1 Подшоҳон
1 Дар кӯҳистони Эфроим+ марде аз Ромотаим-Сӯфим*+ мезист, ки номаш Элқоно+ буд. Ин марди эфроимӣ писари Ерӯҳоми писари Элиҳуи писари Тӯҳуи писари Суф буд. 2 Ӯ ду зан дошт: номи яке Ҳанно ва номи дигаре Фанинно буд. Фанинно фарзанд дошт, аммо Ҳанно бефарзанд буд. 3 Элқоно ҳар сол аз шаҳри худ ба Шилӯ мерафт, то Яҳува, Худои лашкарҳоро, парастиш кунад ва ба ӯ қурбонӣ орад.+ Дар он ҷо ду писари Элӣ — Ҳофнӣ ва Финҳос,+ коҳини* Яҳува буданд.+
4 Рӯзе, вақте ки Элқоно қурбонӣ овард, ба занаш Фанинно ва ҳамаи писарону духтарони ӯ ҳиссаҳо дод,+ 5 аммо ба Ҳанно ҳиссаи беҳтаринро дод, зеро ӯро хеле дӯст медошт, агарчи Яҳува ба ӯ фарзанд ато накарда буд*. 6 Палонҷаш* доимо ба Ҳанно суханони нешдор гуфта дилашро сиёҳ мекард, зеро Яҳува ба ӯ фарзанд ато накарда буд. 7 Ӯ сол аз сол чунин мекард: ҳар боре ки Ҳанно ба хонаи Яҳува мерафт,+ палонҷаш ӯро чунон меранҷонд, ки ӯ гиря мекард ва чизе намехӯрд. 8 Аммо шавҳараш Элқоно ба ӯ гуфт: «Эй Ҳанно, барои чӣ гиря мекунӣ ва чизе намехӯрӣ ва барои чӣ ин қадар зиқ ҳастӣ? Магар ман бароят аз даҳ писар беҳтар нестам?»
9 Сипас Ҳанно, пас аз он ки дар Шилӯ хӯрданду нӯшиданд, аз ҷой бархост. Он вақт Элии коҳин назди даромадгоҳи ибодатгоҳи*+ Яҳува дар ҷойи худ менишаст. 10 Ҳанно сахт ғамгин буд ва ба Яҳува дуо гуфта,+ зор-зор мегирист. 11 Ӯ назр карда* гуфт: «Эй Яҳува, Худои лашкарҳо, агар ту ба азоби канизат диққат диҳӣ ва канизатро ба хотир ориву фаромӯш накунӣ ва ба мани канизат писаре ато намоӣ,+ ман ӯро ба Яҳува мебахшам, то тамоми умраш ба ту хизмат кунад, ва теғи сартарошӣ ба сараш намерасад».+
12 Ҳангоме ки ӯ дурудароз ба Яҳува дуо мегуфт, Элӣ ба даҳони ӯ нигоҳ мекард. 13 Ҳанно дар дил дуо мегуфт, фақат лабонаш меҷунбид, аммо овозаш намебаромад, аз ин рӯ Элӣ гумон кард, ки вай маст аст. 14 Элӣ ба вай гуфт: «То ба кай маст мегардӣ? Шароб нӯшиданро бас кун». 15 Ҳанно дар ҷавоб гуфт: «Не, хоҷаам, ман зани ғамзадае ҳастам ва шароб ё ягон нӯшокии мастиовар нанӯшидаам, балки дили худро ба Яҳува холӣ мекунам.+ 16 Канизи худро зани нобакоре ҳисоб накун, зеро ман то ба ҳол аз пурии ғаму андуҳам гап задам». 17 Он гоҳ Элӣ гуфт: «Бо хотири ҷамъ бирав ва бигзор Худои Исроил он чиро, ки ту аз ӯ хоҳиш кардӣ,+ ба ҷо орад». 18 Ҳанно дар ҷавоб гуфт: «Кошки канизат дар назари ту писанд афтад». Пас аз ин вай бо роҳи худ рафт. Ӯ хӯрок хӯрд ва рӯяш дигар ғамгин набуд.
19 Пас аз ин онҳо саҳари барвақт бархестанд ва ба Яҳува саҷда карда, ба хонаи худ, ба Ромо,+ баргаштанд. Элқоно бо зани худ Ҳанно ҳамхоб шуд ва Яҳува Ҳанноро ба хотир овард.+ 20 Дар байни як сол* Ҳанно ҳомила шуд ва писареро ба дунё овард ва номи ӯро Самуил* монд,+ зеро гуфт: «Ӯро аз Яҳува талабидаам».
21 Бо гузашти вақт Элқоно бо аҳли хонаводааш бирафт, то ба Яҳува қурбонии солона орад+ ва ҳадияи назри худро пешкаш кунад. 22 Аммо Ҳанно бо шавҳараш нарафт,+ зеро гуфт: «Ҳамин ки кӯдакро аз сина ҷудо кунам, ӯро мебарам ва ӯ назди Яҳува ҳозир шуда, дар он ҷо мемонад».+ 23 Элқонои шавҳараш ба ӯ гуфт: «Ҳамон тавре кун, ки ба ту маъқул аст. То вақте ки кӯдакро аз сина ҷудо кунӣ, дар хона бимон. Бигзор Яҳува ба гуфти ту кунад». Зан дар хона монд ва то вақти аз сина ҷудо кардан кӯдакро маконид.
24 Вақте ки Ҳанно кӯдакро аз сина ҷудо кард, ӯро ва ҳамчунин буққаи сесола, як эфа* орд ва як кӯзаи калони шаробро+ гирифта, ба Шилӯ рафт.+ Ӯ писарчаашро ба хонаи Яҳува, ба Шилӯ, овард. 25 Онҳо буққаро куштанд ва писаракро назди Элӣ оварданд. 26 Ҳанно ба Элӣ гуфт: «Маро бубахш, эй хоҷаам, ба ҳаёти ту қасам ки, ман ҳамон зане ҳастам, ки дар ин ҷо назди ту истода, ба Яҳува дуо гуфта буд.+ 27 Ман барои ин писар дуо гуфта будам ва Яҳува дуои маро мустаҷоб гардонд.+ 28 Акнун ман ӯро ба Яҳува мебахшам*. Ӯ якумрӣ ба Яҳува бахшида шудааст».
Ӯ* дар он ҷо ба Яҳува саҷда бурд.