Панднома
2 Хизматгори боандеша бар писари нанговар ҳукмфармо мешавад,
Ӯ дар қатори писарони хӯҷаинаш мерос мегирад.
4 Бадкор ба суханони зараровар диққат медиҳад
Ва фиребгар ба забони фалокатбор гӯш меандозад.+
5 Ҳар кӣ камбағалро масхара кунад, ба Офарандаи ӯ беҳурматӣ мекунад+
Ва ҳар кӣ аз бадбахтии дигаре шод шавад, бе ҷазо намемонад.+
6 Тоҷи пиронсолон набераҳоянд,
Ҷалоли фарзандон — волидон*.
9 Ҳар кӣ аз гуноҳ чашм пӯшад, ҷӯёи муҳаббат аст,+
Аммо касе, ки онро хотиррасон кардан мегирад, дӯстони ҷониро ҷудо месозад.+
11 Бадкор фақат аз пайи исён аст,
Вале барои ҷазои ӯ хабаррасони бераҳмро мефиристанд.+
12 Хирси бачагумкардаро бубинӣ беҳтар аст,
Аз он ки аблаҳро дар сари аҳмақияш вохӯрӣ.+
13 Ҳар кӣ дар ивази некӣ бадӣ кунад,
Бадӣ аз хонааш дур намешавад.+
14 Саршавии ҷанҷол мисли рахна шудани об аст,
Пеш аз он ки ҷангу ҷидол сар занад, аз он ҷо бирав.+
15 Он кӣ бадкорро сафед мекунад
Ва он кӣ росткорро айбдор менамояд+ —
Ҳар ду дар назари Яҳува нафратоваранд.
16 Чӣ суд аз он ки аблаҳ хирад ба даст оварда тавонаду
Хуш надошта бошад?+
19 Ҳар кӣ ҷанҷолро нағз бинад, гуноҳро дӯст медорад.+
Касе, ки дарвозаҳояшро баланд созад, талабгори шикаст аст.+
20 Каҷдил комёб намегардад+
Ва фиребгар ба бало гирифтор мешавад.
21 Ҳар кӣ фарзанди аблаҳ ба дунё орад, дар банди ғам аст
Ва падари фарзанди беақл шодиро намедонад.+
25 Фарзанди бад андуҳи падар аст
Ва ғуссаи онест, ки ӯро зодааст.+
26 Ҷазо додани* росткор хуб нест
Ва қамчин задани обрӯмандон дуруст нест.
28 Аҳмақ ҳам хап шинад, хирадманд метобад
Ва касеро, ки лабонашро бандад, боандеша* мешуморанд.