2 Қӯринтиён
6 Мо, ки бо Худо ҳамкорӣ мекунем,+ аз шумо илтимос менамоем, ки лутфу марҳамати Худоро қабул карда, мақсади онро фаромӯш накунед.+ 2 Ӯ гуфтааст: «Дар замони илтифоти худ* туро шунидам ва дар рӯзи наҷот ба ту мадад кардам».+ Ҳоло замони илтифоти махсус аст ва ҳоло рӯзи наҷот аст.
3 Мо дар ҳеҷ бобат дигаронро пешпо намедиҳем, то дар хизматамон айбе ёфт нашавад,+ 4 балки дар ҳар чиз нишон медиҳем, ки ба хизматгори Худо будан муносибем:+ дар истодагарии бисёр, дар азобҳо, дар муҳтоҷиҳо, дар душвориҳо,+ 5 дар зери зарбаҳо, дар зиндонҳо,+ дар шӯришу нооромиҳо, дар меҳнату машаққат, дар бехобиҳо, дар гушнагиҳо,+ 6 дар покӣ, дар дониш, дар сабр,+ дар меҳрубонӣ,+ дар рӯҳи муқаддас, дар муҳаббати бериё,+ 7 дар ростгӯйӣ, дар қувваи Худо,+ бо аслиҳаи росткорӣ+ дар дасти росту чап*, 8 дар сарбаландиву сарпастӣ, дар бадномиву некномӣ. Моро фиребгар меҳисобанд, вале мо ростгӯем, 9 чун ношиносонем, аммо шинохта шудаем, чун мурдагонем*, лекин то ҳол зиндаем,+ чун ҷазоёфтагонем, вале ба марг супурда нашудаем,+ 10 чун ғамзадагонем, вале ҳамеша шод ҳастем, чун камбағалонем, аммо бисёриҳоро сарватманд мекунем, чун нодоронем, вале дорои ҳама чиз ҳастем.+
11 Эй қӯринтиён, даҳони худро боз карда, ба шумо кушоду равшан сухан гуфтем, дари дили худро ба шумо боз кардем. 12 Мо меҳри худро аз шумо дареғ намедорем,+ вале шумо меҳру муҳаббати худро аз мо бозмедоред. 13 Пас, ба шумо чун ба фарзандони худ мегӯям, ки шумо низ дари дили худро ба рӯйи мо боз кунед.+
14 Бо касе, ки ҳамимонамон нест, зери юғи* нобаробар сар хам накунед.+ Охир, росткорӣ бо бадкорӣ чӣ алоқае дорад?+ Ё равшанӣ бо торикӣ чӣ умумияте дорад?+ 15 Миёни Масеҳу Шайтон* чӣ ягонагие ҳаст?+ Ё имондор* бо беимон чӣ шарикие дорад?+ 16 Ҳамчунин байни ибодатгоҳи Худо ва бутҳо чӣ ягонагие ҳаст?+ Мо ибодатгоҳи Худои зиндаем,+ чунон ки худи ӯ гуфтааст: «Дар миёни онҳо сокин мегардам+ ва дар миёни онҳо қадамгузор мешавам, ман Худои онҳо ва онҳо халқи ман мешаванд».+ 17 «“Бинобар ин аз байни онҳо бароед ва аз онҳо ҷудо шавед,— мегӯяд Яҳува,— ва ба чизи нопок дигар нарасед”+ “ва ман шуморо қабул мекунам”.+ 18 “Ман падари шумо+ ва шумо писарону духтарони ман мешавед”,+— мегӯяд Яҳува, Худои Тавоно*».