Сафанё
1 Ин аст паёме, ки Яҳува дар рӯзҳои Юшиёи+ писари Омӯни+ шоҳи Яҳудо ба Сафанёи* писари Кушии писари Ҷадалёҳуи писари Амарёи писари Ҳизқиё фиристод:
2 «Ман ҳама чизро аз рӯйи замин пок месозам,— мегӯяд Яҳува.+—
3 Ман одамизоду ҳайвонот,
Парандагони осмону моҳиёни баҳр,+
Сангҳои пешпову*+ бадкоронро нест мекунам,
Ман одамизодро аз рӯйи замин пок месозам,— мегӯяд Яҳува.—
4 Ман дасти худро бар зидди Яҳудо
Ва тамоми сокинони Ерусалим дароз карда,
Нишонаи Баал,+ номи коҳинони худоёни бегона
Ва дигар коҳинонро аз ин ҷо пок месозам.+
5 Онҳоеро, ки бар бомҳо ба лашкари осмон саҷда мекунанд,+
Онҳоеро, ки ба Яҳува+ саҷда мекунанд
Ва ҳам ба ӯву ҳам ба Малком+ аз вафодорӣ қасам мехӯранд,
6 Онҳоеро, ки аз Яҳува дур мегарданд+
Ва Яҳуваро намеҷӯянду пурсон намешаванд,+ нест мекунам».
7 Пеши Парвардигор Яҳува хомӯш бош, зеро рӯзи Яҳува наздик аст.+
Яҳува қурбоние тайёр кардааст ва даъватшудагони худро пок намудааст.
8 «Ман, Яҳува, дар рӯзи қурбонии худ
Мирон, шоҳзодагон+ ва ҳамаи онҳоеро, ки либоси бегона мепӯшанд, ҷазо медиҳам.
9 Ман ҳар касеро, ки дар он рӯз ба минбар* мебарояд,
Онҳоеро, ки хонаи хӯҷаини худро бо зӯроварию фиреб пур мекунанд, ҷазо медиҳам.
10 Дар он рӯз,— мегӯяд Яҳува,—
Овози фиғон аз дарвозаи Моҳӣ,+
Садои нола аз Чоряки Дуюми шаҳр+
Ва гулдурросе аз теппаҳо ба гӯш мерасад.
11 Нола кунед, эй сокинони Мактеш*,
Зеро тамоми тоҷирон нобуд шудаанд,
Ҳамаи онҳое, ки нуқра бармекашиданд, нест шудаанд.
12 Дар он вақт ман бо чароғ Ерусалимро тафтиш мекунам
Ва худписандонро ба ҷавобгарӣ мекашам,
Онҳоеро, ки дар дили худ чунин мегӯянд: “Яҳува на некӣ мекунаду на бадӣ”.+
13 Боигарии онҳо тороҷ мешавад ва хонаҳояшон валангор мегардад.+
Онҳо хонаҳо бино карда, дар онҳо нахоҳанд зист
Ва токҳо шинонда, шароби онҳоро нахоҳанд нӯшид.+
14 Рӯзи бузурги Яҳува наздик аст.+
Он наздик аст ва хеле мешитобад.+
Садои рӯзи Яҳува даҳшатангез аст.+
Он гоҳ ҷанговар аз ночорӣ фиғон мебардорад.+
15 Ин рӯз рӯзи ғазаб аст,+
Рӯзи мусибату азоб,+
Рӯзи тундбоду харобӣ,
Рӯзи торикиву зулмот,+
Рӯзи абрҳову торикии ғализ,+
16 Рӯзи шох ва бонги ҷанг+
Бар зидди шаҳрҳои ҳисордор ва бар зидди бурҷҳои* баланди кунҷакӣ.+
17 Ман бар сари одамизод бало меорам
Ва онҳо мисли нобиноён роҳ мераванд,+
Зеро бар зидди Яҳува гуноҳ кардаанд.+
Хунашон мисли хок ва гӯшти баданашон мисли саргин зери по мешавад.+
18 На нуқра ва на тилло онҳоро дар рӯзи ғазаби Яҳува наҷот намедиҳад,+
Зеро хашми ӯ аланга гирифта, тамоми заминро фурӯ мебарад.+
Ӯ бар сари ҳамаи сокинони замин ҳалокати даҳшатоваре меорад».+