Юнус
3 Яҳува бори дуюм ба Юнус фармуд:+ 2 «Бархез ва ба шаҳри бузург — Нинве+ бирав ва хабареро, ки ман ба ту мегӯям, ба мардуми он эълон кун».
3 Юнус ба амри Яҳува гӯш дода бархост ва ба Нинве+ рафт.+ Нинве шаҳри хеле калон буд* ва онро дар се рӯз тай кардан мумкин буд. 4 Юнус ба шаҳр даромад ва роҳи якрӯзаро тай карда эълон мекард: «Баъд аз 40 рӯз Нинве ба хок яксон мегардад».
5 Он гоҳ мардуми Нинве ба Худо имон оварданд+ ва ҳамаашон, аз калон то хурд, рӯза гирифтанду палос* пӯшиданд. 6 Вақте ин хабар ба гӯши подшоҳи Нинве расид, ӯ аз тахт бархест ва либоси шоҳонаро аз тан кашиду палос пӯшида, ба хокистар нишаст. 7 Ӯ боз фармон дод, ки дар сар то сари Нинве чунин эълон шавад:
«Бо фармони подшоҳ ва соҳибмансабонаш, бигзор ягон одам, ҳайвон ё чорво чизе нахӯрад. Онҳо бояд на хӯрок хӯранду на об нӯшанд. 8 Бигзор ҳам инсону ҳам ҳайвон палос пӯшад. Бигзор ҳама бо тамоми қувват Худоро зориву илтиҷо кунанд ва аз роҳи бад гарданду аз зулму ситами худ тавба намоянд. 9 Шояд ки, Худо аз фикраш гардаду алангаи хашму ғазабаш паст шавад ва моро нест накунад».
10 Вақте Худо дид, ки онҳо чӣ кор карданд ва чӣ тавр аз роҳи бад дур шуданд,+ аз фикраш гашт ва фалокатеро, ки ба сарашон оварданӣ буд, наовард.+