Айюб
12 Он гоҳ Айюб ҷавоб гардонда гуфт:
2 «Бешак, донои ҷаҳон шумоед,
Агар шумо бимиред, хирад ҳам мемирад!
3 Лекин мо ҳам ақлу фаҳм дорем
Ва аз шумо кам нестем.
Ин чизҳоро кӣ намедонад?
Марди росткору беайб хандахариши мардум гардидааст.
5 Шахси беғам бар фалокат механдад,
Гумон мекунад, ки он фақат бар сари онҳое меояд, ки пешпо мехӯранд*.
6 Хаймаи роҳзанон дар амон аст,+
Касоне, ки қаҳри Худоро меоранд, орому осудаанд,+
Онҳое, ки худояшон* дар дасташон аст.
7 Аммо аз ҳайвонҳо бипурс ва онҳо туро таълим медиҳанд.
Аз парандагони осмон савол кун ва онҳо ба ту мегӯянд.
8 Ба замин диққат деҳ* ва он туро таълим медиҳад
Ва моҳиёни баҳр ба ту хабар медиҳанд.
9 Кӣ аз байни ҳамаи инҳо намедонад,
Ки инро дасти Яҳува офаридааст?
12 Магар хирад дар байни куҳансолон нест?+
Магар фаҳм аз умри дароз намеояд?
13 Ӯ соҳиби хирад ва қудрат аст.+
Маслиҳат ва фаҳмиш аз ӯст.+
14 Чизе, ки ӯ вайрон кунад, дигар бино нахоҳад шуд,+
Чизеро, ки ӯ бибандад, касе наметавонад кушояд.
15 Инак, ӯ обҳоро бозмедорад ва ҳама чиз хушк мешавад.+
Ӯ обҳоро сар медиҳад ва онҳо заминро фаро мегиранд.+
16 Қудрату хирад бо ӯст.+
Ҳам он кӣ гумроҳ мешавад ва ҳам он кӣ гумроҳ месозад, дар дасти ӯст.
18 Ӯ бандҳоеро, ки подшоҳон бастаанд, мекушояд+
Ва ба миёнашон камарбанди ғуломӣ мебандад.
20 Ӯ маслиҳатгарони боваринокро гунг мекунад
Ва мӯйсафедони пурхирадро бефаҳм мегардонад.
21 Ӯ нафраташро бар сари калоншавандагон фурӯ мерезад+
Ва тавонгаронро нотавон мегардонад.
22 Ӯ чизҳоеро, ки дар торикӣ ниҳон аст, ошкор месозад+
Ва торикии зулмотро ба рӯшноӣ мебарорад.
23 Ӯ халқҳоро бузург месозад, то онҳоро нест кунад,
Мардумонро зиёд мегардонад, то онҳоро ба асирӣ барад.
24 Ӯ пешвоёни халқҳоро аз ақл бегона месозад
Ва онҳоро дар биёбонҳои бероҳа овораву сарсон мекунад.+
25 Онҳо дар торикӣ, дар ҷое ки равшанӣ нест, даст-даст карда роҳ мераванд.+
Онҳоро мисли мастон саргардон месозад.+