5 Мӯсо
17 Гов ё гӯсфандеро, ки айбе ё камбудие дорад, барои Худоят Яҳува қурбонӣ накун. Ин барои Худоят Яҳува як чизи нафратовар аст.+
2 Чунин шуданаш мумкин аст, ки дар яке аз шаҳрҳое, ки Худоят Яҳува ба ту медиҳад, мард ё зане пайдо шавад, ки дар назари Худоят Яҳува кори баде мекунад ва аҳди ӯро мешиканад+ 3 ва гумроҳ шуда, худоҳои дигарро парастиш мекунад ва ба онҳо ё ба офтоб, моҳтоб ё тамоми лашкари осмон саҷда мебарад,+ яъне он чиро мекунад, ки ман нафармудаам.+ 4 Вақте туро аз ин хабардор созанд ё ту дар ин бора бишнавӣ, масъаларо нағзакак тафтиш кун. Агар ин рост барояд,+ яъне дар Исроил кори нафратоваре карда шуда бошад, 5 ту он мард ё занеро, ки ба ин кори бад даст задааст, назди дарвозаҳои шаҳр бар ва он мард ё занро сангсор карда, куш.+ 6 Шахс бояд дар асоси шоҳидии ду ё се кас+ ба марг маҳкум шавад. Ӯ набояд дар асоси шоҳидии як кас кушта шавад.+ 7 Барои куштани ӯ аввал бояд шоҳидон даст дароз кунанд, баъд тамоми мардум. Бадиро аз миёни худ дур кун.+
8 Агар дар яке аз шаҳрҳоят масъалае пайдо шавад, ки ҳал кардани он бароят душвор бошад, хоҳ масъалаи хунрезӣ бошад,+ хоҳ даъво, хоҳ зӯроварӣ ё дигар масъалаи баҳснок, бархоста, ба ҷойи муқарраркардаи Худоят Яҳува бирав.+ 9 Назди коҳинони левизода ва доваре,+ ки дар он рӯзҳо хизмат мекунад, рафта, бипурс ва онҳо нисбати масъалаи ту ҳукм мебароранд.+ 10 Сипас мувофиқи ҳукме, ки онҳо дар ҷойи муқарраркардаи Яҳува мебароранд, амал кун. Ҳама дастури онҳоро як ба як ба ҷо ор. 11 Мувофиқи қонуне, ки онҳо ба ту нишон медиҳанд ва ҳукме, ки ба ту эълон мекунанд, амал кун.+ Аз қарори баровардаи онҳо ба тарафи рост ё чап нагард.+ 12 Шахсе, ки худбоварона ба гапи довар ё ба гапи коҳине, ки хизмати Худоят Яҳуваро ба ҷо меорад, гӯш намедиҳад, бигзор кушта шавад.+ Бадиро аз Исроил дур кун.+ 13 Он гоҳ тамоми мардум инро шунида, метарсанд ва дигар худбоварона рафтор намекунанд.+
14 Вақте ба замине, ки Худоят Яҳува ба ту медиҳад, биёӣ ва онро соҳиб шуда, дар он зиндагӣ кунӣ ва бигӯӣ: “Мехоҳам мисли ҳама халқҳои гирду атроф бар худ подшоҳ таъйин кунам”,+ 15 он гоҳ ҳатман подшоҳеро таъйин кун, ки Худоят Яҳува хуш кунад.+ Подшоҳро аз байни бародаронат интихоб кун. Ғариберо, ки бародарат нест, бар худ подшоҳ таъйин накун. 16 Фақат ки подшоҳ набояд шумораи аспонашро зиёд кунад+ ё халқро гашта ба Миср барад, то аспони бештар ба даст орад,+ зеро Яҳува ба шумо гуфтааст: “Дигар бо ин роҳ барнагардед”. 17 Бигзор ӯ зани бисёр нагирад, то дилаш аз ман дур нашавад,+ ва бигзор барои худ нуқраю тиллои зиёде ҷамъ наорад.+ 18 Вақте ӯ ба тахти подшоҳӣ нишинад, бояд дар китобе* нусхаи ин Шариатро, ки дар дасти коҳинони левизода аст, барои худ рӯбардор кунад.+
19 Он бояд дар дасти ӯ бимонад ва ӯ бояд ҳар рӯзи ҳаёташ онро бихонад,+ то аз Худояш Яҳува тарсиданро ёд гирад ва тамоми суханони ин Шариат ва ҳамаи ин дастурҳоро риоя намояд.+ 20 Он гоҳ ӯ аз худ рафта* худро аз бародаронаш боло намегирад ва аз ин амр ба тарафи рост ё чап намеравад ва худашу писаронаш муддати дурудароз бар тахти подшоҳии Исроил мемонанд.