1 Подшоҳон
17 Фалиштиён+ лашкарҳои* худро барои ҷанг ҷамъ оварданд. Онҳо дар Сукӯҳи+ Яҳудо ҷамъ шуда, байни Сукӯҳ ва Азеқо,+ дар Эфес-Дамим,+ урду заданд. 2 Шоул ва мардони Исроил ҷамъ шуда, дар водии Эло+ урду заданд ва барои бо фалиштиён ҷангидан саф кашиданд. 3 Фалиштиён дар як кӯҳ ва исроилиён дар кӯҳи дигар ҷойгир шуданд ва дар байни онҳо водӣ буд.
4 Аз тарафи урдуҳои фалиштиён Ҷолёт+ ном паҳлавоне, ки аз Ҷат+ буд, пеш омад. Қади ӯ шаш газу як ваҷаб буд*. 5 Ӯ дар сар кулоҳи мисин ва дар тан ҷавшани пулакчадоре дошт. Вазни ҷавшани мисини ӯ+ 5000 сиқл* буд. 6 Дар пойҳояш соқбанди мисин ва дар байни шонаҳояш мизроқи*+ мисин дошт. 7 Дастаи чӯбини найзааш мисли наварди бофандагӣ* буд,+ теғи оҳании найзааш 600 сиқл* вазн дошт ва сипарбардораш пешопеши ӯ мерафт. 8 Ӯ бозистод ва сӯйи лашкари Исроил фарёд зада гуфт: «Чаро омада, барои ҷанг саф бастаед?+ Ман аз номи фалиштиён меҷангам. Шумо низ, эй хизматгорони Шоул, якеро барои худ интихоб кунед ва бигзор ӯ ба назди ман поён ояд. 9 Агар вай бо ман ҷангида, маро кушта тавонад, мо хизматгори шумо мешавем. Аммо, агар ман бар ӯ дастболо шуда, ӯро кушам, шумо хизматгори мо мешавед ва хизмати моро ба ҷо меоред». 10 Пас аз ин фалиштӣ гуфт: «Ман имрӯз лашкари Исроилро шармандаю расво мекунам.+ Ба ман ягон касро диҳед, то бо ҳам биҷангем!»
11 Вақте Шоул ва тамоми Исроил ин суханони фалиштиро шуниданд, ба тарсу ваҳм афтоданд.
12 Довуд писари марди эфротие+ аз Байт-Лаҳми+ Яҳудо буд, ки Исой ном дошт. Исой+ ҳашт писар дошт+ ва дар рӯзҳои Шоул аллакай пиру солхӯрда буд. 13 Се писари калонии Исой аз ақиби Шоул ба ҷанг рафта буданд.+ Номи писаронаш, ки ба ҷанг рафта буданд, чунин буд: калониаш — Элиоб,+ дуюмаш — Абинодоб+ ва сеюмаш — Шаммо.+ 14 Довуд писари хурдӣ буд+ ва се бародари калониаш аз паси Шоул рафта буданд.
15 Довуд ба назди Шоул мерафт ва боз ба Байт-Лаҳм бармегашт, то гӯсфандони падарашро бичаронад.+ 16 Он фалиштӣ бошад, 40 рӯз ҳар саҳару бегоҳ баромада, дар ҷойи худ меистод.
17 Исой ба писараш Довуд гуфт: «Илтимос, як эфа* ғаллаи бирён ва ин даҳ нонро гирифта, зудтар ба бародаронат, ба урдугоҳ, бар. 18 Ҳамчунин ин даҳ панирро* ба мириҳазор бибар ва аз ҳолу аҳволи бародаронат пурсон шуда, аз онҳо хабаре биёр». 19 Онҳо ҳамроҳи Шоул ва ҳамаи мардони Исроил дар водии Эло+ бо фалиштиён меҷангиданд.+
20 Довуд саҳари барвақт бархост ва гӯсфандонро ба дигар кас супурд. Ӯ борашро ҷамъ карда, ҳамон тавре ки падараш Исой ба ӯ фармуд, ба роҳ баромад. Вақте ба урдугоҳ наздик мешуд, лашкар наъра зада, ба майдони ҷанг мебаромад. 21 Лашкари исроилиён ва фалиштиён рӯ ба рӯйи якдигар саф кашиданд. 22 Довуд даррав чизу чораашро дар назди посбони ашё гузошта, сӯйи майдони ҷанг давид. Вақте ки ӯ ба он ҷо расид, аз аҳволи бародаронаш пурсон шуд.+
23 Вақте ӯ бо онҳо гап мезад, аз миёни лашкари фалиштиён Ҷолёт+ ном паҳлавони фалиштие, ки аз Ҷат буд, берун омад. Ӯ суханонеро, ки пеш гуфта буд,+ такрор кард ва Довуд инро шунид. 24 Вақте ки ҳамаи мардони Исроил Ҷолётро диданд, ба ваҳм омада+ аз наздаш гурехтанд. 25 Онҳо мегуфтанд: «Оё ин мардро дидед? Ӯ берун меояд, то Исроилро шармсор кунад.+ Ба касе, ки ӯро бикушад, подшоҳ сарвати зиёд ато мекунаду духтарашро ба ӯ медиҳад+ ва хонадони падари ӯро дар Исроил аз уҳдадориҳо озод мекунад».
26 Довуд ба мардоне, ки дар назди ӯ меистоданд, гуфт: «Барои касе, ки ин фалиштиро бикушад ва шармандагиро аз Исроил дур созад, чӣ мешавад? Охир, ин фалиштии бехатна кист, ки лашкари Худои зиндаро паст занад?»+ 27 Халқ ҳамон суханонро ба ӯ такрор карда гуфт: «Барои касе, ки ӯро бикушад, фалон ва фалон карда мешавад». 28 Вақте бародари калониаш, Элиоб,+ бо он мардон гап задани Довудро шунид, ба ғазаб омада гуфт: «Барои чӣ ба ин ҷо омадӣ? Он чанд гӯсфандро дар биёбон ба кӣ мондӣ?+ Ман худсарӣ* ва дилу нияти бади туро нағз медонам: ту барои тамошои ҷанг омадӣ». 29 Довуд ба вай гуфт: «Ман чӣ кор кардам? Ман фақат пурсида истодаам!» 30 Ӯ ба дигар кас рӯ оварда, боз ҳамон саволро дод+ ва одамон ба вай чун пештара ҷавоб доданд.+
31 Суханони Довудро шунида, ба Шоул хабар доданд ва ӯ кас фиристод, ки Довудро оранд. 32 Довуд ба Шоул гуфт: «Бигзор касе аз барои ин фалиштӣ дил бой надиҳад. Бандаат рафта, бо вай меҷангад».+ 33 Вале Шоул ба Довуд гуфт: «Ту бо ин фалиштӣ ҷангида наметавонӣ, охир, ту навҷавоне ҳастӣ,+ ҳол он ки вай аз ҷавониаш марди ҷангӣ аст». 34 Довуд бошад, ба Шоул гуфт: «Вақте бандаат рамаҳои падарашро чӯпонӣ мекард, рӯзе шер,+ бори дигаре бошад, хирс омада, аз рама гӯсфандеро бурд. 35 Вале ман аз пасаш рафтам ва онро зарба зада, гӯсфандро аз даҳонаш халос кардам. Вақте он бархоста, ба ман ҳамла овард, аз таги манаҳаш* доштам ва онро зарба зада куштам. 36 Бандаат ҳам шер ва ҳам хирсро куштааст ва ин фалиштии бехатна низ мисли яке аз онҳо хоҳад буд, зеро ӯ лашкари Худои зиндаро паст задааст».+ 37 Баъд Довуд илова кард: «Яҳува, ки маро аз чанголи шер ва хирс халос кардааст, аз дасти ин фалиштӣ низ халос мекунад».+ Он гоҳ Шоул гуфт: «Бирав, Яҳува бо ту бод!»
38 Шоул либоси худро ба Довуд пӯшонд. Ӯ ба сараш кулоҳи мисин ва ба танаш ҷавшан пӯшонд. 39 Пас аз он Довуд аз болои либосаш шамшер баст ва ҳамин тавр рафтанӣ шуд, аммо натавонист, зеро ба чунин либос одат накарда буд. Аз ин рӯ ба Шоул гуфт: «Ман бо ин чизҳо роҳ рафта наметавонам, чунки одат накардаам». Сипас ӯ онҳоро аз тан кашида, 40 асояшро ба даст гирифт ва аз таги ҷӯй* панҷ санги ҳамворро интихоб намуда, ба кисаи халтачаи чӯпониаш андохт. Сипас фалахмон+ дар даст сӯйи фалиштӣ наздик шудан гирифт.
41 Фалиштӣ торафт ба Довуд наздик мешуд ва сипарбардораш пешопеши ӯ мерафт. 42 Вақте он фалиштӣ Довудро дид, писханд зад, зеро ӯ як бачаи сурхрӯйи зебое буд.+ 43 Фалиштӣ ба Довуд гуфт: «Чӣ, ман сагам+ ки, ту бо чӯб бар зидди ман мебароӣ?» Сипас ӯ Довудро бо худоёни худ лаънат кард. 44 Вай ба Довуд гуфт: «Канӣ пешам биё. Ман ҷасади туро ба парандагони осмон ва ҳайвоноти саҳро медиҳам».
45 Довуд ба фалиштӣ ҷавоб дод: «Ту бар зидди ман бо шамшер, найза ва мизроқ меоӣ,+ ман бошам, бо номи Яҳува, Худои лашкарҳо, Худои сипоҳи Исроил, ки ту ӯро паст задӣ,+ бар зидди ту мебароям.+ 46 Худи ҳамин рӯз Яҳува туро ба дасти ман месупорад+ ва ман туро зарба зада саратро аз танат ҷудо мекунам. Ҳамин рӯз ман ҷасадҳои ҷанговарони фалиштиро ба парандагони осмон ва даррандагони замин медиҳам. Он гоҳ халқҳои рӯйи замин хоҳанд донист, ки дар Исроил Худо ҳаст,+ 47 ва ҳамаи ин ҷамъомадагон хоҳанд донист, ки Яҳува бе шамшеру найза ҳам наҷот медиҳад,+ зеро ин ҷанги Яҳува аст+ ва ӯ ҳамаи шуморо ба дасти мо месупорад».+
48 Сипас фалиштӣ бархост ва сӯйи Довуд омадан гирифт, Довуд бошад, шитобон сӯйи лашкари душман, ба пешвози фалиштӣ, давид. 49 Довуд дасташро ба халтача андохта, аз он санге гирифт ва онро бо фалахмон ҳаво дод. Ӯ сангро ба пешонии фалиштӣ зад ва он ба пешонии вай фурӯ рафт ва вай рӯ ба замин афтод.+ 50 Ҳамин тавр Довуд бо фалахмон ва санг бар фалиштӣ дастболо шуд. Ӯ бе шамшер фалиштиро зарба зада кушт.+ 51 Довуд давида, дар назди фалиштӣ истод. Сипас ӯ шамшери фалиштиро+ аз ғилофаш кашида, барои дилпурӣ сарашро аз тан ҷудо кард. Вақте фалиштиён диданд, ки паҳлавонашон мурдааст, рӯ ба гурез оварданд.+
52 Он гоҳ мардони Исроил ва Яҳудо бархоста, бо доду фарёд аз паси фалиштиён аз водӣ+ то дарвозаи Эқрӯн+ сур карданд. Онҳо фалиштиёни бисёреро куштанд ва ҷасадҳояшон дар роҳи аз Шаароим+ то Ҷат ва Эқрӯн афтиданд. 53 Пас аз он ки исроилиён аз дунболагирии фалиштиён баргаштанд, урдугоҳҳои онҳоро ғорат карданд.
54 Баъд аз он Довуд сари фалиштиро гирифта, ба Ерусалим овард, аммо аслиҳаашро дар хаймаи худ гузошт.+
55 Вақте Шоул дид, ки Довуд бар зидди фалиштӣ мебарояд, аз Абнир,+ сарлашкари худ, пурсид: «Абнир, ин ҷавон писари кист?»+ Абнир ҷавоб дод: «Эй подшоҳ, ба ҳаёти ту қасам ки, ман намедонам». 56 Подшоҳ гуфт: «Бифаҳм, ки ин ҷавон писари кист». 57 Ҳамин ки Довуд пас аз зарба задани фалиштӣ баргашт, Абнир ӯро, ки каллаи фалиштиро дар даст дошт,+ гирифта, ба назди Шоул овард. 58 Шоул аз ӯ пурсид: «Эй ҷавон, ту писари кистӣ?» Довуд ҷавоб дод: «Писари бандаат Исойи+ байтлаҳмиям».+