2 Подшоҳон
11 Дар сари сол*, вақте ки подшоҳон ба ҷанг мебароянд, Довуд Юоб, ходимонаш ва тамоми лашкари Исроилро ба ҷанг фиристод, то аммӯниёнро нест кунад. Онҳо Раббаро+ муҳосира карданд, Довуд бошад, дар Ерусалим монд.+
2 Боре, шомгоҳон, Довуд аз ҷогаҳаш бархеста, дар боми хонаи подшоҳ гаштугузор мекард. Ӯ аз бом занеро дид, ки оббозӣ мекард, ва он зан бениҳоят хушрӯй буд. 3 Довуд кас фиристода, дар бораи он зан пурсуков кард ва ба ӯ хабар доданд: «Ин зан Батшобаи+ духтари Элиом+ ва зани Уриёи+ ҳиттӣ+ мебошад». 4 Довуд кас фиристод, ки ӯро биёранд.+ Вақте он зан ба наздаш омад, Довуд бо ӯ хобид.+ (Ин дар вақте рӯй дод, ки зан худро аз нопокиаш пок мекард*.)+ Сипас зан ба хонааш баргашт.
5 Зан ҳомила шуд ва ба Довуд хабар расонд: «Ман ҳомиладорам». 6 Он гоҳ Довуд ба Юоб хабар фиристода, гуфт: «Уриёи ҳиттиро назди ман бифирист». Юоб Уриёро ба назди Довуд фиристод. 7 Вақте ки Уриё ба назди шоҳ омад, Довуд аз аҳволи Юобу сарбозон ва аз рафти ҷанг пурсон шуд. 8 Баъд аз ин Довуд ба Уриё гуфт: «Ба хонаат рафта, дам гир*». Вақте Уриё аз хонаи подшоҳ баромад, аз пасаш ҳадияи подшоҳро* фиристоданд. 9 Аммо Уриё дар назди дарвозаи хонаи подшоҳ ҳамроҳи ходимони хоҷааш хобида ба хонаи худ нарафт. 10 Ба Довуд хабар доданд: «Уриё ба хонаи худ нарафт». Он гоҳ Довуд ба Уриё гуфт: «Ту, охир, аз сафар омадӣ, пас, чаро ба хонаат нарафтӣ?» 11 Уриё ба Довуд ҷавоб дод: «Сандуқ+ ва Исроилу Яҳудо дар хаймаҳо сокинанд, хоҷаам Юоб низ бо ходимони хоҷаам дар саҳро урду задаанд. Пас, наход ман ба хонаи худ рафта, бихӯраму бинӯшам ва бо занам бихобам?+ Ба ҳаёти ту ва ҷони ту қасам ки, ман ин корро намекунам!»
12 Он гоҳ Довуд ба Уриё гуфт: «Имрӯз низ дар ин ҷо бимон ва пагоҳ ман туро мефиристам». Уриё он рӯз ва рӯзи дигар дар Ерусалим монд. 13 Довуд ӯро даъват карда, бо вай хӯрду нӯшид ва ӯро маст кард. Лекин бегоҳ Уриё баромада, дар ҷогаҳаш бо ходимони хоҷаи худ хобид ва ба хонаи худ нарафт. 14 Саҳарӣ Довуд ба Юоб нома навишта, онро бо дасти Уриё фиристод. 15 Ӯ дар нома навишт: «Уриёро дар сафи пеш, дар ҷое ки ҷанг сахт аст, гузоред. Сипас ақиб гашта, ӯро танҳо монед, то зарба хӯрда, бимирад».+
16 Юоб шаҳрро бодиққат назорат мекард ва Уриёро дар ҷое гузошт, ки дар он ҷанговарони пурзӯр буданд. 17 Вақте мардони шаҳр берун омада, бо Юоб ҷангиданд, баъзе ходимони Довуд ҳалок шуданд ва Уриёи ҳиттӣ низ дар қатори онҳо буд.+ 18 Юоб ба Довуд дар бораи ҷанг як ба як хабар дод. 19 Ӯ ба хабаррасон дастур дода гуфт: «Вақте ба подшоҳ ҳамаи хабарҳои ҷангро мерасонӣ, 20 ӯ мумкин аст ба ғазаб омада гӯяд: “Чаро ба шаҳр наздик омада, ҷангидед? Магар намедонистед, ки онҳо аз болои девор тир меандозанд? 21 Кӣ Абималики писари Ерубошатро+ кушта буд?+ Магар зане аз сари девор санги болоии осиёбро партофта, ӯро дар Тебес накушт? Пас, чаро шумо ба девор ин қадар наздик омадед?” Он гоҳ бигӯй: “Ходимат Уриёи ҳиттӣ ҳам мурд”».
22 Хабаррасон рафта, ҳама чизеро, ки Юоб фармуд, ба Довуд нақл кард. 23 Хабаррасон ба Довуд гуфт: «Мардони шаҳр аз мо зӯр баромаданд ва берун омада, бо мо дар саҳро ҷангиданд, лекин мо гашта, онҳоро то даҳани дарвозаи шаҳр сур кардем. 24 Он вақт камонварон аз болои девор ба ходимонат тир андохта, баъзеашонро куштанд, ходимат Уриёи ҳиттӣ ҳам мурд».+ 25 Довуд ба хабаррасон гуфт: «Ба Юоб чунин бигӯ: “Дар ин бора ғам нахӯр, зеро шамшер гоҳе як касро ва гоҳе дигареро ҳалок месозад. Ҳарбу зарбро бар зидди шаҳр сахттар кун ва онро забт намо”,+ ва ӯро рӯҳбаланд кун».
26 Вақте зани Уриё шунид, ки шавҳараш Уриё мурдааст, барои ӯ мотам гирифт. 27 Ҳамин ки рӯзҳои мотам ба охир расид, Довуд кас фиристода, ӯро ба хонаи худ овард ва ӯ занаш шуд+ ва барояш писаре таваллуд кард. Аммо коре, ки Довуд кард, дар назари Яҳува хеле бад буд.+