Ибриён
8 Пас, мағзи гап ин аст, ки мо, дар ҳақиқат, чунин саркоҳин дорем+ ва ӯ дар осмон аз тарафи рости тахти Худои олимақом нишастааст.+ 2 Ӯ хизматгузори ҷойи муқаддас+ ва хаймаи ҳақиқиест, ки на одамизод, балки Яҳува барпо кардааст. 3 Азбаски ҳар саркоҳин барои пешкаш кардани ҳадияҳову қурбониҳо таъйин карда мешавад, лозим буд, ки ӯ низ чизе пешкаш кунад.+ 4 Агар ӯ дар замин мебуд, коҳин намешуд,+ зеро коҳинони дигаре ҳастанд, ки мувофиқи Шариат ҳадияҳо меоранд. 5 Хизмати муқаддаси ин коҳинон танҳо намуна ва сояи+ чизҳои осмонӣ аст;+ чуноне ки Мӯсо, вақте хаймаро бино карданӣ буд, аз Худо амр гирифт: «Бодиққат бош, ки ҳама чиро аз рӯйи намунае, ки ба ту дар кӯҳ нишон додам, бисозӣ».+ 6 Вале Исо ҳоло хизмати бузургтареро соҳиб шуду дар натиҷа миёнарави+ аҳди беҳтаре+ низ гашт, ки қонунан бар ваъдаҳои беҳтаре асос ёфтааст.+
7 Агар аҳди якум камбудӣ намедошт, ба аҳди дуюм ҳоҷат намебуд.+ 8 Худо хатоҳои халқро дида, дар ин бора чунин гуфт: «“Рӯзҳое меоянд,— мегӯяд Яҳува,— ки ман бо хонадони Исроил ва хонадони Яҳудо аҳди наве мебандам. 9 Ин аҳд аз аҳде, ки ман бо бобоёни онҳо баста будам, дар рӯзе ки дасташонро гирифтам, то аз замини Миср берун орам,+ фарқ хоҳад кард. Охир, онҳо ба аҳдам вафо накарданд, бинобар ин ман ҳам дигар ба онҳо ғамхорӣ накардам”,— мегӯяд Яҳува.
10 “Ин аст аҳде, ки ман баъди он рӯзҳо бо хонадони Исроил мебандам,— мегӯяд Яҳува.— Ман қонунҳои худро дар майнаи онҳо ҷо мекунам ва дар дили онҳо менависам.+ Ман Худои онҳо мешаваму онҳо халқи ман.+
11 Он вақт дигар ҳеҷ кас ҳамватан ва бародари худро таълим дода намегӯяд: “Яҳуваро бишнос”, чунки ҳамаи онҳо, аз хурд то калон, маро хоҳанд шинохт, 12 зеро ман корҳои бади онҳоро мебахшам ва гуноҳҳои онҳоро дигар ба хотир намеорам”».+
13 Ӯ «аҳди нав» гуфта, нодаркор будани аҳди пешинаро нишон медиҳад.+ Он чӣ нодаркор асту куҳна шуда истодааст, ба зудӣ аз миён меравад.+