Яъқуб
5 Акнун шумо, эй сарватдорон, гӯш диҳед: аз азобҳое, ки ба саратон меоянд, гиряву нола кунед.+ 2 Сарвати шумо пӯсидааст ва либосҳоятонро куя задааст.+ 3 Тилло ва нуқраи шумо занг задааст ва занги онҳо бар зидди шумо шаҳодат дода, ҷисматонро хоҳад хӯрд. Он чӣ шумо ҷамъ овардед, дар рӯзҳои охир мисли оташ мешавад.+ 4 Инак, музде, ки шумо ба ҷамъоварони ҳосили саҳроҳоятон надодед, фиғон мекунад ва доду фарёди даравгароне, ки мадад мепурсанд, то ба гӯши Яҳува, Худои лашкарҳо, расидааст.+ 5 Шумо дар рӯйи замин зиндагии дабдабанок доштед ва чунон айшу ишрат кардед, ки дилҳоятон барои рӯзи қатл равған гирифтааст.+ 6 Шумо росткорро маҳкум карда, куштед. Аз ин рӯ ӯ* ба шумо муқобилат мекунад.
7 Эй бародарон, то вақти ҳузури Ҳазратамон сабр кунед.+ Чуноне ки деҳқон барои ҳосили нағзи замин сабр карда, борони аввалину охиринро интизор мешавад,+ 8 шумо ҳам пурсабру+ қавидил бошед, зеро вақти ҳузури Ҳазратамон наздик аст.+
9 Эй бародарон, аз якдигар шикваю шикоят накунед, то гирифтори доварӣ нашавед.+ Ана, Довар назди дар аст. 10 Эй бародарон, аз пайғамбароне, ки аз номи Яҳува гап мезаданд,+ ибрат гиред. Онҳо сабру тоқат мекарданд+ ва дар озмоишҳо истодагарӣ менамуданд.+ 11 Мо онҳоеро, ки истодагарӣ мекарданд, хушбахт меҳисобем.+ Шумо дар бораи истодагарии Айюб шунидаеду+ медонед, ки чӣ тавр Яҳува ӯро баракат дод,+ ва фаҳмидед, ки Яҳува хеле дилсӯзу меҳрубон аст.+
12 Эй бародаронам, бароятон як насиҳати муҳиме дорам: минбаъд на ба осмон қасам хӯред, на ба замин ва на ба ягон чизи дигар. Аммо, барои он ки ба доварӣ дучор нашавед, бигзор «ҳа»-и шумо «ҳа» бошаду «не»-и шумо «не».+
13 Оё касе аз шумо мушкилие дораду азоб мекашад? Бигзор пайваста дуо гӯяд.+ Оё касе аз шумо табъи хуш дорад? Бигзор дар васфи Худо суруд хонад.+ 14 Оё касе аз шумо бемор аст? Бигзор пирони ҷамоатро даъват кунад+ ва онҳо ӯро ба номи Яҳува равған молида, дар ҳаққаш дуо гӯянд.+ 15 Дуое, ки бо имон гуфта мешавад, беморро* шифо медиҳад ва Яҳува ӯро ба по мехезонад. Ҳатто агар ӯ гуноҳ карда бошад, бахшида мешавад.
16 Пас, ошкоро гуноҳҳоятонро назди якдигар тан гиред+ ва дар ҳаққи якдигар дуо гӯед, то шифо ёбед. Дуое, ки росткор бо зориву илтиҷо мегӯяд, қувваи бузурге дорад.+ 17 Илёс ҳам мо барин одами одӣ буд*, лекин, вақте ӯ аз сидқи дил дуо гуфт, ки борон наборад, се солу шаш моҳ бар замин борон наборид.+ 18 Сипас ӯ боз дуо гуфт ва аз осмон борон бориду замин ҳосил дод.+
19 Эй бародаронам, агар ягон кас яке аз шуморо аз роҳи ростӣ дур созад ва дигаре ӯро баргардонад, 20 бидонед, ки ҳар кӣ гунаҳкорро аз роҳи хато бармегардонад,+ ӯро аз марг наҷот медиҳад ва гуноҳҳои зиёдро рӯпӯш мекунад.+