1 Юҳанно
4 Эй азизон, ба ҳар сухани илҳомбахшида* бовар накунед,+ балки онҳоро бисанҷед, ки аз Худоянд ё не,+ зеро дар ҷаҳон пайғамбарони бардурӯғи зиёде пайдо шудаанд.+
2 Суханони илҳомбахшидаи Худоро ин хел фаҳмидан мумкин аст: ҳар сухани илҳомбахшидае, ки дар ҷисм омадани Исои Масеҳро эътироф кунад, аз Худост,+ 3 лекин ҳар сухани илҳомбахшидае, ки Исоро эътироф накунад, аз Худо нест.+ Он сухани илҳомбахшидаи зиддимасеҳ аст ва шумо шунида будед, ки он бояд ба миён ояд,+ ва он аллакай дар ҷаҳон аст.+
4 Эй фарзандони азизам, шумо аз Худо ҳастед ва бар пайғамбарони бардурӯғ ғолиб омадаед,+ зеро Он кӣ бо шумо якдил аст,+ аз он кӣ бо ҷаҳон якдил аст, бузургтар аст.+ 5 Онҳо аз ҷаҳонанд,+ барои ҳамин чизҳоеро мегӯянд, ки аз ҷаҳон аст, ва ҷаҳон онҳоро гӯш мекунад.+ 6 Мо аз Худо ҳастем. Касе, ки Худоро мешиносад, моро гӯш мекунад,+ лекин касе, ки аз Худо нест, моро гӯш намекунад.+ Ҳамин тавр мо мефаҳмем, ки кадом сухани илҳомбахшида рост асту кадомаш дурӯғ.+
7 Эй азизон, биёед якдигарро дӯст дорем,+ зеро муҳаббат аз Худост ва ҳар кӣ дӯст медорад, фарзанди Худосту Худоро мешиносад.+ 8 Ҳар кӣ дӯст намедорад, Худоро нашинохтааст, зеро Худо муҳаббат аст.+ 9 Муҳаббати Худо ба мо дар он маълум шуд, ки Худо Писари ягоназодашро*+ ба ҷаҳон фиристод, то ки мо ба воситаи ӯ ҳаётро ба даст орем.+ 10 Муҳаббат на дар он аст, ки мо Худоро дӯст доштем, балки ӯ моро дӯст дошт ва Писарашро барои гуноҳҳои мо+ чун қурбонии оштӣ*+ фиристод.
11 Эй азизон, модоме ки Худо моро ин қадар дӯст медорад, мо ҳам бояд якдигарро дӯст дорем.+ 12 Худоро ҳаргиз касе надидааст.+ Агар мо якдигарро дӯст дорем, Худо бо мо мемонад ва муҳаббати ӯ дар мо комил мешавад.+ 13 Азбаски ӯ ба мо рӯҳашро додааст, мо медонем, ки мо бо ӯ якдилему ӯ бо мо. 14 Беш аз ин, худи мо дида будем ва шаҳодат медиҳем, ки Падар Писарашро чун Наҷотбахши ҷаҳон фиристод.+ 15 Ҳар кӣ Писари Худо* будани Исоро эътироф кунад,+ миёни ӯву Худо ягонагӣ мемонад.+ 16 Мо бошем, фаҳмидем ва бовар дорем, ки Худо моро дӯст медорад.+
Худо муҳаббат аст+ ва ҳар кӣ дӯст медорад, миёни ӯву Худо ягонагӣ мемонад.+ 17 Ҳамин тавр муҳаббат дар мо комил мегардад, то дар рӯзи доварӣ озодона сухан гуфта тавонем*,+ зеро мо дар ин ҷаҳон мисли Исои Масеҳ ҳастем. 18 Дар муҳаббат тарсе нест.+ Муҳаббати комил тарсро аз дил дур мекунад, зеро тарс касро бозмедорад*. Дар ҳақиқат, касе, ки тарс дорад, дар муҳаббат комил нагардидааст.+ 19 Мо барои он дӯст медорем, ки аввал ӯ моро дӯст доштааст.+
20 Касе «ман Худоро дӯст медорам» гӯяду бародари худро бад бинад, дурӯғгӯй аст,+ зеро, агар кас бародари худро, ки мебинад, дӯст надорад,+ чӣ тавр метавонад Худоро, ки надидааст, дӯст дорад?+ 21 Ин аст амре, ки мо аз ӯ гирифтаем: касе, ки Худоро дӯст медорад, бародари худро низ бояд дӯст дорад.+