Ишаъё
53 Кӣ ба сухане, ки аз мо шунид*, имон овард?+
Ба кӣ дасти Яҳува+ маълум шуд?+
2 Вай мисли навда,+ мисли решае дар замини хушк, ба ҳузури ӯ хоҳад баромад.
Ӯ на андоми зебо ва на шукӯҳе дорад,+
Вақте ӯро дидем, андомаш моро ҷалб накард.
3 Мардум аз вай нафрат карданд ва худро дур гирифтанд.+
Ӯ касе буд, ки аз дарду беморӣ хабардор буд.
Рӯяш гӯё аз мо пинҳон буд*.
Назарамон ӯро нагирифт ва ӯро писанд накардем.+
Ва дардҳои моро ба худ бор кард,+
Мо бошем, гумон кардем, ки Худо ӯро задааст ва ба балову азоб гирифтор кардааст.
5 Вале ӯ барои гуноҳҳои мо+ зарба хӯрд+
Ва барои хатоҳои мо азоб кашид,+
Ба хотири осоиштагии мо ҷазо гирифт+
Ва мо бо захмҳояш шифо ёфтем.+
6 Мо ҳамаамон мисли гӯсфандон саргардон будем+
Ва ҳар яке бо роҳи худ мерафт,
Яҳува хатои ҳамаи моро ба ӯ бор кард.+
Ӯ мисли гӯсфанде ба куштан бурда шуд+
Ва чун меше, ки назди пашмтарошон хомӯш аст,
Даҳони худро накушод.+
8 Ӯ бо ситам ва доварии ноҳақ аз ҳаёт маҳрум шуд.
Аз аслу насаби ӯ кӣ парво хоҳад кард?
Аз замини зиндагон ҳаёти ӯ бурида шуд.+
Барои гуноҳи халқи ман ӯ зарба хӯрд*.+
9 Ба ӯ дар қатори бадкорон қабре доданд+
Ва пас аз маргаш бо сарватдоре гӯронданд,+
Ҳарчанд ӯ бадие накарда буд
Ва дар забонаш фиребе набуд.+
10 Вале хости Яҳува буд, ки вай азоб кашад,
Ӯ гузошт, ки вай ба дардҳо гирифтор шавад.
11 Азбаски ҷонаш азоб кашид, ӯ аз чизҳои дидааш қаноатманд мешавад.