5 Мӯсо
1 Ин аст суханоне, ки Мӯсо ба тамоми исроилиён дар минтақаи Урдун, дар биёбон, дар даштҳои рӯ ба рӯйи Суф, дар байни Форон, Тӯфал, Лобон, Ҳасирӯт ва Дӣ-Заҳаб гуфт. 2 Аз Ҳӯриб то Қодеш-Барнеа,+ бо роҳе, ки сӯйи кӯҳистони Сеир мебарад, 11 рӯз рафтан даркор буд. 3 Дар соли 40-ум,+ дар рӯзи якуми моҳи 11-ум, Мӯсо ба исроилиён ҳар он чиро, ки Яҳува ба ӯ фармуда буд, гуфт. 4 Ин воқеа баъди мағлуб кардани подшоҳи амӯриён, Сиҳӯн,+ ки дар Ҳешбӯн зиндагӣ мекард, ва подшоҳи Бошон, Ӯҷ,+ ки дар Ашторӯт, дар Эдрей,+ зиндагӣ мекард, рӯй дод. 5 Дар минтақаи Урдун, дар замини Мӯоб, Мӯсо маънидод кардани Шариатро+ сар карда гуфт:
6 «Худоямон Яҳува ба мо дар Ҳӯриб гуфт: “Шумо дар ин кӯҳистон дурудароз истодед.+ 7 Бархеста, ба тарафи кӯҳистони амӯриён+ ва тамоми ҳамсоягонашон, ки дар Аробо,+ кӯҳистон, Шефило, Негеб ва соҳил+ зиндагӣ мекунанд, биравед. Ба замини канъониён ва то ба Лубнону*+ дарёи бузург — Фурот,+ биравед. 8 Инак, ман ин заминро ба шумо додаам. Биравед ва заминеро соҳиб шавед, ки Яҳува ба падаронатон Иброҳим, Исҳоқ+ ва Яъқуб+ қасам хӯрда буд, ки ба онҳо ва наслашон медиҳад”.+
9 Ман он вақт ба шумо гуфтам: “Ман наметавонам тани танҳо бори шуморо бардорам.+ 10 Худоятон Яҳува шуморо сершумор гардондааст ва имрӯз шумо мисли ситорагони осмон бешуморед.+ 11 Бигзор Яҳува, Худои бобоёнатон, шуморо аз будатон ҳазор чандон зиёд гардонад+ ва бигзор шуморо, чуноне ки ваъда додааст, баракат диҳад.+ 12 Чӣ тавр ман метавонам ба танҳоӣ бори гарони шумо ва ҷанҷолҳоятонро бардорам?+ 13 Аз байни қабилаҳоятон мардони хирадманд, боандеша ва кордонро интихоб кунед ва ман онҳоро бар шумо сардор таъйин мекунам”.+ 14 Шумо ба ман ҷавоб додед: “Гапат маъқул”. 15 Он гоҳ ман сардорони қабилаҳои шуморо, ки мардони хирадманд ва кордон буданд, гирифта, онҳоро бар шумо мириҳазор, мирисад, мирипанҷоҳ, миридаҳ ва нозирони қабилаҳо таъйин кардам.+
16 Он вақт ман ба доварони шумо фармудам: “Ҳангоме ки шикояти бародаронатонро дар байни шахсу бародараш ё ғарибе+ гӯш мекунед, аз рӯйи инсоф доварӣ намоед.+ 17 Дар доварӣ рӯйбинӣ накунед.+ Хурдро дар баробари калон гӯш кунед.+ Аз одамон натарсед,+ зеро доварӣ аз они Худо аст.+ Арзу додеро, ки бароятон душворӣ кунад, пеши ман оред ва ман онро гӯш хоҳам кард”.+ 18 Дар он вақт ман дар бораи ҳар он чизе, ки бояд мекардед, амр фармудам.
19 Баъд мо аз Ҳӯриб кӯч бастем ва аз байни биёбони калону воҳимаангез,+ ки шумо дидед, роҳе, ки сӯйи кӯҳистони амӯриён+ мебарад, гузаштем, чуноне ки Худоямон Яҳува ба мо фармуда буд ва ба Қодеш-Барнеа+ расидем. 20 Он гоҳ ман ба шумо гуфтам: “Шумо ба кӯҳистони амӯриён, ки Худоямон Яҳува ба мо медиҳад, расидед. 21 Инак, Худоят Яҳува ин заминро ба ту додааст. Бирав ва онро соҳиб шав, ҳамон тавре ки Худои бобоёнат, Яҳува, ба ту гуфтааст.+ Натарс ва ҳаросон нашав”.
22 Аммо ҳамаи шумо пеши ман омада, гуфтед: “Биёед пешопеши худ одамонро бифиристем, то онҳо заминро аз назар гузаронанд ва моро аз роҳе, ки бояд бо он биравем ва аз шаҳрҳое, ки ба онҳо медароем, хабардор кунанд”.+ 23 Ин пешниҳод ба назари ман писанд афтод ва ман аз миёни шумо 12 касро, аз ҳар қабила якнафарӣ интихоб кардам.+ 24 Онҳо ба сӯйи кӯҳистон+ рӯ оварда, ба водии Эшкӯл расиданд ва онро ҷосусӣ карданд. 25 Онҳо аз меваҳои он замин гирифта, назди мо баргаштанд ва ба мо хабар доданд: “Замине, ки Худоямон Яҳува ба мо медиҳад, хуб аст”.+ 26 Вале шумо рафтан нахостед ва аз амри Худоятон Яҳува сар печидед.+ 27 Шумо дар хаймаҳои худ шикоят карда, мегуфтед: “Яҳува аз мо нафрат дорад, барои ҳамин моро аз замини Миср баровард, то ба дасти амӯриён супорида, моро нест кунад. 28 Ин чӣ ҷоест, ки мо ба он равонаем? Охир, бародарони мо дар диламон тарс андохта,+ гуфтанд: “Онҳо халқи аз мо бузургтар ва одамонаш қадбаландтаранд. Шаҳрҳои онҳо бузург ва ҳисорҳояш сар ба фалак кашидааст+ ва мо дар он ҷо писарони Аноқро+ дидем”.
29 Он гоҳ ман ба шумо гуфтам: “Аз онҳо натарсед ва ҳаросон нашавед.+ 30 Худоятон Яҳува пешопеши шумо меравад ва барои шумо ҷанг мекунад,+ чуноне ки дар Миср дар пеши назари шумо карда буд.+ 31 Шумо дар биёбон дидед, ки чӣ тавр Худоятон Яҳува шуморо мисли шахсе, ки писарашро мебардорад, дар тамоми роҳатон бардошта бурд, то даме ки ба ин ҷо омадед”. 32 Аммо бо ҳамаи ин шумо ба Худоятон Яҳува имон наовардед.+ 33 Ӯ пешопеши шумо мерафт, то бароятон макони хаймазанӣ пайдо кунад. Ӯ шабона дар оташ ва рӯзона дар абр пайдо мешуд, то шуморо роҳнамоӣ кунад.+
34 Яҳува ҳамаи суханонеро, ки шумо гуфтед, шунид ва ба ғазаб омада, қасам ёд кард:+ 35 “Ҳеҷ яке аз ин одамон, аз ин насли бадкор, замини хуберо, ки ба падаронатон қасам хӯрда ваъда додаам, намебинанд,+ 36 ғайр аз Колеби писари Ефунне. Ман ба вай ва писаронаш заминеро, ки дар он роҳ рафта буд, медиҳам, зеро ӯ Яҳуваро бо тамоми дили худ пайравӣ намуд.+ 37 (Аз пушти шумо Яҳува бар ман низ дарғазаб шуда, гуфт: “Ту ҳам ба он ҷо намедароӣ.+ 38 Юшаи писари Нун, ки дастёри туст,+ ба он ҷо дохил мешавад.+ Ӯро қавӣ гардон*,+ зеро ӯ исроилиёнро роҳнамоӣ мекунад, то он заминро мерос гиранд”.) 39 Ғайр аз ин, кӯдакони шумо, ки дар бораашон мегуфтед: “Онҳо ба асирӣ мераванд”,+ ва фарзандони шумо, ки имрӯз неку бадро сарфаҳм намераванд, ба он ҷо дохил мешаванд ва онро соҳиб мегарданд.+ 40 Шумо бошед, ақиб гашта, ба биёбон бо роҳе, ки сӯйи баҳри Сурх мебарад, кӯч бандед”.+
41 Шумо дар ҷавоб гуфтед: “Мо бар зидди Яҳува гуноҳ кардем. Акнун, чи тавре ки Худоямон Яҳува гуфтааст, рафта, меҷангем!” Аз ин рӯ ҳар яки шумо яроқи худро ба миёнатон баста, фикр кардед, ки ба кӯҳ баромадан кори осон аст.+ 42 Аммо Яҳува ба ман гуфт: “Ба онҳо бигӯ: “Набароед ва ҷанг накунед, зеро ман дар миёни шумо нахоҳам буд.+ Агар бароед, душманонатон бар шумо дастболо мешаванд”. 43 Ман ба шумо гуфтам, аммо шумо гӯш надодед. Шумо аз амри Яҳува сар печидед ва худбоварона ба кӯҳ баромаданӣ шудед. 44 Амӯриёне, ки дар он кӯҳ зиндагӣ мекунанд, мисли занбӯрҳо шуморо сур карданд ва шуморо дар Сеир то худи Ҳормо пароканда намуданд. 45 Аз ин рӯ шумо баргашта, дар пеши Яҳува гиря кардед, лекин Яҳува ба шумо гӯш надод ва диққат накард. 46 Барои ҳамин шумо дар Қодеш дурудароз зиндагӣ кардед.