Пандгӯ
9 Ҳамаи инро дар хотир гирифтам ва хулоса кардам, ки росткорону хирадмандон ва корҳои онҳо дар дасти Худост.+ Одамон аз меҳру бадбиние, ки то замони онҳо буд, хабардор нестанд. 2 Оқибати ҳама як аст:+ ҳам оқибати росткор ва ҳам бадкор,+ оқибати некукору покрафтор ва оқибати нопокрафтор, оқибати касе, ки қурбонӣ меорад, ва касе, ки намеорад. Ҳам росткор ва ҳам гунаҳкор, ҳам касе, ки қасам мехӯрад, ва ҳам касе, ки дар ин кор эҳтиёт мешавад, як оқибат дорад. 3 Зери осмон чунин чизи ғамангез рӯй медиҳад: азбаски оқибати ҳама як аст,+ дили одамизод пур аз бадист. Тамоми умр дилашон девона аст ва онҳо оқибат мемиранд.
4 Ҳар кӣ дар миёни зиндаҳост, барои вай ҳанӯз умеде ҳаст ва саги зинда аз шери мурда беҳтар аст.+ 5 Зиндаҳо медонанд, ки бояд бимиранд,+ вале мурдаҳо ҳеҷ чизро намедонанд.+ Барои онҳо дигар мукофоте нест, чунки ёдашон пурра фаромӯш шудааст.+ 6 Ҳамчунин меҳри онҳо, бадбинӣ ва рашки онҳо аз байн рафтааст ва онҳо дигар дар ҳеҷ кори зери осмон насибае надоранд.+
7 Бирав бо шодӣ хӯрок бихӯр ва бо дилхушӣ шароб бинӯш,+ зеро Худо аз корҳои ту розист.+ 8 Бигзор бар танат ҳамеша либоси шодмонӣ* ва бар сарат доимо равған бошад.+ 9 Бо зани худ, ки дӯстдоштаи туст, тамоми умри ҳеҷу пучат зери осмон хурсандӣ кун,+ тамоми умре, ки Худо ба ту ато кардааст. Ин мукофоти туст дар ҳаётат барои заҳматҳое, ки зери осмон мекашӣ.+ 10 Ҳар коре, ки аз дастат биёяд, аз таҳти дил бикун, зеро дар гӯр*, ки ба он ҷо меравӣ, на меҳнат ҳаст, на андеша, на дониш ва на хирад.+
11 Боз дар зери осмон дидам, ки дар мусобиқа тездавон ҳамеша ғолиб намеоянд, дар талош паҳлавонон ҳамеша дастболо намешаванд,+ хирадмандон на ҳама вақт соҳиби нон мегарданд, боигарӣ на ҳама вақт ба боақлон мерасад+ ва доноён доим комёбӣ ба даст намеоранд,+ чунки замони баду воқеаҳои ногаҳонӣ* бар сари ҳамаи онҳо меоянд. 12 Одамизод намедонад, ки вақташ кай меояд.+ Чуноне ки моҳиён ба тӯри ҳалокат ва парандаҳо ба дом меафтанд, одамизод низ ба фалокат ногаҳон гирифтор мешавад.
13 Ман дар бораи хирад боз як чизро дар зери осмон дидам ва он маро ба ҳайрат овард: 14 шаҳри хурде буд, ки мардуми кам дошт. Рӯзе подшоҳи бузурге лашкар кашида, онро иҳота кард ва барои муҳосира гирдаш истеҳкомҳо сохт. 15 Дар он шаҳр марди камбағалу хирадманде ёфт шуд, ки бо хирадаш шаҳрро наҷот дод, вале баъд он марди камбағалро касе ба ёд наовард.+ 16 Инро дида ба худ гуфтам: «Хирад беҳ аз тавоноист,+ вале хиради камбағалро ҳеҷ кас писанд намекунад ва ба суханонаш касе гӯш намедиҳад».+
17 Шунидани суханони оромонаи хирадмандон беҳ аз доду фарёди ҳокиме дар миёни аблаҳон.
18 Хирад беҳ аз силоҳи ҷангист, аммо як гунаҳкор метавонад хубии бисёрро барбод диҳад.+