Корнома
2 Дар рӯзе, ки Иди Ҳафтаҳоро+ ҷашн мегирифтанд, ҳамаи шогирдон дар як ҷой ҷамъ омаданд. 2 Ногаҳон аз осмон садое ба мисли вазидани шамоли сахте шунида шуд ва хонаеро, ки онҳо дар он нишаста буданд, пур кард.+ 3 Ҳамон дам шогирдон чизеро ба монанди забонаҳои оташ диданд, ки аз ҳам ҷудо шуда, бар ҳар яки онҳо қарор гирифт. 4 Он гоҳ ҳамаи шогирдон аз рӯҳи муқаддас пур шуданд+ ва бо забонҳои гуногун гап заданд, зеро рӯҳ ба онҳо қобилият бахшида буд.+
5 Он вақт яҳудиёни худотарс аз мамлакатҳои гуногун ба Ерусалим омада буданд.+ 6 Вақте ин садо шунида шуд, мардуми бисёре ҷамъ омаданд ва аз шунидани он ки шогирдон ба забони ҳар яки онҳо гап мезананд, дар ҳайрат монданд. 7 Онҳо беҳад ҳайрон шуда гуфтанд: «Магар ҳамаи ин одамон ҷалилӣ нестанд?+ 8 Пас, чӣ тавр онҳо ба забони модарии ҳар яки мо гап мезананд? 9 Ҳамаи мо — портҳо, модҳо,+ эломиҳо,+ мардуми Байнаннаҳрайн, Яҳудия, Каппадукия, Понтус ва вилояти Осиё,+ 10 Фриҷия, Памфилия, Миср, ноҳияҳои Либия дар назди Қурин ва онҳое, ки аз Рум омадаанд, ҳам яҳудиён ва ҳам касоне, ки дини яҳудиро қабул карда буданд,+ 11 критиён ва арабҳо — суханони онҳоро дар бораи корҳои бузурги Худо ба забони модарии худ мешунавем». 12 Ҳама аз ин дар ҳайрат монда ба якдигар мегуфтанд: «Ин чӣ маъно дорад?» 13 Дигарон бошанд, масхаракунон мегуфтанд: «Инҳо май нӯшида маст шудаанд».
14 Аммо Петрус бо 11 расули+ дигар аз ҷой хеста, бо овози баланд гуфт: «Эй мардони Яҳудо ва сокинони Ерусалим, ба суханонам бодиққат гӯш диҳед. 15 Ин одамон, чи хеле ки шумо фикр мекунед, маст нестанд, зеро ҳоло соат нуҳи саҳар* аст. 16 Он чӣ мебинед, ҳамон чизест, ки ба воситаи пайғамбар Юил пешгӯйӣ шудааст: 17 “Дар рӯзҳои охир,— мегӯяд Худованд,— ман бар ҳар гуна одамон аз рӯҳи худ мерезам, он гоҳ писарону духтарони шумо пешгӯйӣ мекунанд, ҷавонони шумо рӯъёҳо ва пиронсолонатон хобҳо мебинанд.+ 18 Дар он рӯзҳо ман аз рӯҳам ҳатто ба ғуломону канизонам мерезам ва онҳо пешгӯйӣ мекунанд.+ 19 Ман дар осмон муъҷизаҳо ва дар замин аломатҳо — хун, оташ ва дуди ғафсро, ба амал меорам. 20 Пеш аз он ки рӯзи бузург ва пуршукӯҳи Яҳува биёяд, офтоб ба торикӣ ва моҳ ба хун табдил меёбад. 21 Он вақт ҳар кӣ номи Яҳуваро бихонад, наҷот меёбад”.+
22 Эй мардони Исроил, ба ин суханон гӯш диҳед: Худо ба воситаи Исои носирӣ дар байни шумо корҳои бузург ва аломату муъҷизаҳо ба амал оварда, кушоду равшан нишон дод, ки Исо фиристодаи ӯст,+ чуноне ки худи шумо низ инро медонед. 23 Исо бо хосту пешогоҳии Худо ба дасти душманон супурда шуд.+ Ҳамин мардро шумо бо дасти бадкорон ба сутун мехкӯб карда, куштед.+ 24 Вале Худо ӯро аз марг халос намуда, зинда кард,+ зеро ғайриимкон буд, ки марг ӯро дар асирӣ нигоҳ дорад.+ 25 Пайғамбар Довуд дар бораи ӯ мегӯяд: “Яҳува доимо пеши назарам аст, зеро ӯ аз дасти ростам меистад, то ки ман ҳеҷ гоҳ фурӯ нағалтам. 26 Аз ин дилам хурсанд шуду забонам бо шодии зиёд сухан гуфт. Ман бо умед зиндагӣ хоҳам кард, 27 зеро ту ҷони маро дар гӯр* нахоҳӣ монд ва нахоҳӣ гузошт, ки ҷисми бандаи бовафоят бипӯсад.+ 28 Роҳҳои ҳаётро ба ман маълум сохтӣ. Дар рӯйи ту ризоро дидан дили маро аз хурсандӣ пур мекунад”.+
29 Эй бародарон, иҷозат диҳед, ки ҷуръат намуда, ба шумо дар бораи бобоямон Довуд гап занам. Чи тавре ки медонед, ӯ вафот карда, гӯронда шудааст+ ва қабри ӯ то имрӯз дар ин ҷост. 30 Довуд пайғамбар буд ва медонист, ки Худо ба вай қасам хӯрдааст, ки як нафарро аз насли ӯ бар тахташ мешинонад.+ 31 Барои ҳамин ӯ зинда шудани Масеҳро* пешбинӣ карда гуфт, ки вай дар гӯр намемонад ва ҷисмаш намепӯсад.+ 32 Худо ҳамин Исоро зинда кард ва ҳамаи мо шоҳиди ин ҳастем.+ 33 Исо сарафроз гашта, аз тарафи рости Худо нишаст+ ва мувофиқи ваъдаи Падар рӯҳи муқаддас гирифт.+ Аз ин рӯ ӯ рӯҳи муқаддасро бар мо фурӯ рехт, чуноне ки мебинеду мешунавед. 34 Гарчанд Довуд ба осмон набаромада буд, ӯ мегӯяд: “Яҳува ба Ҳазрати ман гуфт: “Аз дасти рости ман бинишин, 35 то даме ки душманонатро зери поят андозам”.+ 36 Барои ҳамин бигзор тамоми хонадони Исроил бидонад, ки Худо ҳамин Исоро, ки шумо дар сутун ба қатл расондед,+ Сарвар ва Масеҳ гардонд».+
37 Вақте ки онҳо ин суханонро шуниданд, дилреш шуданд ва ба Петрусу дигар расулон гуфтанд: «Эй бародарон, мо бояд чӣ кор кунем?» 38 Петрус ба онҳо гуфт: «Тавба кунед+ ва ҳар яке барои бахшиши гуноҳҳои худ+ ба номи Исои Масеҳ таъмид гиред*.+ Он гоҳ атои рӯҳи муқаддасро мегиред, 39 зеро ин ваъда+ ба шумову фарзандони шумо ва ба ҳамаи онҳое дода шудааст, ки дар сарзаминҳои дуранд, яъне ба ҳар касе, ки Худоямон Яҳува ӯро сӯйи худ даъват мекунад».+ 40 Петрус боз бо бисёр суханон як ба як шаҳодат медод ва насиҳат карда мегуфт: «Худро аз ин насли каҷрав раҳо кунед».+ 41 Баъд аз ин касоне, ки суханони ӯро аз сидқи дил қабул карданд, таъмид гирифтанд+ ва он рӯз тақрибан 3000 нафар ба онҳо ҳамроҳ шуд.+ 42 Онҳо бо кӯшишу ғайрати зиёд аз расулон таълим мегирифтанд, ҳама чизро бо ҳам медиданд, якҷоя хӯрок мехӯрданд+ ва дуо мегуфтанд.+
43 Тамоми мардумро бошад, тарсу ҳарос фаро гирифт, зеро ба воситаи расулон муъҷизаву аломатҳои бисёре ба амал оварда мешуд.+ 44 Ҳамаи онҳое, ки имон оварданд, якҷоя буданд ва ҳама чизашонро бо ҳам медиданд 45 ва молу мулки худро фурӯхта,+ пули онро ба ҳама мувофиқи эҳтиёҷоташ тақсим мекарданд.+ 46 Онҳо ҳар рӯз дар ибодатгоҳ якҷоя ҷамъ мешуданд, ба хонаҳои якдигар рафта, хӯрок мехӯрданд, хӯрду хӯрокашонро бо хурсандии зиёд ва аз таҳти дил байни ҳам тақсим мекарданд, 47 Худоро васфу ситоиш мекарданду эҳтироми мардумро ба даст меоварданд. Яҳува бошад, рӯз аз рӯз дари наҷотро ба рӯйи одамони бештар боз мекард.+