16 Одамизод дар дил ният мекунад, ки чӣ бигӯяд,
Лекин ҷавоби ӯ аз ҷониби Яҳува аст.+
2 Рафтори одам дар назари худаш дуруст аст,+
Аммо Яҳува дилу ниятро месанҷад.+
3 Нақшаҳои худро ба дасти Яҳува супор+
Ва корҳои ту барор меёбанд.
4 Яҳува ҳама чизро барои иҷрои нияташ ба кор мебарад,
Ҳатто бадкорро, ки дар рӯзи фалокат ҷазо мебинад.+
5 Яҳува аз ҳар кӣ дилаш мағрур аст, нафрат дорад+
Ва ӯро ҳаргиз бе ҷазо намемонад.
6 Меҳри пойдору вафодорӣ хаторо рӯпӯш мекунад+
Ва тарс аз Яҳува касро аз бадӣ дур месозад.+
7 Яҳува аз рафтори одам розӣ бошад,
Ҳатто душманонаш бо ӯ оштӣ мешаванд.+
8 Камиву росткорӣ+
Беҳ аз пуриву беинсофӣ.+
9 Одамизод дар дил ният мекунад, ки чӣ кунад,
Лекин қадамҳои ӯро Яҳува роҳнамоӣ мекунад.+
10 Ҳукмҳои илоҳӣ бояд бар лабони подшоҳ бошанд,+
Ӯ ҳаргиз набояд адлу инсофро пушти по занад.+
11 Тарозуи дурусту паллаҳои дуруст аз они Яҳува аст,
Ҳамаи сангҳои даруни халта амали ӯянд.+
12 Каҷкорӣ дар назари подшоҳон бад аст,+
Зеро тахт бо адолат пойдор аст.+
13 Ҳар кӣ аз рӯйи инсоф сухан гӯяд, ба подшоҳон хуш аст,
Онҳо ростгӯёнро дӯст медоранд.+
14 Ғазаби подшоҳ мисли хабаррасони марг аст,+
Вале хирадманд хашми ӯро паст мекунад.+
15 Дар нури рӯйи подшоҳ ҳаёт аст,
Ризои ӯ мисли абри баҳорист.+
16 Ба даст овардани хирад аз тилло хеле беҳтар аст+
Ва ба даст овардани фаҳм аз нуқра авлотар.+
17 Роҳи росткорон аз бадӣ дур аст.
Ҳар кӣ роҳашро нигаҳбонӣ кунад, ҳаёташро нигаҳ медорад.+
18 Оқибати ғурур фалокат аст
Ва ҳавобаландӣ ба шикаст меорад.+
19 Дар миёни нармдилон хоксор бошӣ,+
Беҳ аз он ки бо мағрурон ғаниматро тақсим кунӣ.
20 Ҳар кӣ санҷидакор бошад, комёб мегардад,
Ва ҳар кӣ ба Яҳува такя кунад, хушбахт аст.
21 Доноён соҳибфаҳм номида мешаванд+
Ва сухани шахси ширинзабон таъсирбахш аст.+
22 Дурандешӣ барои соҳибонаш чашмаи ҳаёт аст,
Вале аҳмақон аз даҳони худашон шатта мехӯранд.
23 Ҳар кӣ дили хирадманд дорад, санҷида сухан мегӯяд+
Ва гуфтори ӯ таъсирбахш аст.
24 Сухани хуш мисли асали занбӯрхона аст,
Роҳати ҷон асту дармони устухонҳо.+
25 Роҳе ҳаст, ки ба назари кас рост метобад,
Вале оқибати он марг аст.+
26 Коргар барои сер кардани шикамаш меҳнат мекунад,
Зеро гушнагӣ ӯро маҷбур месозад.+
27 Нобакор бадиро кофта мебарорад,+
Гуфтори ӯ мисли оташи сӯзон аст.+
28 Балоангез шӯр меандозад+
Ва туҳматгар дӯстони ҷониро ҷудо месозад.+
29 Золим ёрашро фирефта мекунаду
Ӯро гумроҳ месозад,
30 Ӯ ҳилагарона чашмакӣ мезанад,
Бо нияти бад лаб мегазад.
31 Мӯйи сафед тоҷи зебоист,+
Агар дар роҳи адолат сафед шуда бошад.+
32 Пурсабр+ беҳ аз пурзӯр
Ва одами вазнин беҳ аз ҷаҳонгир.+
33 Қуръаро бар доман мепартоянд,+
Вале ҳар ҷавобе, ки аз он мегиранд, аз Яҳува аст.+