Исроил
Ва касоне, ки аз хонадони Яъқуб зинда мемонанд,
Дигар ба занандаи худ такя намекунанд,+
Балки аз сидқи дил ба Яҳува,
Ба Худои Поки Исроил, таваккал мекунанд.
21 Танҳо бақия, бақияи Яъқуб,
Сӯйи Худои Тавоно бармегардад.+
23 Парвардигор Яҳува, Худои лашкарҳо, ҳукми қатл баровардааст
Ва он бар тамоми замин амалӣ мегардад.+
24 Аз ин рӯ Парвардигор Яҳува, Худои лашкарҳо, чунин мегӯяд: «Эй халқам, ки бар Сион сокинӣ! Аз ин ошурӣ, ки туро мисли Миср бо калтак мезад+ ва асояшро бар ту мебардошт,+ натарс, 25 зеро каме пас ғазаби ман мегузарад. Ман хашмамро фурӯ мерезам ва онҳо нест мешаванд.+ 26 Яҳува, Худои лашкарҳо, бар ӯ қамчин мебардорад,+ чун дар вақте ки Мидёнро назди харсанги Ӯриб шикаст дода буд,+ ва асояшро бар баҳр дароз хоҳад кард, чуноне ки бо Миср карда буд.+
Ин юғ ба сабаби равған шикаста мешавад».+
29 Онҳо аз пастоб гузаштанд,
Шабро дар Ҷабъа+ рӯз мекунанд.
Ромо меларзад, Ҷибъои+ Шоул гурехтааст.+
30 Дод гӯй ва фарёд зан, эй духтари Ҷаллим!
Гӯш андоз, эй Лайшо!
Вой бар ҳоли Анотӯт!+
31 Мадмено рӯ ба гурез овардааст.
Сокинони Ҷебим паноҳгоҳ меҷӯянд.
32 Худи ҳамин рӯз ӯ дар Нуб+ бозмеистад.
Ба кӯҳи духтари Сион, ба теппаи Ерусалим,
Бо мушт метарсонад.
33 Ана, Яҳува, Худованди лашкарҳо,
Шохаҳоро чунон мешиканад, ки кас аз садои он ба даҳшат меояд.+
Дарахтони баландтарин бурида мешаванд
Ва онҳое, ки қад кашидаанд, меафтанд.
34 Ӯ ҷангалзорро бо табар* мезанад
Ва Лубнон аз дасти пурзӯр фурӯ меғалтад.