1 Подшоҳон
24 Вақте ки Шоул аз дунболагирии фалиштиён баргашт, ба ӯ гуфтанд: «Довуд дар биёбони Эйн-Ҷадӣ аст».+
2 Шоул аз тамоми Исроил 3000 марди яккачинро гирифта, сӯйи шахҳое, ки бузи кӯҳӣ доштанд, ба ҷустуҷӯйи Довуд ва одамонаш рафт. 3 Ӯ ба қӯраҳои* сангини сари роҳ расид ва дар он ҷо барои қазои ҳоҷат ба ғоре даромад, дар ҳоле ки Довуд бо одамонаш дар дарунтари ғор нишаста буданд.+ 4 Одамони Довуд ба вай гуфтанд: «Ин аст он рӯзе, ки Яҳува ба ту мегӯяд: “Ман душманатро ба дасти ту месупорам+ ва ҳар он чӣ хоҳӣ, бо ӯ бикун”». Довуд бархоста, домани яктаҳи* беостини Шоулро оҳиста бурид. 5 Лекин баъд виҷдони* Довуд ӯро азоб дод,+ ки ӯ домани яктаҳи* беостини Шоулро бурид. 6 Ӯ ба одамонаш гуфт: «Ба Яҳува ҳаргиз писанд намеояд, ки ман ба хоҷаам, масеҳи* Яҳува, даст бардорам, зеро ӯ масеҳи Яҳува аст».+ 7 Бо ин суханон Довуд пеши роҳи одамонашро гирифт* ва намонд, ки ба Шоул ҳамла оранд. Шоул бошад, аз ғор баромада, бо роҳи худ рафт.
8 Довуд низ бархеста, аз ғор баромад ва аз паси Шоул фарёд зада гуфт: «Эй хоҷаам подшоҳ!»+ Вақте ки Шоул ба қафо нигарист, Довуд рӯ ба замин афтода таъзим кард. 9 Довуд ба Шоул гуфт: «Чаро ту ба гапи одамоне, ки “Довуд ба ту қасди бад дорад” мегӯянд, гӯш медиҳӣ?+ 10 Имрӯз ту бо чашми худат дидӣ, ки Яҳува туро дар ғор ба дасти ман супурд. Лекин, вақте ба ман гуфтанд, ки туро бикушам,+ ман ба ту раҳм карда гуфтам: “Ман ба хоҷаам даст намебардорам, зеро ӯ масеҳи Яҳува аст”.+ 11 Бингар, эй падарам, домани яктаҳат дар дасти ман аст: вақте ки онро буридам, туро накуштам. Акнун бубин ва бидон, ки ман ба ту қасди баде надорам ва исён бардоштанӣ нестам. Ман бар зидди ту гуноҳе накардаам,+ ту бошӣ, дар пайи ман афтода, қасди ҷони маро дорӣ.+ 12 Бигзор Яҳува байни ману ту доварӣ кунад+ ва бигзор Яҳува интиқоми маро аз ту бигирад,+ вале ман ба ту даст намебардорам.+ 13 Зарбулмасали қадимӣ мегӯяд: “Бадӣ аз бадкорон сар мезанад”, барои ҳамин ман ба ту даст намебардорам. 14 Подшоҳи Исроил аз паси кӣ берун омадааст? Ту киро сур мекунӣ? Саги мурдаеро? Як кайкеро?+ 15 Бигзор Яҳува довар бошад ва байни ману ту доварӣ кунад. Ӯ даъвоямро дида мебарояд+ ва маро тарафгирӣ мекунад ва маро доварӣ карда аз дасти ту халос мекунад».
16 Вақте Довуд гапашро тамом кард, Шоул гуфт: «Эй писарам Довуд, оё ин овози туст?»,+ ва овози худро баланд карда гирист. 17 Ӯ ба Довуд гуфт: «Ту аз ман боинсофтарӣ, чунки ту ба ман некӣ кардӣ, ман бошам, дар ивази некиат бадӣ кардам.+ 18 Имрӯз ту гуфтӣ, ки чӣ тавр Яҳува маро ба дастат супурд,+ вале ту некӣ карда маро накуштӣ. 19 Кадом одам душманашро ёфта ӯро сиҳату саломат сар медиҳад? Яҳува туро барои некие, ки имрӯз ба ман кардӣ, подоши нек хоҳад дод.+ 20 Ман медонам, ки ту ҳатман подшоҳ хоҳӣ шуд+ ва подшоҳии Исроил дар дасти ту пойдор хоҳад буд. 21 Пас, ба номи Яҳува қасам хӯр,+ ки насли маро баъд аз сари ман нобуд намекунӣ ва номи маро аз хонадони падарам пок намесозӣ».+ 22 Довуд ба Шоул қасам хӯрд ва Шоул ба хонаи худ рафт,+ Довуд бошад, бо одамонаш ба паноҳгоҳи худ баромад.+