2 Мӯсо
14 Яҳува ба Мӯсо гуфт: 2 «Ба исроилиён бигӯ, ки қафо гарданд ва дар назди Фӣ-Ҳаҳирӯт, дар байни Миҷдӯл ва баҳр, дар наздикии Баал-Сафӯн хайма зананд.+ Шумо бояд дар рӯ ба рӯйи баҳр хайма занед. 3 Он гоҳ фиръавн дар бораи исроилиён чунин мегӯяд: “Онҳо дар ин замин раҳгум задаанд. Биёбон онҳоро иҳота кардааст”. 4 Ман мегузорам, ки дили фиръавн якрав шавад,+ ва ӯ аз паси шумо хоҳад шитобид. Он гоҳ ман худро ба воситаи фиръавну тамоми лашкараш ҷалол медиҳам+ ва мисриён мефаҳманд, ки ман Яҳува ҳастам».+ Онҳо, ҳамон тавре ки Худо гуфт, амал карданд.
5 Баъдтар ба подшоҳи Миср хабар доданд, ки халқ рӯ ба гурез овард. Фиръавну хизматгоронаш дарҳол пушаймон шуданд, ки халқро ҷавоб доданд.+ Онҳо гуфтанд: «Чаро мо ин корро кардем ва халқи Исроилро, ки ба мо ғуломӣ мекард, ҷавоб додем?» 6 Барои ҳамин ӯ аробаҳои ҷангиашро тайёр карда, одамонашро бо худ гирифт.+ 7 Фиръавн 600 аробаи беҳтаринро бо аробаҳои дигари Миср гирифт ва бар ҳар ароба ҷанговарон буданд. 8 Вақте ки исроилиён бо сари баланд* аз Миср берун мебаромаданд,+ Яҳува роҳ дод, ки дили фиръавн, подшоҳи Миср, якрав шавад, ва ӯ онҳоро дунболагирӣ кард. 9 Мисриён аз пушти онҳо давиданд+ ва, вақте исроилиён назди баҳр, дар пеши Фӣ-Ҳаҳирӯт, дар наздикии Баал-Сафӯн, хайма зада буданд, аробаҳои фиръавн, савораҳо ва лашкари ӯ ба онҳо расиданд.
10 Вақте фиръавн наздиктар шуд, исроилиён назар андохта диданд, ки мисриён аз пушташон сур карда истодаанд. Исроилиён ба даҳшат афтоданд ва сӯйи Яҳува фиғон бардоштанд.+ 11 Онҳо ба Мӯсо гуфтанд: «Оё дар замини Миср ҷой барои гӯрондан набуд, ки ту моро ба биёбон овардӣ, то дар ин ҷо бимирем?+ Чаро моро аз Миср берун овардӣ? 12 Магар мо ба ту дар замини Миср нагуфта будем: “Моро ба ҳоли худ гузор, то ба мисриён хизмат кунем?” Дар хизмати мисриён будан беҳтар аз он аст, ки дар биёбон бимирем».+ 13 Мӯсо ба мардум гуфт: «Натарсед.+ Биистед ва бубинед, ки чӣ тавр имрӯз Яҳува шуморо наҷот медиҳад.+ Шумо мисриёнеро, ки имрӯз мебинед, дигару дубора нахоҳед дид.+ 14 Яҳува худаш барои шумо меҷангад,+ шумо бошед, оромона истода нигоҳ мекунед».
15 Яҳува ба Мӯсо гуфт: «Чаро сӯйи ман фиғон мебардорӣ? Ба исроилиён бигӯ, ки ба роҳ бароянд. 16 Ту бошӣ, асои худро бардошта, дастатро бар баҳр дароз кун ва онро ду тақсим намо, то исроилиён аз миёни баҳр, аз замини хушк гузаранд. 17 Ман мегузорам, ки дили мисриён якрав шавад ва онҳо аз паси шумо раванд. Ман худро ба воситаи фиръавн ва тамоми лашкараш, аробаҳои ҷангияш ва саворонаш ҷалол медиҳам.+ 18 Вақте худро ба воситаи фиръавн, аробаҳои ҷангияш ва саворонаш ҷалол диҳам, мисриён мефаҳманд, ки ман Яҳува ҳастам».+
19 Фариштаи Худованд,+ ки пешопеши исроилиён мерафт, аз қафои онҳо рафта истод ва сутуни абре, ки дар пеши онҳо буд, аз пушти онҳо қарор гирифт.+ 20 Он дар миёни мисриён ва исроилиён истод.+ Як тарафаш абри торик буд, тарафи дигараш шабона рӯшноӣ медод.+ Ҳамин тавр онҳо шабона ба якдигар наздик нашуданд.
21 Мӯсо дасташро бар баҳр дароз кард+ ва Яҳува тамоми шаб боди шарқии сахте вазонда, оби баҳрро қафо бурд ва баҳр ду тақсим шуд+ ва дар он хушкие ба вуҷуд омад.+ 22 Исроилиён аз миёни баҳр, аз хушкие,+ ки ба вуҷуд омада буд, гузаштанд ва аз тарафи рост ва чапашон деворе аз об буд.+ 23 Мисриён онҳоро дунболагирӣ карданд ва тамоми аспони фиръавн, аробаҳои ҷангияш ва саворонаш аз паси исроилиён ба миёни баҳр омаданд.+ 24 Ҳангоми поси саҳар* Яҳува аз сутуни оташ ва абр+ ба мисриён назар карда, онҳоро ба воҳима андохт ва дар миёнашон ошӯбу бесарусомонӣ сар зад. 25 Ӯ чархҳои аробаҳояшонро мебаровард, ба тавре ки мисриён базӯр онҳоро меронданд ва ба якдигар мегуфтанд: «Биёед аз исроилиён гурезем, зеро Яҳува барои онҳо бар зидди мисриён меҷангад».+
26 Он гоҳ Яҳува ба Мӯсо гуфт: «Дастатро бар баҳр дароз кун, то обҳои он ба маҷрои худ баргашта, мисриён, аробаҳои ҷангии онҳо ва саворонашонро ғарқ кунад». 27 Мӯсо дарҳол дасташро бар баҳр дароз кард ва, чун субҳ расид, баҳр ба ҳолати пештарааш баргашт. Мисриён гурехтанӣ шуданд, аммо Яҳува онҳоро ба миёни баҳр партофт.+ 28 Оби баҳр ба ҳолати пештара баргашта, аробаҳо, савораҳо ва тамоми лашкари фиръавнро, ки аз паси исроилиён ба баҳр даромада буданд, пӯшонд.+ Аз лашкари Миср як нафар ҳам зинда намонд.+
29 Исроилиён бошанд, аз миёни баҳр, аз хушкӣ, гузаштанд+ ва аз тарафи росту чапашон деворе аз об буд.+ 30 Ҳамин тавр Яҳува дар он рӯз исроилиёнро аз дасти мисриён наҷот дод+ ва халқи Исроил мисриёнро дар лаби баҳр мурда диданд. 31 Ҳамчунин халқи Исроил дид, ки Яҳува бо дасти пурзӯраш мисриёнро зарба зад ва онҳоро тарси Яҳува фаро гирифт ва онҳо ба Яҳува ва бандаи ӯ Мӯсо имон оварданд.+