2 Мӯсо
32 Вақте мардум диданд, ки Мӯсо ба зудӣ аз кӯҳ нафаромада истодааст,+ гирди Ҳорун ҷамъ шуда, ба ӯ гуфтанд: «Бархез, барои мо худое бисоз, то пешопешамон биравад,+ зеро мо намедонем, ки бо ин Мӯсо, ки моро аз Миср берун овард, чӣ шудааст». 2 Ҳорун дар ҷавоби онҳо гуфт: «Гӯшворҳои тиллоро+ аз гӯшҳои занонатон, писарону духтаронатон бигиред ва ба ман биёред». 3 Тамоми мардум гӯшворҳоро аз гӯшҳояшон кашида, ба Ҳорун овардан гирифтанд. 4 Ҳорун тиллои онҳоро гирифта, бо искана ҳайкали рехтаи гӯсолаеро сохт.+ Он гоҳ исроилиён гуфтанд: «Эй Исроил, ана Худои ту, Худое, ки туро аз замини Миср берун овард».+
5 Вақте Ҳорун инро дид, дар назди гӯсола қурбонгоҳе сохт ва эълон кард: «Пагоҳ ид аст барои Яҳува». 6 Аз ин рӯ мардум рӯзи дигар барвақт хеста, қурбониҳои сӯхтанӣ ва қурбониҳои осоиштагӣ овардан гирифт. Баъд аз ин онҳо ба хӯрдану нӯшидан нишастанд ва сипас бархоста, вақтхушӣ карданд.+
7 Яҳува ба Мӯсо гуфт: «Бархез ва назди халқ фаро, зеро халқе, ки ту онро аз замини Миср берун овардӣ, ба корҳои ифлос даст задааст.+ 8 Онҳо аз роҳе, ки барояшон нишон додам, зуд дур шуданд+ ва барои худ ҳайкали гӯсолаеро сохта, ба он саҷда мекунанду қурбонӣ меоранд ва мегӯянд: “Эй Исроил, ана Худои ту, Худое, ки туро аз замини Миср берун овард”». 9 Яҳува боз ба Мӯсо гуфт: «Ман дидам, ки ин халқ якрав* аст.+ 10 Хашму ғазабам бар онҳо аланга задааст. Пас, маро бигзор, ки онҳоро нест кунам ва ба ҷойи онҳо аз ту халқи бузурге ба вуҷуд орам».+
11 Он гоҳ Мӯсо бо зориву илтиҷо ба Яҳува Худо+ гуфт: «Эй Яҳува, ту ин халқро аз замини Миср бо қуввати бузург ва дасти пурзӯрат берун овардӣ. Наход баъди ин хашму ғазабатро бар халқат бирезӣ?+ 12 Чаро мисриён бигӯянд: “Ӯ бо нияти баде онҳоро берун овард. Ӯ мехост онҳоро дар кӯҳҳо бикушад ва аз рӯйи замин несту нобуд созад”?!+ Худоё, илтимос, аз фикрат гард, хашму ғазабатро боздор ва бар сари халқат фалокат наор. 13 Бандагони худ Иброҳим, Исҳоқ ва Исроилро ба ёд овар, ки ба онҳо ба номи худ қасам хӯрда гуфта будӣ: “Ман насли туро мисли ситорагони осмон бешумор мегардонам+ ва заминеро, ки барои наслатон тайёр кардаам, ба онҳо медиҳам, то онҳо дар он доимо зиндагӣ кунанд”».+
14 Он гоҳ Яҳува аз фикраш гашт ва балоеро, ки дар борааш гуфта буд, бар сари халқаш наовард.+
15 Пас аз ин Мӯсо рафт ва ду лавҳаи шаҳодат+ дар даст аз кӯҳ фаромад.+ Лавҳаҳо аз ду тараф, аз пешу қафо, навиштаҷот доштанд. 16 Ин лавҳаҳоро Худо сохта буд ва он навиштаҷотро бар онҳо Худо навишта буд.+ 17 Вақте ғавғои мардум ба гӯши Юшаъ расид, ӯ ба Мӯсо гуфт: «Дар хаймагоҳ садои ҷанг аст». 18 Аммо Мӯсо гуфт:
«Ин садои суруди ғалаба нест
Ва овози нолаи мағлубият ҳам нест.
Ба гӯши ман садои суруди дигаре мерасад».
19 Ҳамин ки Мӯсо ба хаймагоҳ наздик шуда, гӯсола+ ва рақсидани мардумро дид, ба хашму ғазаб омад ва лавҳаҳоеро, ки дар дасташ буданд, ба замин партофт ва онҳо дар домани кӯҳ пора-пора шуданд.+ 20 Ӯ гӯсолаеро, ки онҳо сохта буданд, гирифта, дар оташ сӯзонд+ ва онро зада гард-гард карду ба об пошид ва мардумро маҷбур кард, ки аз он бинӯшанд.+ 21 Мӯсо ба Ҳорун гуфт: «Ин халқ ба ту чӣ кор кард, ки чунин гуноҳи азимеро бар сари онҳо овардӣ?» 22 Ҳорун дар ҷавоб гуфт: «Эй хоҷаам, дарғазаб нашав. Ту нағз медонӣ, ки дили ин мардум ба бадӣ моил аст.+ 23 Онҳо ба ман гуфтанд: “Барои мо худое бисоз, то пешопешамон биравад, зеро мо намедонем, ки бо ин Мӯсо, ки моро аз Миср берун овард, чӣ шудааст”.+ 24 Ман ба онҳо гуфтам: “Касе, ки тилло дошта бошад, онро кашида, ба ман диҳад”. Баъд ман тиллои овардаашонро гирифта, ба оташ партофтам ва ин гӯсола пайдо шуд».
25 Мӯсо бесарусомонии мардумро дид, зеро Ҳорун лаҷоми онҳоро сар дода буд ва онҳо дар назди душманонашон шарманда гашта буданд. 26 Ӯ назди даромади хаймагоҳ истода, гуфт: «Кӣ тарафдори Яҳува аст? Назди ман биёяд!»+ Он гоҳ ҳамаи левизодагон гирди Мӯсо ҷамъ омаданд. 27 Ӯ ба онҳо гуфт: «Яҳува, Худои Исроил, чунин мегӯяд: “Ҳар яки шумо шамшери худро ба даст гирифта, аз як дарвоза то дарвозаи дигар рафта, хаймагоҳро чарх занед ва ҳар кас бародар, ёри худ ва дӯсти худро бикушад”».+ 28 Левизодагон, ҳамон тавре ки Мӯсо гуфт, амал карданд. Ҳамон рӯз тахминан 3000 мард кушта шуд. 29 Пас аз ин Мӯсо гуфт: «Худро барои хизмати Яҳува ҷудо кунед*, зеро ҳар яки шумо бар зидди писари худ ва бар зидди бародари худ баромадед+ ва Худо имрӯз шуморо баракат медиҳад».+
30 Рӯзи дигар Мӯсо ба мардум гуфт: «Шумо гуноҳи азиме кардед ва ман акнун пеши Яҳува баромада, мебинам, ки оё гуноҳи шуморо рӯпӯш карда метавонам ё не».+ 31 Мӯсо назди Яҳува баргашта, гуфт: «Оҳ, чӣ гуноҳи азиме кардааст ин мардум! Онҳо барои худ аз тилло худое сохтанд!+ 32 Худоё, агар хоҳӣ, гуноҳи онҳоро бубахш,+ агар гуноҳашонро набахшӣ, илтимос, номи маро аз китобе, ки навиштаӣ, кӯр кун».+ 33 Аммо Яҳува ба Мӯсо гуфт: «Ман номи он касеро кӯр мекунам, ки бар зидди ман гуноҳ карда бошад. 34 Ҳоло бошад, мардумро, ба ҷое ки ба ту гуфта будам, бибар. Инак, ман фариштаи худро пешопеши ту мефиристам+ ва, дар рӯзе ки бо онҳо ҳисобу китобамро баробар кунам, барои гуноҳашон онҳоро ҷазо медиҳам». 35 Пас аз ин Яҳува мардумро барои гӯсола сохтанашон, барои ҳамон гӯсолае, ки Ҳорун сохта буд, зарба зад.