3 Мӯсо
17 Яҳува боз ба Мӯсо гуфт: 2 «Ба Ҳорун, писаронаш ва тамоми исроилиён бигӯ: “Яҳува чунин мефармояд:
3 “Касе аз хонадони Исроил набояд буққа, қӯчқори ҷавон ё бузеро дар хаймагоҳ ё берун аз он сар бурад, 4 балки бояд онро чун ҳадия барои Яҳува ба даромадгоҳи хаймаи ҷомеъ, назди хаймаи Яҳува, биёрад, вагарна вай дар хунрезӣ айбдор мешавад. Ӯ хун рехтааст ва бояд аз миёни халқи худ решакан шавад. 5 Бигзор исроилиён қурбониҳоеро, ки ҳоло дар саҳро меоранд, назди даромадгоҳи хаймаи ҷомеъ, пеши коҳин, оварда, ба Яҳува, пешкаш кунанд. Онҳо бояд ин қурбониҳоро чун қурбониҳои осоиштагӣ ба Яҳува пешкаш кунанд.+ 6 Коҳин бошад, хунро ба қурбонгоҳи Яҳува, ки назди даромадгоҳи хаймаи ҷомеъ ҷойгир аст, мепошад ва чарбуро чун қурбонии хушбӯй* барои Яҳува сӯзонда, дуд мекунад.+ 7 Бигзор онҳо дигар ба девҳои бузшакл*+ қурбонӣ наоранд ва хиёнаткорона онҳоро парастиш накунанд*.+ Ин барои шумо аз насл ба насл амри бардавом аст”.
8 Ба онҳо бигӯй: “Агар касе аз хонадони Исроил ё ғарибе, ки дар миёни шумо зиндагӣ мекунад, қурбонии сӯхтанӣ ё ягон қурбонии дигаре орад 9 ва онро назди даромадгоҳи хаймаи ҷомеъ оварда, ба Яҳува пешкаш накунад, бояд аз миёни халқи худ решакан шавад.+
10 Агар касе аз хонадони Исроил ё ғарибе, ки дар миёни шумо зиндагӣ мекунад, ягон хел хун хӯрад,+ ман ҳатман зидди вай мебароям ва вайро аз миёни халқ решакан месозам, 11 чунки ҳаёти* ҳар ҷонзод дар хуни вай аст+ ва ман худам онро ба шумо барои қурбонгоҳ додаам,+ то бо он барои худатон товон диҳед. Охир, ҳамин хун аст, ки гуноҳҳоро рӯпӯш мекунад*,+ зеро ҳаёти* ҳар ҷонзод дар он аст. 12 Барои ҳамин ҳам ман ба исроилиён гуфтам: “Ҳеҷ яке аз шумо ё ғарибе, ки дар миёни шумо зиндагӣ мекунад,+ набояд хун хӯрад”.+
13 Агар ягон исроилӣ ё ғарибе, ки дар миёни шумо зиндагӣ мекунад, шикор раваду ягон ҳайвон ё парандаи ҳалолеро қапад, ӯ бояд хунашро барорад+ ва онро бо хок пӯшонад. 14 Охир, ҳаёти ҳар ҷонзод дар хуни вай аст, зеро ҳаёт дар хун аст. Барои ҳамин ман ба исроилиён гуфтам: “Ягон хел хун нахӯред, зеро ҳаёти ҳар ҷонзод дар хуни вай аст. Ҳар кӣ хун бихӯрад, нест карда мешавад”.+ 15 Ҳар кӣ ҳайвони мурда ё даридаеро хӯрад,+ хоҳ сокини таҳҷоӣ бошад, хоҳ ғариб, бояд либосҳои худро шӯяд, бо об шустушӯ кунад ва то бегоҳ нопок бимонад+ ва баъд пок мешавад. 16 Вале, агар либосҳояшро нашӯяду шустушӯ накунад, барои хатояш ҷавоб медиҳад”».+